Сиёсат - Садои Мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Даҳсолаи сулҳ
Аз таҷрибаи таърихӣ ба дипломатияи сулҳ

Сулҳ ва суботи пойдор аз арзишҳои волои умумибашарӣ ба шумор рафта, заминаи асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди устувори давлатҳо ва таъмини зиндагии шоистаи наслҳои имрӯз ва фардо аст. Таърихи инсоният собит менамояд, ки низоъ ва нооромӣ, пеш аз ҳама, ба ҳуқуқи инсон, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва амнияти ҷомеа таъсири манфӣ расонида, оқибатҳои он метавонад ба наслҳои баъдӣ низ асар гузорад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ на танҳо вазифаи сиёсии давлатҳо, балки масъулияти муҳими ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷомеаи байналмилалӣ дар назди насл­ҳои оянда мебошад.

Дар ин замина, иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаб­бусҳои байналмилалии Тоҷикистон аст.

Дар ҷаҳони муосир сулҳ тадриҷан бо мафҳумҳои ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, адолат, рушди устувор, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти байнинаслӣ пайванди ногусастанӣ пайдо кардааст. Биноан, ташаккули фарҳанги сулҳ аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад.

«Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ташаббуси муҳимест, ки таҳкими сулҳро бо зарурати ба назар гирифтани манфиат ва эҳтиёҷоти наслҳои оянда пайваст менамояд. Дар он таъкид шудааст, ки эҷоди заминаи мус­таҳкам барои сулҳу амнияти пойдор, рушди устувор, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва волоияти қонун аз роҳҳои муассири ҳифзи ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда мебошад.

Ин санади байналмилалӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ аҳамияти хос дорад, зеро мафҳуми сулҳро на танҳо ҳамчун пешгирии ҷанг, балки чун маҷмуи шароитҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои зиндагии шоистаи инсон баррасӣ менамояд. Дар маҷмуъ, мақсади асосии Созмони Милали Муттаҳид ҳам ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, пешгирии таҳдидҳо ба сулҳ ва ҳалли осоиштаи баҳсҳои байналмилалӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, масоили марбут ба сулҳ дар меҳвари низоми ҳуқуқии байналмилалии муосир қарор дорад.

Дар баробари ин, ҳифзи сулҳ аз ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷудо нест. Эҳтироми ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, озодӣ, баробарӣ, дахлнопазирӣ, таҳсил, меҳнат ва дигар ҳуқуқҳо барои ташкили ҷомеаи одилона ва устувор аҳамияти бунёдӣ дорад. Ҳадафҳои асосии «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» мусоидат ба сулҳ, таҳкими оштӣ, рушди муколамаи байнинаслӣ, ҷалби кӯдакон, ҷавонон ва шахсони калонсол ба равандҳои марбут ба сулҳ, ба назар гирифтани манфиатҳои наслҳои оянда дар сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳо мебошад.

Басо рамзист, ки қатънома нақши ҷавононро дар таҳкими сулҳ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва рушди устувор эътироф менамояд. Чунин муносибат зарурати фароҳам овардани шароит барои иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, рушди маорифи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандиро тақозо мекунад.

Табиист, ки сулҳ бе волоияти қонун устувор буда наметавонад. Агар ҳуқуқи инсон ҳифз нашавад ва шаҳрвандон ба адолат дастрасӣ надошта бошанд, хавфи низоъҳои иҷтимоӣ меафзояд. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафҳои даҳсола бояд бо таҳкими мустақилияти суд, қонуният, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бо коррупсия, дастрасӣ ба адолати судӣ ва механизми ҳалли ғайрисудии баҳсҳо алоқаманд бошад.

Сулҳ ва ҳуқуқи инсон дар аксар маврид бо ҳам тавъаманд. Агар ҷанг боиси вайрон шудани ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ, моликият, таҳсил ва дигар ҳуқуқҳои асосӣ гардад, вайрон намудани ҳуқуқи инсон низ метавонад аз омилҳои пайдоиши нооромӣ ва низоъ бошад. Барои тавсеа ва тақвияти ин раванд «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» аҳамияти махсус доранд.

Аз ҷониби дигар, ташаббуси мазкур нишон медиҳад, ки таҷрибаи миллии сулҳофарӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба рӯзномаи байналмилалии сулҳ пайванди мустақим пайдо кардааст. Ин равандро метавон мубаддалшавии таҷрибаи таърихӣ ба дипломатияи сулҳ номид. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, мақсади асосии ташаббус танҳо пешгирии ҷангҳои имрӯзӣ набуда, балки ташаккули фарҳанги сулҳ ва эътимод барои наслҳои оянда мебошад.

Яъне, даҳсолаи мазкур бояд аз доираи як иқдоми сулҳофарона ба марҳилаи таҳкиму тавсеаи фарҳанги сулҳ табдил ёбад. Дар ин раванд ҳуқуқшиносон, олимон, судяҳо, омӯзгорон, мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва, махсусан, ҷавонон бояд саҳми бориз дошта бошанд.

Ҳифзи сулҳ вазифаи танҳо имрӯз нест. Он масъулияти ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва таърихии насли имрӯза дар назди наслҳои оянда мебошад. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз барои адолат, эҳтироми қонун, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ заминаи устувор гузорад, наслҳои оянда метавонанд зиндагии пурсаодат дошта бошанд.

Сайвалӣ НУРЗОДА,

судяи суди шаҳри Душанбе

МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
АЗ ҚАСРИ АРБОБ ТО МИНБАРИ БАШАР

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат аз арзишмандтарин дастовардҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро он ба халқ имкон медиҳад, ки сарнавишти худро мустақилона муайян намуда, роҳи рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии худро интихоб кунад. Барои миллати тоҷик истиқлолият танҳо як воқеаи сиёсӣ набуд, балки оғози марҳилаи нави эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва бозгашт ба саҳнаи таърих ҳамчун соҳиби давлати соҳиб­ихтиёр гардид.

Дар таърихи навини Тоҷикистон санаи 9 сентябри соли 1991 бо ҳарф­ҳои заррин сабт шудааст, зеро маҳз дар ҳамин рӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, ба яке аз субъектҳои мустақили ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз ормони ҳазорсолаи ниёгон буд, ки дар тӯли асрҳо барои ҳифзи забон, фарҳанг, тамаддун ва давлатдории худ мубориза бурда буданд. Бо ба даст овардани истиқлолият миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият пайдо кард, ки арзишҳои миллии худро эҳё намояд, сиёсати дохилӣ ва хориҷии мустақилро роҳандозӣ кунад ва барои таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон заминаҳои воқеӣ фароҳам оварад.

Бо вуҷуди аҳамияти бузурги истиқлолият, солҳои нахустини соҳиб­истиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят вазнин ва пурпечутоб буданд. Фурӯпошии низоми иқтисодии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, қатъ гардидани робитаҳои истеҳсолӣ, коҳиши истеҳсолот, афзоиши бекорӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ ба иқтисодиёти кишвар зарбаи ҷиддӣ расониданд. Дар ҳамин шароити ҳассос нооромиҳои сиёсӣ ба миён омада, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Ин низои фоҷиабор, ки солҳои 1992–1997 идома кард, боиси талафоти зиёди ҷонӣ, муҳоҷирати садҳо ҳазор шаҳрванд, хароб гардидани инфрасохтор ва суст шудани тамоми бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ гардид. Он солҳо барои миллати тоҷик давраи имтиҳони воқеии таърих буданд, аммо дар ҳамин давраи душвор эҳсоси ватандӯстӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва иродаи мардум барои ҳифзи давлатдории навин қавитар гардид. Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб баргузор гардид, бо Раиси Шурои Олӣ – Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии барқарор намудани сохти конститутсионӣ гузошта шуданд. Аз ин рӯ, имрӯз бисёре аз муҳаққиқон ин иҷлосия­ро оғози марҳилаи нави давлатсозии Тоҷикистон меноманд, зеро маҳз дар ин анҷумани тақдирсоз муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб гардиданд ва ин абармард самтҳои асосии барқарорсозии давлатро муайян намуда, тадбирҳои нахустинро барои таъмини сулҳу субот рӯйи даст гирифтанд ва эълом дош­танд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам».

Ҳамин тариқ, музокироти сулҳ оғоз гардид ва баъди чандин даври гуфтушунид 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Ин санади таърихӣ на танҳо ба низои мусаллаҳона хотима бахшид, балки барои ташаккули ҷомеаи демократӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди минбаъдаи давлат заминаи устувор гузошт. Аз ҳамон рӯз сар карда, Тоҷикистон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳи созандагӣ, ободонӣ ва рушди устувор ворид шуд. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун яке аз намунаҳои муваффақи ҳалли низоъҳои дохилӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Пас аз барқарор гардидани сулҳу субот марҳилаи нави рушди Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар навбати аввал таваҷҷуҳи давлат ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, эҳёи иқтисоди миллӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум равона гардид. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили қонунгузорӣ, таъсиси низоми нави идоракунии давлатӣ ва ташкили институтҳои иқтисоди бозорӣ барои рушди минбаъдаи мамлакат замина гузоштанд. Ҳамзамон, сиёсати «дарҳои кушод» дар муносибатҳои байналмилалӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамкориҳои густурда ба роҳ монад. Дар ҳамин давра кишвар ба узвияти Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар созмонҳои бонуфуз пазируфта шуд ва дар таҳкими фаъолияти онҳо фаъолона саҳм гузошта, мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ тадриҷан мустаҳкам намуд.

Аз ибтидои солҳои 2000 Тоҷикистон тадриҷан аз марҳилаи барқарорсозӣ ба марҳилаи рушди босуръат гузашт. Яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати давлатӣ рушди инфрасохтори ­нақлиётӣ гардид. Кишваре, ки беш аз навад фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, солҳои зиёд бо мушкилоти роҳу нақлиёт рӯ ба рӯ буд. Бо истифода аз маблағгузории давлатӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ даҳҳо нақб, садҳо километр роҳҳои байналмилалӣ ва пулҳои замонавӣ сохта шуданд. Нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон» ва «Чормағзак» имконият доданд, ки робитаи тамоми минтақаҳои кишвар дар ҳамаи фаслҳои сол таъмин гардад. Ҳамзамон, сохтмони пулҳо дар сарҳади Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсоя имкониятҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратиро фароҳам овард ва Тоҷикистонро ба яке аз ҳалқаҳои муҳими шабакаҳои нақлиётии минтақа табдил дод.

Бо рушди инфрасохтор масъалаи таъмини амнияти энергетикӣ низ ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат табдил ёфт. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад, истифодаи самараноки ин иқтидорро ҳамчун яке аз заминаҳои рушди устувори иқтисодӣ муайян намуд. Дар ин самт татбиқи даҳҳо лоиҳаи энергетикӣ оғоз гардида, неругоҳҳои амалкунанда таҷдиду навсозӣ шуданд ва сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба яке аз бузургтарин тарҳҳои миллӣ мубаддал гардид. Ба истифода дода шудани агрегатҳои аввали ин неругоҳ нишон дод, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ҳаракат дорад. Имрӯз энергетика на танҳо яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди миллӣ, балки омили муҳими таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар минтақа ба ҳисоб меравад.

Дар баробари рушди энергетика сиёсати иқтисодии мамлакат ба диверсификатсияи истеҳсолот, дастгирии соҳибкории хусусӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ равона гардид. Дар давоми солҳои истиқлолият садҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис ёфта, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шуданд ва барои рушди соҳибкории хурду миёна заминаҳои мусоид фароҳам омаданд. Агар солҳои аввали истиқлолият иқтисоди кишвар асосан ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ такя мекард, имрӯз сохтори иқтисод тадриҷан гуногунсамт гардида, ҳиссаи саноат, хизматрасонӣ ва технологияҳои нав рӯ ба афзоиш овардааст. Эълон гардидани ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар марҳилаи нави рушди иқтисодиро оғоз намуд. Дар бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмон, хӯрок­ворӣ, нассоҷӣ, дорусозӣ ва коркарди маъдан ба фаъолият оғоз карданд, ки ин раванд ба таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор мусоидат намуд.

Кишоварзӣ низ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар маркази таваҷҷуҳи давлат боқӣ монд. Ислоҳоти замин, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, беҳтар намудани шабакаҳои обёрӣ ва ворид намудани технологияҳои муосир имконият доданд, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадриҷан афзоиш ёбад. Таъмини амнияти озуқаворӣ ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар табдил ёфт ва дар ин самт барномаҳои давлатӣ қабул гардиданд. Имрӯз Тоҷикистон дар истеҳсоли бисёр навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардида, ҳамзамон, рушди боғдорӣ, токпарварӣ ва гармхонаҳоро густариш медиҳад.

Рушди иқтисодӣ бе рушди сармояи инсонӣ имконнопазир аст. Аз ин рӯ, дар тамоми давраи истиқлолият ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Агар дар солҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ бисёр муассисаҳои таълимӣ ба таъмиру навсозӣ эҳтиёҷ дош­танд, имрӯз дар саросари мамлакат ҳазор­ҳо муассисаи нави таълимӣ сохта ва таҷдид шудааст. Таъмини мактабҳо бо таҷҳизоти муосир, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим ва афзоиши шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ нишон медиҳад, ки давлат рушди илм ва маорифро ҳамчун омили асосии пешрафти ҷомеа арзёбӣ менамояд.

Ҳазорон нафар ҷавонони тоҷик тавассути барномаҳои давлатӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ таҳсил намуда, имрӯз дар рушди иқтисод, илм ва идоракунии давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин раванд илми ватанӣ низ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмӣ тадқиқотҳои худро дар самтҳои гуногун густариш дода, масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, истифодаи захираҳои табиӣ, энергетика, кишоварзӣ, технологияҳои нав, омӯзиши пиряхҳо ва тағйир­ёбии иқлимро мавриди таҳқиқ қарор доданд. Хусусан дар солҳои охир, бо ташаббуси Тоҷикистон масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши криосфера ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфта, олимони тоҷик дар татбиқи барномаҳои илмии байналмилалӣ фаъолона иштирок доранд.

Дар баробари рушди маориф ва илм, соҳаи тандурустӣ низ тағйироти куллиро аз сар гузаронд. Дар давоми солҳои истиқлолият садҳо муассисаи тиббӣ ва ташхисию табобатӣ бунёду таҷдид гардиданд.

Дар баробари пешрафтҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ солҳои истиқлолият барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пояҳои маънавии ҷомеа низ аҳамияти сарнавиштсоз доштанд. Миллати тоҷик, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби тамаддуни ғанӣ ва фарҳанги воло буда, дар рушди илму адаби ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштааст, маҳз дар даврони истиқлолият имконияти воқеӣ пайдо намуд, ки ин анъанаро эҳё созад ва густариш диҳад. Ҷашн­ҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи миллат, эҳёи ёдгориҳои таърихӣ, мероси фарҳангӣ, расму оинҳои миллӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим гузоштанд. Наврӯз, ки аз қадимтарин оинҳои мардумони ориёинажод ба ҳисоб меравад, бо талошҳои муштараки Тоҷикис­тон ва чанд кишвари дигар ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардида, имрӯз ҳамчун ҷашни байналмилалӣ дар кишварҳои ҷаҳон таҷлил мешавад. Ин дастовард на танҳо муаррифии фарҳанги тоҷик, балки саҳми Тоҷикистон дар таҳкими гуфтугӯи тамад­дунҳо ва дӯстии халқҳоро боз ҳам густариш дод.

Дар ин давра ба рушди варзиш ва сиёсати давлатии ҷавонон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид. Бунёди майдонҳои варзиш, маҷмааҳои муосир ва марказҳои омодасозии варзишгарон имконият дод, ки ҷавонони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштироки фаъол дошта бошанд. Пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ, қаҳрамониҳои ҷаҳон ва Осиё боиси ифтихори миллӣ гардида, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд. Ҳамзамон, қабули барномаҳои давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон, рушди ҳаракати ихтиёрӣ, баланд бардош­тани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар идоракунии давлатӣ нишон дод, ки давлат ҷавононро ҳамчун неруи асосии пешрафти ҷомеа мешиносад.

Дар давоми солҳои истиқлолият Тоҷикистон тавонист сиёсати хориҷии мутавозин ва созандаро ба роҳ монад. Агар дар оғози солҳои навадум кишвар асосан ба ҳалли масъалаҳои дохилӣ машғул буд, баъд аз барқарор гардидани сулҳу субот тадриҷан ба иштирокчии фаъоли муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Имрӯз Тоҷикис­тон бо аксари давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ дошта, узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Сиёсати «дарҳои кушод» барои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ шароити мусоид фароҳам овард. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ дар татбиқи даҳҳо лоиҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нақши муассир гузоштанд.

Бо гузашти вақт Тоҷикистон аз кишвари қабулкунандаи кумакҳои байналмилалӣ тадриҷан ба давлате табдил ёфт, ки дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ташаббусҳои муҳим пешниҳод мекунад. Махсусан, дар соҳаи захираҳои об кишвар тавонист яке аз пешсафони дипломатияи байналмилалӣ гардад. Пешниҳод ва қабули як қатор ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» ва дигар иқдомҳо нишон доданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои об эътироф менамояд. Ин ташаббусҳо на танҳо барои таҳкими нуфузи байналмилалии мамлакат мусоидат карданд, балки саҳми Тоҷикистонро дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид низ назаррас гардониданд.

Дар солҳои охир яке аз самтҳои меҳварии сиёсати байналмилалии Тоҷикистон ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим нигаронида шудааст. Тоҷикис­тон, ки беш аз ҳама таъсири обшавии босуръати пиряхҳоро эҳсос мекунад, ин масъаларо аз сатҳи миллӣ ба сатҳи ҷаҳонӣ баровард. Обшавии пиряхҳо на танҳо ба захираҳои обии Осиёи Марказӣ, балки ба амнияти озуқаворӣ, энергетика, рушди иқтисодӣ ва зиндагии миллионҳо нафар аҳолии минтақа таъсири мустақим мерасонад. Аз ин рӯ, ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дастгирии васеъ пазируфта шуданд. Қабули қатъномаҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», ҳамчунин, муайян гардидани 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва оғози «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера (2025–2034)» аз муҳимтарин дастовардҳои дипломатияи муосири Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025 собит намуд, ки Тоҷикистон имрӯз ба яке аз марказҳои муҳими муколамаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои иқлим ва захираҳои об табдил ёфтааст.

Ин дастовардҳо натиҷаи табиии роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият мебошанд. Давлате, ки дар ибтидои солҳои навадум барои ҳифзи ҳастии худ мубориза мебурд, имрӯз дар ҳаллу фасли масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ саҳм мегузорад. Ин дигаргунӣ нишон медиҳад, ки истиқлолият барои Тоҷикистон танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ набуда, балки имкони воқеии рушди ҳамаҷониба, таҳкими давлатдорӣ ва болоравии мақоми байналмилалӣ аст.

Дар тӯли сию панҷ соли Истиқлолият Тоҷикистон роҳи пурпечутоб, вале пурифтихореро тай намуд. Агар дар оғози солҳои навадум масъалаи асосӣ ҳифзи давлатдорӣ, барқарор намудани сулҳу субот ва пешгирии парокандашавии кишвар буд, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Ин дигаргунӣ дар як рӯз ё як сол ба даст наомадааст. Он самараи заҳмати шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми Тоҷикистон, сиёсати созандаи давлат, таҳкими ваҳдати миллӣ ва истифодаи дурус­ти имкониятҳои истиқлолият мебошад.

Қабули ташаббуси нав­батии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар доираи Созмони Милали Муттаҳид идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи кишвар мебошад. Ин ташаббус бозгӯи эътирофи нақши Тоҷикистон дар пешбурди ғояҳои сулҳ, муколамаи созанда ва ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон бо эътимоди комил ба оянда менигарад. Бунёди иншооти бузурги стратегӣ, рушди соҳаи саноат, муосиргардонии инфрасохтор, густариши шабакаи нақлиётӣ, болоравии сатҳи маориф ва тандурустӣ, рушди илму фарҳанг ва иштироки фаъолона дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ки мамлакат ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардидааст. Ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод фароҳам овардаанд.

Сию панҷ соли Истиқлолият собит намуд, ки барои миллати тоҷик истиқлолият танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, балки арзиши бузурги миллӣ, рамзи озодӣ, ваҳдат, худшиносӣ ва пешрафт мебошад. Дар ин давра Тоҷикис­тон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист аз озмоишҳои сангини таърих гузарад, давлатдории ­худро таҳким бахшад, иқтисодиёти худро тадриҷан рушд диҳад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор пайдо намояд. Аз ин рӯ, имрӯз номи Тоҷикистон на танҳо бо кӯҳҳои сарбафалаккашида ва захираҳои бузурги обӣ, балки бо ташаббусҳои созандаи байналмилалии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо низ пайванд мехӯрад. Ин ҳама нишонаи он аст, ки Тоҷикистон аз иштирокчии одии равандҳои ҷаҳонӣ ба яке аз ташаббускорони масъалаҳои муҳими байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон на танҳо фурсати арзёбии роҳи тайшуда, балки имконияти муайян намудани вазифаҳои оянда низ мебошад. Истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо мероси гузашта нест, балки масъулияти бузург дар назди имрӯзиён ва ояндагон аст. Ҳар як насли нав бояд ин неъмати бебаҳоро ҳифз намояд, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди ҷомеа ва ободии Ватан саҳми арзандаи худро гузорад.

А.З. САДИРДИНОВ,

ходими илмии шуъбаи гидрометеорология ва тағйирёбии иқлими Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи АМИТ

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!
Чанд андеша оид ба афоризм ва риторикаи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ тоҷику тоҷикистониён ба чӣ мушкил мувоҷеҳ буданд? Кӣ боис гашт, ки бародар бародарро кушад ва кадом шахсият ин равандро боздошту ба тоҷикони пароканда ҷамъият бахшид? Дар кадом вазъият муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд? Дар ҳоле ки аксар сиёсатмадорон ҳатто аз уҳдаи давлатдорӣ намебароянд, кӣ барои мо давлат сохту мо кунун давлатдорем? Кӣ дар фаъолияти худ анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, орзую омоли фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ намуд? Кӣ дар замони низоъ ва ҷанги шаҳрвандӣ роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуда, дар айёми таназзулу буҳрон пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин кард? Кӣ бо мардуми худ дар эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа ва инсоният талошҳои хастагинопазир меварзад? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон дар замони роҳбарии кӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид? Бунёди миллӣ доштани забони модарӣ, расму оини аҷдодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдорӣ ба шарофати кӣ далели раднопазир гардид?

Суолҳои мазкур ва садҳо саволи дигар бояд мунтазам зеҳни моро таҳрик бахшанд, вале чанд рӯз пас - замоне ки дар кишварамон Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҷлил мегардад, қарзи инсонию рисолати виҷдони мост, ки бениҳоят ҷиддӣ дар ин бобат андешем.

Бамаврид аст шарҳ диҳам, ки афоризм сухани муъҷази ҳикматноку пандомез буда, ибрози он хоси ашхоси донишманду дурандеш ва оқилу раъият­парвар аст. Бо назардошти ин омил, афоризм дар суханрониҳои Пешвои миллат бениҳоят зиёд буда, ба маҳбубияти боз ҳам бештари ин абармард афзудаанд. Намунаи барҷастаи ин гуфта ибораи бениҳоят таъсирбахши «Тоҷикистон, ба пеш!» аст, аммо на ҳама, хоса роҳбарони давлатҳо, дар ин ҷода комёбанд. Чун самтҳои дигар, барои мо - тоҷику тоҷикистониён дар сухандонию суханварӣ, маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибратанд. Маҳз, маҳорати олии суханварӣ барои эътирофи ин абармард дар дохил ва хориҷи кишвар таҳрик бахшид.

Қобили зикр аст, ки риторикаи сиёсӣ воситаи асосии идоракунӣ ва нигоҳдории ҳаёти ҷамъиятӣ буда, умумияти иҷтимоиро бо сиёсат ва сиёсатро бо ҷомеа тақвият мебахшад. Маҳз, риторикаи бениҳоят қавию таъсирбахши сиёсии Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хубу сифати баланд амалӣ шудани рисолати меъёрию баҳогузорӣ, тарбиявӣ, мутобиқгардонӣ, сафарбарнамоӣ ва ғайра мусоидат намуд.

Аз оғози давлатдорӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон суханонеро гуфтанд, ки мардуми азияткашида муштоқ буданд, амалеро анҷом доданд, ки муҳим буду саривақтӣ. Мо шоҳид будем, ки қобилияти тавассути нутқ таъсиррасонии Пешвои миллат аз аввал беназир буд ва дар ин замина, тавонистанд мардумро муттаҳид намоянд. Аз ҷумла, дар нахустин савганде, ки ба ҳайси Роҳбари давлат ёд карданд, чунин гуфтанд: «Кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Далели дигар: Тариқи барномаи «Хоки Ватан», ки 29-уми марти соли 1993 аввалин бор пахш шуд, ба гурезагон муроҷиат намуданд ва хеле самимона, бо муҳаббату ихлос гуфтанд: «Ман ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, вале як бурда ноне, ки дорем, бо ҳам мебинем».

Муҳим он аст, ки дар суханрониҳои Пешвои миллат унсури сохта ва сунъӣ ҷой надоранд, онҳо заминаҳои устувори маънавию таърихӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, сиёсию иҷтимоӣ, самимияту ихлос доранд. Имрӯз ҷаҳониён дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тоҷику Тоҷикистонро мешиносанд. Ин абармард муаррифгари воқеии давлат, фарҳангу тамаддуни миллат ва намунаи беҳтарини сиёсатмадорӣ мебошанд.

Барои суханвари хуб будан дониши мукаммал бояд дошт, вагарна суханпардозиҳо бемаънӣ хоҳад буд. Лозим аст, ки на танҳо дар интихоби калимаҳо, балки ба ҷобаҷогузории онҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Илова бар ин, зарофат, озодии иродаи инсонӣ, дақиқият зам гардида, бо риояи назокат дар суханварӣ ифода ёбад. Табиист, ки ташаккул ёфтани маҳорати суханварӣ дар баробари худодод будан аз мутолиаю омӯзиш вобастагӣ дорад. Маҳз, дар ин замина нутқ аз илм фасоҳат мегирад ва калом мавзун мегардад.

Дар муқаддимаи китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нигоштаанд: «Ман ҳар гоҳ дар фурсати муносиб, фориғ аз кори давлатдорӣ ба омӯзиши сарнавишти миллат, зиндагӣ ва осори шахсиятҳои бузурги халқи азизам машғул шуда, китобҳои зиёдеро мутолиа менамоям ва аз сарчашмаҳои гуногун дар бораи таърихи миллатамон маълумот мегирам. Сабақҳои ибратомӯзи таърих, гузаштаи пурифтихор, шахсиятҳои тавонову фарзандони бузурги халқ роҳи гузаштаро пешорӯямон қарор дода, чун ҳаками одил гиреҳи бурду бохти силсилаи давлату давлатдориҳои тоҷиконро бароямон мекушоянд».

Дар маҷмуъ, афоризм ва риторикаи сиёсии Пешвои миллат, ки яке аз ҳазор фазли ин абмармард маҳсуб мешаванд, ҳисси худшиносию ифтихори миллии моро афзун намуда, моҳиятан роҳнамо ба фардои дурахшонтар мебошанд, зеро аз афкору мулоҳиза, завқу салиқа ва ҷасорату садоқат маншаъ гирифтаанд.

Моро мебояд бо сармашқи кор қарор додани дастуру супориш ва ҳидояте, ки аз афоризм ва риторикаи сиёсии Пешвои миллат бармеоянд, дар ободии беш аз пеши Ватан ва муаррифии шоистаи он саҳмгузор бошем. Тавре муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, «Ҳар дастоварде, ки дорем, аз худи мост. Мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем. Мо ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилоту камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем».

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Мақоми бонувон
Он дар фарҳанги мо ҷойгоҳи хос дорад

Дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишвар бонувон нақши созгору созанда доранд. Таъмини ҳуқуқу имкони бонувон меҳвари ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, рушди ҷомеаи муосир бидуни иштироки онҳо ғайриимкон аст. Ин ҳама ғамхорӣ нисбат ба бонувон аз дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст. Имрӯз занони тоҷик дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар мансабҳои роҳбарикунанда ва сохторҳои давлатӣ, фаъолият доранд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 16 декабри соли 2025 таъкид гардид, ки «Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсат­ро дар оянда низ идома медиҳем».

Тадбирҳои судманд баҳри амалисозии ин ҳадафҳо дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвар самараи нек ба бор оварда, эътимоди ҷомеа ба занҳо бештар гардид. Агар дар интихоботи қаблӣ 15 зан вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда бошанд, соли 2025 шумораи онҳо ба 18 нафар расид. Дар даъвати кунунӣ занон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28,6 ва дар Маҷлиси миллӣ 30,3 фоизро ташкил медиҳанд.

Мавриди зикри хос аст, ки баробарии гендерӣ дар сатҳи сиё­сати давлатӣ хуб ба роҳ монда шудааст, вале на ҳама занону духтарон аз ҳуқуқу озодиҳои конс­титутсионии хеш огоҳ ҳастанд. Ҳанӯз ҳам омилҳое ҳастанд, ки дар роҳи расидан ба баробарии гендерӣ монеа эҷод мекунанд. Масалан, то ҳол дар ҷомеа одамоне ҳастанд, ки вазифаи асосии занонро танҳо тарбияи фарзандон ва пешбурди корҳои рӯзгор меҳисобанд. Ин боис гардидааст, ки баъзе духтарон пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз идомаи таҳсил дар макотиби олӣ маҳрум шаванд. Мутаассифона, аксари ин духтарон умре чун ганҷи ниҳон боқӣ монда, на ба корҳои давлатӣ ҷалб мешаванд ва на ба бозори меҳнат ворид мегарданд.

Яке аз воситаҳое, ки дар паҳн кардани ғояву арзишҳои миллӣ хеле васеъ истифода мегардад, иттилоот аст. Он ҳамчун омили стратегии дигаргунсозии иҷтимоӣ, на танҳо сохтори муносибатҳои ҷамъиятиро тағйир дод, балки дар таъмини баробарии гендерӣ низ нақши муҳим бозид. Имрӯз дастрасӣ ба иттилоот барои занон воситаи асосии таъмини худшиносӣ ва иштирок дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ гардидааст. Ба василаи иттилоърасонӣ занон метавонанд муносибати ҷомеаро нисбат ба худ дигар кунанд ва баробарии воқеии гендериро татбиқ намоянд, аммо дар ин самт эҳтиёт бояд кард, зеро на ҳама иттилоъ саҳеҳ ва манфиатовар аст. Масалан, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳое паҳн мешаванд, ки хурофот ва хурофотпарастиро ташвиқу талқин мекунанд. Шаҳрвандони зиёде ҳастанд, ки онҳоро гӯш карда, аз содагию зудбоварӣ фирефта мегарданд.

Ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» амал менамояд, мутаассифона, дар баъзе оилаҳо то ҳол зӯроварӣ ба қайд гирифта мешавад. Баҳри пешгирӣ, ошкор ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ҳар як фарди соҳибмаърифат масъул аст. Ҷойгоҳи зан дар тамаддуни мо ҳамеша боло буд ва тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «Дар фарҳангу тамаддуни мо – тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад». Барои ҳамин давлат ва Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳоро дар ҷомеа аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ эълон намуд. Зарур аст, ки на танҳо занон, балки мардон низ ба ин раванд ҷалб шаванд, то баробарии гендерӣ на ҳамчун «муборизаи занон», балки ҳамчун мафҳуми «рушди ҷомеа» пазируфта шавад.

Омилҳои зерин дар роҳи амалишавии самараноки сиёсати гендерӣ монеа эҷод мекунанд:

- Бархе занон, хоса дар ноҳияҳои дурдаст, аз ҳуқуқҳои худ (ҳуқуқ ба моликият, мерос ё ҳифз аз зӯроварӣ) огоҳии комил надоранд;

- Набудани истиқлоли молиявӣ ва маърифати иқтисодӣ занонро ба мардон (шавҳар, падар ё бародар) вобаста мекунад. Вақте зан манбаи даромади доимӣ надорад, қудрати қабули қарор дар оила ва ҷомеаро аз даст медиҳад;

- Сарбории зиёди рӯзгор занонро аз имкони рушди ҳамаҷониба ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ маҳрум месозад. Инчунин, боиси он мегардад, ки занон вақти кофӣ барои таҳсил, худтакмилдиҳӣ ва иштирок дар ҳаёти сиёсӣ намеёбанд;

- Ҳанӯз ҳам андешаи ғалати ҷудо намудани касбҳо ба «мардона» ва «занона» вуҷуд дорад. Ин боис мегардад, ки занон бештар дар соҳаҳои каммузд кор мекунанд;

- Муҳоҷирати мардон бори вазнини зиндагиро ба дӯши занон мегузорад, ки ин имкони рушди иҷтимоию сиёсии онҳоро маҳдуд мекунад;

- Никоҳҳои барвақтӣ ва ғайрирасмӣ занонро аз ҳуқуқҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи қонунӣ маҳрум карда, роҳи онҳоро ба сӯйи таҳсилу кор мебандад.

Бинобар ин, бонувони моро зарур аст, ки дар асри иттилоот ва пешрафти зеҳнӣ сунъӣ ба иттилооти дуруст ва маърифати баланди ҳуқуқӣ дастрасӣ дошта бошанд, зеро бо маърифати баланди ҳуқуқӣ ва эҳтироми арзишҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд зани соҳибмаърифат на танҳо мақоми хеш, балки мақому мартабаи инсониятро боло мебарад.

Фирӯз ҲАҚНАЗАРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иқдоме, ки аҳамияти махсус дорад
ё шарҳи мухтасари зарурати таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об

Имрӯз масъалаҳои вобаста ба об аз ҷумлаи мушкилоти муҳимтарини ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, ҳалли онҳо ҳамкории густурдаи ҷомеаи байналмилалиро тақозо менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Об яке аз сарватҳои муҳимтарини табиат буда, асоси ҳаёт ва рушди устувори ҷомеаи инсонӣ маҳсуб меёбад. Дар асри XXI таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаи нӯшокӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ба яке аз масъалаҳои калидии рушд табдил ёфтааст. Тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ, рушди саноат ва кишоварзӣ, инчунин, ифлосшавии манбаъҳои об боис гардидаанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳар вақти дигар ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Вобаста ба ин, чанде пеш Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об» ба тасвиб расид, ки ин на танҳо санади нави ҳуқуқӣ, балки як рӯйдоди дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошад. Ин иқдом дар заминаи таҳаввулоти муосири сиёсати ҷаҳонии об, афзоиши таҳдидҳои тағйирёбии иқлим ва зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об маъно ва аҳамияти махсус касб мекунад.

Таъкид бояд кард, ки дар чунин шароит таъсис ёфтани Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об аз муҳимтарин ташаббусҳои байналмилалӣ ба шумор рафта, аҳамияти сиёсӣ, илмӣ, экологӣ ва гуманитарии он сол ба сол бештар мегардад.

Тавре маълум аст, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва ҳифзи он барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мадди аввал қарор дорад. Новобаста аз он ки об тақрибан 70% рӯйи сайёраро ташкил медиҳад, танҳо 2,5 фоизи он оби нӯшокӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, барои инсон танҳо 0,3 % захираҳои ҷаҳонии оби нӯшокӣ дастрас аст, зеро қисми зиёди об дар шакли пиряхҳо ё дар қаъри замин мавҷуд мебошад. Инсоният айни замон маҷбур аст, ки дар шароити камобии афзоянда зиндагӣ намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ пайваста кӯшиш менамояд, ки диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти марбут ба ин, аз ҷумла бад шудани ҳолати муҳити зист ва ҳифз намудани захираҳои об, ҷалб намояд.

Коршиносони байналмилалӣ таъкид мекунанд, ки дар даҳсолаҳои наздик рақобат барои захираҳои об метавонад ба яке аз мушкилоти асосии ҷаҳон табдил ёбад. Имрӯз садҳо миллион нафар дар минтақаҳои гуногуни сайёра ба оби тоза дастрасии кофӣ надоранд. Дар баробари ин, обшавии босуръати пиряхҳо, хушксолии пайдарпай, биёбоншавӣ ва офатҳои табиӣ ба амнияти озуқаворӣ ва иқтисодии давлатҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Маҳз, аз ҳамин ҷиҳат, масъалаҳои марбут ба об дигар танҳо масъалаи экологӣ набуда, ба амнияти миллӣ, озуқаворӣ ва рушди устувори тамоми кишварҳо рабт дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бузурги обӣ дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об нақши муҳим мебозад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаи ҷаҳонӣ як қатор иқдомҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи об амалӣ гардид. Ин ташаббусҳо дар сатҳи СММ бо иттифоқи оро ҷонибдорӣ ёфтааст. Масалан, эълон гардидани соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2018 -2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. Ин ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон ба ин масъала на танҳо аз лиҳози манфиати миллӣ, балки ҳамчун масъалаи муҳими глобалӣ муносибат мекунад.

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об бо мақсади қадрдонӣ намудани шахсони алоҳида, олимон, муҳаққиқон, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар субъектҳое таъсис дода шудааст, ки дар ҳалли мушкилоти марбут ба об саҳми назаррас мегузоранд. Дастгирии таҳқиқоти илмӣ дар самти захираҳои об, тарғиби технологияҳои муосири сарфаи об, ҳавасманд намудани навоварӣ ва ихтироъкорӣ дар соҳаи об, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва дастгирии ташаббусҳои экологӣ ва иқлимӣ ҳадафҳои асосии ин иқдом маҳсуб мешаванд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин ҷоиза рушди илм ва технология мебошад. Ба шарофати ин ибтикори наҷиб дар шароити тағйирёбии иқлим ва зиёд шудани талабот ба об татбиқи дастовардҳои илмӣ аҳамияти аввалиндараҷа пайдо мекунад. Муҳимтар аз ҳама, ин амали неки олимонро барои гузаронидани тадқиқоти нав дар самтҳои мониторинги захираҳои обӣ, омӯзиши пиряхҳо, идоракунии захираҳои обӣ, тозакунии об, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар идоракунии об, пешгӯии офатҳои табиии вобаста ба об ҳавасманд менамояд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз тағйир­ёбии иқлим ба яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ табдил ёфтааст. Обшавии пиряхҳо, баланд шудани ҳарорати ҳаво, хушкшавии дарёҳо ва камшавии захираҳои обӣ аз ҷумлаи паёмадҳои ин раванд мебошанд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳсор аз таъсири тағйирёбии иқлим дар амон нест. Пиряхҳои Тоҷикистон, ки манбаи асосии об барои минтақа мебошанд, тадриҷан коҳиш меёбанд. Дар чунин вазъият ҷоиза метавонад ба амалисозии тадқиқоти густурдаи илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои амалие мусоидат намояд, ки ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои обӣ равона шудаанд.

Ба ғайр аз ин, Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи об аҳамияти бузурги сиёсӣ ва дипломатӣ дорад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзишманд мегузорад. Тавассути ин ҷоиза Тоҷикистон метавонад минбари нави муколама ва ҳамкориҳоро байни давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва марказҳои илмӣ фароҳам орад. Ин раванд ба таҳкими дипломатияи обӣ ва пешгирии ихтилофҳои вобаста ба истифодаи захираҳои об мусоидат мекунад.

Яке аз ҳадафҳои асосии барномаи рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид таъмини дастрасии аҳолӣ ба оби тоза ва беҳдошт мебошад. Амалӣ гардидани ин ҳадаф бевосита аз истифодаи самараноки захираҳои об вобаста аст. Ҷоизаи мазкур ба татбиқи ин ҳадафҳо мусоидат намуда, таҷрибаҳои беҳтаринро муаррифӣ ва паҳн менамояд. Ҳамзамон, он ба ҷалби сармоя ва шарикони рушд барои амалисозии лоиҳаҳои муҳим дар соҳаи об замина фароҳам месозад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикис­тонро яке аз пешсафони дипломатияи об мешиносад. Пешниҳод ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ дар самти об нишон медиҳад, ки кишвари мо ба масъалаҳои умумибашарӣ бетараф нест.

Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об идомаи мантиқии ҳамин сиёсати созанда мебошад. Он мақоми байналмилалии Тоҷикистонро таҳким бахшида, нуфузи кишвари моро ҳамчун маркази муколама ва ҳамкорӣ дар масъалаҳои об меафзояд.

Раҳмон Исломиддин Хайриддин,

директори Агентии «Тоҷикстандарт»

ИСТИҚЛОЛ - САОДАТИ МИЛЛАТ
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам овард, ки зери парчами миллии худ муттаҳид шуда, бо заҳмати аҳлонаву бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намоянд ва кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ расонанд.

Эмомалӣ Раҳмон

9-уми сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории тоҷикон ҳамчун санаи сарнавиштсоз ва оғози марҳалаи нави ҳаёти миллат сабт гардид. Дар ин рӯз Тоҷикистон соҳибистиқлолии худро эълон намуда, роҳи мустақили давлатдориро интихоб кард.

Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо соҳиб шудан ба давлати мустақил, балки имкони эҳёи арзишҳои миллӣ, муайян намудани роҳи рушди сиёсиву иқтисодӣ ва таҳкими мақоми кишвар дар арсаи байналмилалиро фароҳам овард. Аз ин рӯ, Ҷашни Истиқлоли давлатӣ ҳамасола ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба қадри ин неъмати бебаҳои миллӣ дуруст расида нашуд. Ихтилофу кашмакашиҳои дохилӣ ва фаъолияти ғаразноки гурӯҳҳои ҷудогона кишварро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашид. Ҷанги шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон талафоти бузурги ҷонӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ расонд. Ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданд, шумораи зиёди шаҳрвандон маҷбур шуданд макони зисти худро тарк намуда, аз Ватан фирор кунанд. Бисёр маҳалҳои обод ба харобазор табдил ёфтанд ва иқтисоди кишвар ба буҳрони ҷиддии дарозмуддат рӯ ба рӯ гардид.

Дар чунин рӯзҳои сангину тақдирсоз ақли солим ва хиради миллӣ пирӯз омад ва ба хотири ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ояндаи кишвар ба ҳамдигар дасти дӯстӣ дароз намуданд. Дар раванди расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сохти давлатдорӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузургу мондагор мебошад. Маҳз, бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар кишвар заминаи сулҳу субот фароҳам гардида, гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуданд ва сохторҳои давлатӣ эҳё гардиданд.

Аз ин рӯ, Сарвари давлат дар ин маврид чунин таъкид намудаанд: «Мардуми шарафманди мо, ки роҳи беш аз се даҳсолаи пур аз монеаву мушкилот, вале пурифтихори таърихиро сарбаландона тай кардаанд, хуб медонанд, ки аз давраи бисёр вазнини хомӯш кардани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор сохтани рукнҳои давлатдорӣ ва сохторҳои фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ то расидан ба мақому ҷойгоҳи имрӯзаи давлати тоҷикон чӣ заҳмати бузургеро талаб менамуд».

Хушбахтона, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мавқеи сазовори худро пайдо кардааст. Кишвари мо бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва дӯстона дошта, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ пайваста дастгирӣ ёфта, нуфузи кишвари моро боз ҳам боло мебаранд. Ин ҳама натиҷаи сиёсати созанда, сулҳҷӯёна ва дурбинонаи роҳбарияти давлат ва меҳнати содиқонаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

Имрӯз сокинони ҷумҳурӣ ҳифзи истиқлолият, таҳкими сулҳу ваҳдат ва ободии Ватанро вазифаи муқаддаси худ медонанд, зеро соҳибистиқлолӣ танҳо озодӣ нест, он масъулияти бузург дар назди миллат, Ватан ва наслҳои оянда мебошад.

Суҳроб МАҶИДОВ,

муовини якуми прокурори ноҳияи Рӯдакӣ

Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА: «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» рисолати бузурги инсонпарварона дорад
Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳарвақта ба таҳкими адолат, эҳтироми қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ниёз дорад, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» иқдоми саривақтӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Қабули қатъномаи дахлдор аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нақши фаъоли Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои муҳими байналмилалӣ нишон дод. Дар робита ба ин, бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло суҳбат анҷом додем, ки фишурдааш пешкаши хонандагон мегардад:

- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2025 пешниҳод карданд, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. СММ 12 декабри соли 2025 таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қатънома қабул намуд. Нахуст, доир ба аҳамияти ташаббуси мазкур андешаатонро баён мекардед?

- Эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» идомаи ташаббусҳои воқеан таърихӣ ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши фарогири ҷаҳонӣ дорад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ ҷомеаро ба озмоишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ оварда, дар як қатор минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ҷангзада ва минтақаҳои ноустувор, ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқҳои инсон, маҳдуд гардидани дастрасӣ ба адолат ва осебпазирии гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад, ин ҳама аҳамияти таҳкими маърифати ҳуқуқиро боз ҳам бештар месозад.

Маҳз, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун сипари боэътимоди ҳифзи инсон ва давлат баромад намуда, бе донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо шахс наметавонад аз ҳуқуқҳои худ пурра истифода барад ва дар таҳкими давлат саҳми муассир гузорад.

Қабули ин ташаббус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарки он расидааст, ки рушди устувор танҳо дар шароити мавҷудияти фарҳанги баланди ҳуқуқӣ таъмин мегардад. Имрӯз маърифати ҳуқуқӣ танҳо ­масъалаи дохилии давлатҳо нест, балки ба омили муҳими таъмини амнияти байналмилалӣ табдил ёфтааст. Агар мо ба моҳияти масъала амиқтар назар афканем, мебинем, ки ин ташаббус на танҳо дар бораи дониш, балки дар бораи тағйири тафаккур аст. Маҳз, ҳамин тағйирот ҷомеаро ба сатҳи сифатан нав мебарорад. Қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид нишонаи эътирофи нақши фаъоли Тоҷикистон дар ташаккули ҷаҳони муосир, махсусан, дар самти таҳкими арзишҳои қонун ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.

Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иштирокчии раванд­ҳои байналмилалӣ, балки давлати ташаббускор ва масъул дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ мавқеи устувор дошта, арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили адолат, эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқи инсонро дар сатҳи ҷаҳонӣ пеш мебарад.

Муҳимтар аз ҳама, ин ташаббус ба ҳар як инсон равона шудааст. Зеро ҷомеае, ки шаҳрвандони он дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ ва дар ин ҷода масъулияти хоса доранд, дар пояи адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун ва ҳамдигарфаҳмӣ пеш меравад.

Аз ин рӯ, «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» бояд ҳамчун оғози марҳилаи нав - марҳилаи тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ гардад.

- Тавре маълум аст, шуруъ аз соли 1999 пешниҳодҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об ва пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи хуб ёфтанд. Эълони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» бошад, ташаббусест, ки дар самти комилан дигар пешниҳод шудааст. Қабули ҳамаи ин пешниҳодҳо аз кадом омилҳо вобаста аст?

- Саволи матраҳшуда бисёр ҷолиб ва муҳим аст, зеро он ба арзёбии ҷойгоҳи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ робита дорад. Дар ин раванд, бояд таъкид намуд, ки муваффақияти чунин пешниҳодҳо наметавонад танҳо ба як омил вобаста бошад. Ин ҷо сухан аз ҳамоҳангии ду унсури калидӣ меравад, яъне, нуфузи сиёсӣ ва муҳити воқеии ташаббусҳо, ки ба ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд. Ташаббусҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегарданд, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷавобҳои мушаххас ба мушкилоти умумибашарӣ пазируфта мешаванд. Ин ташаббусҳо ба мавзуъҳое равона гардидаанд, ки ба таври мустақим ба амнияти ояндаи инсоният рабт доранд. Метавон гуфт, ки қабули ин гуна ташаббусҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи он аст, ки ба ҳалли масъалаҳои воқеан муҳими ҷаҳонӣ равона шуда, хусусияти фарогир ва дарозмуддат дошта, ба таҳкими рушди устувор мусоидат менамоянд.

- Санади мазкур дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Прокуратураи генералӣ доир ба ин масъала кадом тадбирҳоро амалӣ менамояд?

- Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо аҳамияти назария­вӣ дорад, балки дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими пойдории қонун дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Ин иқдом метавонад барои ташаккули муҳити солими ҳуқуқӣ, баланд гардидани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба қонун заминаи устувор гузорад. Дар ин замина, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди назораткунандаи риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъо­лияти худ шуморида, пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷинояткориро омили асосии таҳкими қонуният меҳисобад. Тавре таҷриба нишон медиҳад, дар ҷомеае, ки сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон баланд аст, эҳтиром ба қонун бештар буда, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб коҳиш меёбад.

Дар ин робита, таҳлилҳои мақомоти прокуратура нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои пешгирикунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли 2025 коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин аҳамияти амалии маърифати ҳуқуқиро боз ҳам бештар собит месозад. Аз ин ҷост, ки пешгирии қонуншиканӣ аз мубориза бо пайомадҳои он самарабахштар мебошад.

Бо назардошти ин, мақомоти прокуратура як қатор тадбирҳои мақсаднокро меандешад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, алалхусус, дар байни ҷавонон ва наврасон равона мегардад. Имрӯз хеле муҳим аст, ки насли наврас қонунро на ҳамчун маҷмуи маҳдудият, балки ҳамчун кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодӣ, уҳдадорӣ ва суботи ҷомеа дарк намояд. Агар ҳар шахс аз муҳтавои қонун, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ огоҳ бошад, он гоҳ кафили ҳимояи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ мегардад. Бинобар ин, баргузории мулоқоту вохӯриҳои мунтазам бо аҳолӣ, ташкили семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ, гузаронидани дарсҳои маърифатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таҳияи дастурамалу маводи иттилоотии ҳуқуқӣ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ ва воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон, тақвияти ҳамкориҳо бо дигар мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ мегарданд. Зеро ташаккули шуури ҳуқуқӣ танҳо дар фазои ҳамкории васеи ҷомеа натиҷаи воқеӣ медиҳад.

Дар заминаи эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва татбиқи соли маърифати ҳуқуқӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2027 омода карда шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар баробари пешниҳодҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, як қатор таклифҳои Прокуратураи генералӣ ба назар гирифта шудаанд. Аз ҷумла, мубодилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсия­ҳои методӣ оид ба баланд бардош­тани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, фаъолгардонии корҳои тарғиботии ҳуқуқӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои будубош, баргузории конференсияҳо вобаста ба нақши санадҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳамчунин, ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ оид ба мушкилоти ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба ғайр аз ин, андешидани чораҳои муштарак ҷиҳати пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон низ яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ муайян шудааст.

Мо итминон дорем, ки татбиқи самараноки нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда дар доираи ташаббуси байналмилалӣ барои таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд гардидани масъулияти шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ мусоидати назаррас хоҳад намуд.

- Пеш аз он ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар сатҳи байналмилалӣ эълон шавад, дар сатҳи миллӣ эълон ва татбиқ шуда буд (2024). Оё ин нишонаи он аст, ки ғояи миллӣ метавонад ба арзиши умумиҷаҳонӣ табдил ёбад?

- Бале, ғояи миллӣ дар сурати дорои муҳтавои созанда ва аҳамияти фарогир будан метавонад ба арзише табдил ёбад, ки мавриди эътироф ва пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гардад.

Дарвоқеъ, ташаббус вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ нахуст дар дохили кишвар ҳамчун масъалаи афзалиятноки давлатӣ роҳандозӣ гардида, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба ташаккули ҷомеаи дорои тафаккури ҳуқуқӣ ҳамчун омили асосии пешрафт ва суботи давлат аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Муҳим он аст, ки ин ташаббус танҳо хусусияти рамзӣ касб накард. Он тадриҷан ба қисми калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфт ва баъдан тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро низ ҷалб намояд.

Имрӯз ҷаҳон бештар ба чунин ташаббусҳо ниёз дорад. Зеро дар шароити пуртазоди муосир танҳо рушди иқтисодӣ кофӣ нест. Ҷомеа, ҳамзамон, ба фарҳанги муносибат бо қонун, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва масъулияти шаҳрвандӣ эҳтиёҷ дорад. Қонун танҳо воситаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нест, балки кафили адолат, субот ва эътимоди мардум ба давлат мебошад. Аз ҳамин нигоҳ, ташаббуси Тоҷикистон вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун пешниҳоде арзёбӣ гардид, ки ба ниёзҳои воқеии замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Арзиши асосии ин раванд дар он аст, ки Тоҷикистон тавонист таҷрибаи миллиро ба сатҳи байналмилалӣ барорад. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз ҷомеаи башарӣ ба ташаббусҳое таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ки аз амалия, таҷриба ва дарки воқеии мушкилоти ҷойдошта сарчашма мегиранд. Албатта, чунин эътироф нишонаи болоравии нуфуз ва эътимод ба Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мебошад. Зеро на ҳар пешниҳод метавонад дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардад. Барои ин зарур аст, ки ташаббус дорои ҳадафи равшан, муҳтавои амиқ ва аҳамияти умумибашарӣ бошад. Аз ин рӯ, мо метавонем бо итминон бигӯем, ки таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки ғояи миллӣ бар пояи манфиати инсон ва ҷомеа бунёд гардида, марзҳоро убур намуд ва ба масъалаи муҳими байналмилалӣ табдил ёфт. Дар маҷмуъ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ, балки рисолати бузурги инсонпарварона дорад.

Мусоҳиб Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»

АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ВАҲДАТ
Ин фосила аз қарн ҳам тӯлонитар буд

Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ барои миллати ҷафодидаи мо тасодуфӣ ва осон муяссар нашудаанд, ҳарчанд зоҳиран чунин менамояд. Ин неъматҳои бузург самараи фидокорӣ, қаҳрамонӣ, муборизаи ошкору ниҳон ва арақи ҷабини миллати фарзонаи тоҷик дар тӯли таърих аст. Ҳадяи бебаҳои дигар фарзанди баруманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Тавре медонем, заиф шудан ва пошхӯрии давлати шуравӣ ба он оварда расонд, ки дар Тоҷикистони соҳиб­истиқлол гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ зери ниқоби дин ва атеизм бо дастгирии сарпарастони дохилӣ ва хориҷии худ даст ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ заданд. Дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ саросари кишварро гуруснагӣ, қашшоқӣ, бемориҳои сирояткунанда фаро гирифта, пояҳои давлатдорӣ заиф ва маънавиёту иқтисод таназзул ёфт ва боиси талафоти бузурги ҷонию моддӣ гардид. Хатари пора-пора шудани давлати Тоҷикистон ба миён омад, шаҳри Душанбе зери фишори гурӯҳҳои силоҳдорони ғайриқонунӣ қарор гирифта, хуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҳар қадам поймол мешуд. Намояндагони бисёр миллатҳо, мутахассисони варзида, олимону зиёиён қаламрави Тоҷикистонро тарк намуданд. Норасоии маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз бештар мешуд, бахусус, дар дукону мағозаҳо нон намерасид. Дар пойтахти кишварамон ва ноҳияҳои атрофи он гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷинояткор ба ғоратгарию роҳзанӣ ва қатли одамони бегуноҳ машғул буданд.

Ниҳоят, бо ташаббуси фаъолони Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикис­тон баргузор гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар ҳоле ки дар чунин шароити беҳад вазнини сиёсӣ ягон ходими ҷамъиятиву давлатӣ чунин масъулияти бузург­ро ба уҳда намегирифт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аёми ҷавонӣ ба мушкили давлати тоҷикон нигоҳ накарда, ин масъулиятро ба зимма гирифтанд ва иброз намуданд, ки «манро ба ин вазифаи пурмасъул бовар намудед, акнун биёед, вакилони мардумӣ, якҷоя пеши роҳи хунрезиро гирем ва Тоҷикистонро аз ин вартаи нобудӣ наҷот диҳем. Ба ман ки бовар кардед, ба шумо ваъда медиҳам, ки ҳарчӣ зудтар пеши роҳи хунрезиро мегирам, ба халқи азизам сулҳу салоҳ меорам. То он ки охирин ҳамватани мо аз хориҷи кишар бар нагардад, ман худро ҳамчун Сарвари давлат ором ҳис карда наметавонам».

Дар ин иҷлосияи таърихӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти конститутсионӣ барқарор ва тасмим гирифта шуд, ки ба пойтахт - шаҳри Душанбе биёянд. Шахсоне буданд, ки ба ин монеъ мешуданд, аммо бо истодагирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти конститутсионӣ дар як муддати кутоҳ таъсис дода шуд ва кори худро дар шаҳри Душанбе оғоз намуд.

Зиёда аз 70 санади ҳуқуқӣ дар он иҷлосия қабул гардид, ки роҳи ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. «Шахсан ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам», - иброз намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ.

Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат, хомӯш кардан ва бартараф намудани оқибатҳои ҷанги дохилӣ талош варзиданд. Бо барқарор гаштани шакли идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон заминаҳои сулҳи тоҷикон гузош­та шуд. 8 даври музокироти расмӣ дар кишварҳои гуногун доир гардид, ки мураккабтарини онҳо моҳи декабри соли 1996 дар Хусдеҳи вилояти Тахори Афғонистон буд ва ҳеҷ гуна кафолати амниятӣ вуҷуд надошт. Ба ҳамаи ин хатару мушкилот нигоҳ накарда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Афғонистон сафар намуданд. Дар ин замина 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Яъне, аз Истиқлол то ваҳдати миллӣ фосилае аз қарн ҳам тӯлонитар буд. Аз ин рӯ, самараи ҷонбозиҳо, талошҳо ва идеяҳои сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - расидан ба ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ барои мо арзишҳои бузургу муқоисанашавандае ҳастанд. Ба ­қадри истиқлолу озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро эҳтиром кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва саҳм гузоштан дар бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.

Шаҳбози АБРОР,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Давлатмард
Ё ОФТОБИ БАХТИ МИЛЛАТ

Ҳар гоҳе дар бораи шахсиятҳои барҷаста меандешем, ҳатман пеши назар симои инсонҳое падидор мегардад, ки дар таъриху тамаддуни ин ё он қавму миллате нақши муҳиме бозидаанд ва аз худ осори бузурге гузош­таанд ё мегузоранд. Агар ба гузаш­таи худ назаре андозем, хеле возеҳ мебинем, ки шахсиятҳое аз қабили Куруши Кабир, Зурдушт, Спитамен, Яъқуби Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ... давронсозӣ кардаанд ва ҳатто раванди зиндагии одамон ва кишварҳояшонро тағйир додаанд. Онҳо бо амалкарди мусбати хеш чун ситораҳое тобноке дар замонҳои гуногуни таърихӣ дурахшидаанд. Мо имрӯз рӯзгори онҳо ва кору пайкорашонро меомӯзем ва дар лавҳи хотиру саҳифаи таърих номашонро бо хати зарин менависем.

Дар даврони мо ҳамин гуна шахсияти барҷастаи миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳастанд, ки чун мунодии сулҳу дӯстӣ дар ҷаҳон ва чун Пешвои миллати тоҷик ном баровардаанд. Кору зиндагии он кас ва хидматҳои барҷастаашон аз ҷониби сиёсатмадорон, олимон ва журналистон пайваста омӯхта шуда, дар шакли мақолаву китобҳои алоҳида ба нашр мерасанд. Чанде пеш китоби муҳаққиқ ва журналис­ти хушном, номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло бо исми «Давлатмард» ба нашр расида, ки 35 мақолаи муаллифро фаро гирифта, симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои он касро дар баробари мардуми Тоҷикистон бо далелҳои муътамад баррасӣ менамояд. Муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон Маликшо Неъматзода дар сарсухани китоб ба мавқеъ ва қалами нигорандагии муаллиф ин гуна баҳо медиҳад: «Муҳимтар аз ҳама, мавқеи интихобкардаи Далер Абдулло қотеъ буда, лағзиш дар афкор ба мушоҳида намерасад. Содиқонаву бериё эҷод менамояд, саъю талош ба он равона гардидааст, ки бо мутолиаи нигоштаҳои қаламкаш пеши назари хонанда воқеият падид меояд».

Воқеан ҳам, мавқеи устувор, роҳ надодани лағзиш дар афкор ва содиқ будан ба Сарвари давлат боис гаштааст, ки Далер Абдулло қадам ба қадам корҳои анҷомдода, сиёсати хирадмандона, ҷоннисориҳо ва эҳё сохтани фарҳанги ниёро аз ҷониби Пешвои миллат биё­мӯзад, бинависад ва пешкаши хонанда гардонад.

Дар китоби «Давлатмард» чор ҷанбаи муҳими давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди арзёбӣ қарор мегирад:

1. Барқарор кардани сулҳ ва наҷоти давлату миллати тоҷик аз нобудӣ;

2. Ба вуҷуд овардани иқтисоди рӯ ба рушд ва таъмини некуаҳволии мардуми Тоҷикистон;

3. Давронсозӣ (дар мисоли НБО «Роғун», роҳҳо, нақбҳо...);

4. Эҳёи расму оин, худшиносии миллӣ ва ҳувиятхоҳӣ.

Далер Абдулло ба маърифати сарварӣ, шуҷоат, нотарсӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва озодандешӣ аз даричаи илм баҳо медиҳад ва дар ин замина шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯ менамояд. Ӯ нақши шахсиятро дар таърих аз навиштаи файласуфи маъруф Т. Карлейл чунин тавсиф менамояд: «Шахсеро, ки сарвар мешаваду ба иродаи ӯ дигарон бечунучаро таслим мешаванд ва дар ин итоат некуаҳволӣ меёбанд, мо метавонем бузургтарини бузургҳо номем. Онҳо, ин одамони бузург, пешвоёни инсоният, тарбиятгарон, намунаҳо ва, бо маънии васеъ, офаридгорони ҳамаи он чизе ҳастанд, ки мардум барои ба даст овардани онҳо кӯшиш мекунанд». Бо зикри ин иқтибос ва далели фаровоне, ки Далер Абдуло аз Афлотун, Конфутсий, Р. Дафт, Абуалӣ ибни Сино, Исҳоқи Тӯсӣ ва дигарон дар оғози китоб меорад, шахсият, ҷойгоҳ ва мақоми сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мушаххас месозад.

Муаллиф дар бораи лидери умумимиллие сухан дар миён меорад, ки ҳузури ӯ дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвару миллати моро аз парокандагӣ ва нобудӣ наҷот бахшид. Ӯ ақидаи ҷолиби илмиеро ба миён оварда менависад: «Дар таърихи давлатдории навини демократӣ ва классикӣ аломати мавҷудияти падарон - бунёдгузорон ва пешвоёни миллӣ ба сифати мактаби бузурги тарбияи сиё­сӣ ва ҳуқуқӣ ба назар мерасад». Сипас, Далер Абдулло аз асосгузорони давлати Амрико - Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷефферсон, Ҷеймс Медисон, Александр Гамилтон, Туркия - Отатурк, Ҳиндустон - Маҳатма Гандӣ, Покистон - Алӣ Муҳаммади Ҷиноҳ ва Сингапур Ли Куан Юро мисол оварда, тавассути онҳо то чӣ андоза барҷаста будани шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷойгоҳи созандаю баланд доштани ӯро муаррифӣ менамояд. Муаллиф ҳамин тавр тавассути илми сиёсатшиносӣ бо далелҳои муътамад дар бораи мақоми сарварӣ ва пешвоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегӯяд: «Пешвои миллӣ маҳсули як марҳилаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст».

Ин таъриф, воқеан ҳам, инъикосгари ҳаёт, кор ва муборизаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки муаллифи китоб кӯшидааст онро ба таври возеҳу равшан баён намояд. Далер Абдулло хидматҳои барҷастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баробари Тоҷикистон ва миллати тоҷик дона-дона баршумурда менависад: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз нобудӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва, дар навбати худ, Давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дун­явӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуда, ҷиҳати қадршиносии қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам оварданд».

Ин сифатчинии дар боло оварда аз хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад ва асли сарварию пешвоии он касро ба намоиш мегузорад, ки Далер Абдулло чун пажуҳишгар онро ошкор месозад. Дар ин замина муаллифи китоби «Давлатмард» собит месозад, ки дар ҷаҳони муосир давлатсозӣ кардан, сулҳу амониро ба вуҷуд овардан, истиқлоли сиёсию давлатии миллатеро таъмин сохтан кори осоне нест.

Дар китоб таъкид мешавад, ки «ғояи истиқлол чун рукни бунёдии озодии инсон ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо буд». Бале, миллати озодихоҳ ва боҳувияти тоҷик асрҳо барои ба даст овардани ин гавҳари тобнок мубориза бурд, вале ниёз ба пешвое дошт, ки ӯро дар ин масири пурпечутоб раҳнамо бошад, роҳи росту дурустро нишон диҳад. Ниҳоят, чунин шахсият дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуд, ки муаллифи китоб ӯро чун «тулӯи офтоби бахти миллат» муаррифӣ месозад.

Азхудгузаштагӣ, ҷоннисорӣ, вафодорӣ, ғамхорӣ, инсонпарварӣ, сулҳдӯстӣ, бунёдкорӣ аз сифатҳои зотии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Инсоне, ки дорои чунин сифатҳои арзишманд аст, метавонад сарвари миллате бошад, нақши ҳидоят кардан, наҷот додан, ба қуллаи мақсуд расониданро ба зимма бигирад, мавриди эътимоду эътибор бошад.

Муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон танҳо Сарвари давлат ва Пешвои миллати тоҷик нес­танд, балки чун сиёсатмадори барҷаста дар арсаи байналмилалӣ эътироф гаштаанд. Ин нукта низ дар китоби «Давлатмард» бо далелҳои мушаххас баён мегардад. Далер Абдулло кӯшиш мекунад, ки ҳарфе бе далел нагӯяд ва симои барҷастаи ҷаҳонӣ будани муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дар оинаи воқеият нишон диҳад. Нигоҳи олимона ва мушоҳидаҳои ҷолиби ӯ арзиши китобро як бар даҳ афзудааст. Бояд чунин ҳам бошад, чаро ки дар китоб сухан дар бораи шахсияте меравад, ки барои миллати тоҷик таърихсозӣ мекунад, халқи моро ба сӯи огаҳию бедорӣ мебарад. Барои эҳёи суннатҳо, арзишҳои фарҳанги миллӣ, зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ корҳои арзишмандеро анҷом медиҳад. Барои ваҳдати миллӣ, бунёди Тоҷикистони навин мубориза мебарад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди бузурги халқи тоҷик аст. Бузургии ӯ, ҷоннисориҳояш, муборизаҳояш барои расидан ба саодати абадӣ дар китоби «Давлатмард» хеле барҷаста ба риштаи тасвир кашида шудааст. Мутолиаи китоб муҳаббати Пешворо дар дили хонанда афзунтар ва ҳисси ифтихорро аз доштани чунин Сарвари оқилу доно ва беназир дар дилҳо садчанд мегардонад.

ВОРИС,

«Садои мардум»

МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Боиси фараҳу шодӣ ва ­ифтихормандии беҳади мост, ки ба истиқболи Ҷашни мубораку муқаддаси миллӣ- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат, алалхусус, дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе ҳамарӯза иқдому чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ ташкилу баргузор мешаванд ва шукуҳу ҷалоли ин санаи фархундаро боз ҳам муниру мунаввар ­мекунанд.

Воқеан, агар Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик имкони бунёди давлати мустақилро фароҳам оварда бошад, маҳз ваҳдати миллӣ барои пойдории ин давлат ва рушди устувори он замина гузошт, ки дар ҳифзу таҳким бахшидани ин ду падидаи нодири давлатсоз ва халқмеҳвар саҳм ва нақши Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҷаста ва калидӣ аст.

Дар бораи муҳимияти таърихии ин ду падидаи нодири даврони навини давлатдории миллииамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки «Ваҳдати миллӣ барои мо на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки шарти асосии бақои давлат, рушди ҷомеа ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад».

Ҷои баҳс нест, ки ин суханҳо моҳияти аслии сиёсати давлатдории навини Тоҷикистонро ифода менамоянд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама давру замонҳо шахсиятҳои барҷастаи дорои донишу маҳорати фавқулода ва истеъдоди сарвариву ташаббускорӣ ҷомеаро ба сӯйи пешрафту шукуфоӣ раҳнамун сохта, бо ҷоннисориву фидокорӣ ва аз худ нишон додани намунаи олии ободгару созанда, дар бедор кардани ҳисси ватанпарастиву ватандӯстӣ, саҳмгузорӣ дар рушди он ва боло бурдани нуфузу эътибори ҷаҳонии Тоҷикистон нақши бориз ва ҳалкунандаро доро буда, дар ин ҷода худ ва манфиатҳои шахсии худро қурбони ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ кардаанд.

Сарвари давлат дар китобашон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» дар боби «Сабақҳои таърих ва озмоишҳои мактаби истиқлолият» иброз менамоянд, ки «Ин ҷанги бемаънӣ ғайр аз оворагию сарсонӣ, ғайр аз адовату хонавайронӣ, ғайр аз талафоти ҷони ҷавонон ба мо чизе надод…

Дар ҳоле, ки давлатҳои соҳибистиқлоли ҳамсоя ба сох­тани роҳҳои оҳану мошингард, кашидани хатҳои интиқоли нафту газ, истихроҷи маъдан ва дигар масоили пешрафти иқтисоиёту иҷтимоиёти мамлакаташон машғул буданд, дар Тоҷикистон ҳангомаҳои якдигаркушӣ авҷ мегирифт, ҷангу набард ва сангарнишиниҳои дастаҳои мухолифин густариш меёфт, садои тиру туфанг ва тӯпу танк халқи осоиштаро ба ҳарос меафканд».

Тавре ҳамагон ба ёд дорем, солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи ниҳоят мураккаб ва сарнавиштсоз буд, бар асари ҷанги таҳмиллии шаҳрвандӣ ҳазорҳо нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо ҳазор шаҳрвандон муҳоҷир ва гуреза шуда, иқтисодиёти мамлакат зарари бузург дид. Фаъолияти бисёр ниҳодҳои давлатӣ фалаҷ шуд. Таҳдиди аз байн рафтани давлатдории миллӣ воқеӣ буд.

Маҳз, дар чунин шароити ниҳоят ҳассос Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 баргузор шуд, ки ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз дар таърихи давлатдории тоҷикон ҷойгоҳи махсус дорад. Дар ҳамин иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба уҳда гирифта, ба халқи Тоҷикистон муроҷиат намуданд: «Ман ба шумо сулҳ меорам. Ман тамоми донишу таҷриба ва ҳастии худро барои оромии мардум ва ободии Ватан сарф хоҳам кард».

Ин суханони муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон танҳо як ваъдаи сиёсӣ набуд, балки ба барномаи амали роҳбари ҷавоне табдил ёфтанд, ки масъулияти наҷоти миллатро бар дӯш гирифта буданд.

Дар хотир дорем, ки барқарор намудани сулҳ ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ кори осон набуд, барои расидан ба ризоияти миллӣ даҳҳо мулоқот, музокирот ва сафарҳои хатарнок аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат анҷом дода шуданд. Агар ба солномаи фаъолияти сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраҳо назар андозем, мебинем, ки давоми солҳои 1994–1997 музокироти байни тоҷикон дар шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон баргузор шуда, дар ин раванд Пешвои миллат иродаи сиёсӣ, сабру таҳаммул ва фарҳанги баланди сулҳофариро аз худ нишон додаанд, ки маҳз натиҷаи он ҳама таҳаммул ваҳдат ва ризоияти миллии мо гардиданд. Сарвари давлат дар ин бобат борҳо ёдовар гардида, аз ҷумла, иброз намудаанд, ки «Барои ман ҳифзи давлат ва наҷоти миллат аз ҳама гуна манфиатҳои дигар болотар буд».

Дарвоқеъ, маҳз ҷаҳду талош ва азхудгузаштанҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон боис гардиданд, ки тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягонаи мустақил ҳифз шавад, ваҳдати сартосарии он таъмин гашта, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо суръат рушду тараққӣ ёбанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аҳамияти сулҳ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба маврид таъкид намудаанд, ки «Сулҳро метавон ба даст овард, аммо ҳифз ва таҳкими он аз ба даст оварданаш мушкилтар аст». Ин андеша имрӯз низ аҳамияти бузург дошта, аз мо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва, пеш аз ҳама, қадршиносиву посдории ин неъмати бабаҳоро тақозо мекунад.

Пас аз барқарор шудани сулҳ дар ҷумҳурӣ марҳилаи нави давлатсозӣ оғоз гардида, дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои давлатӣ пурра фаъол гардиданд, низоми молиявӣ ва иқтисодӣ барқарор шуд, амнияти миллӣ таъмин гардид, барномаҳои бузурги рушди иқтисодию иҷтимоӣ ба роҳ монда шуданд ва сатҳу сифати зиндагии мардум рӯз ба рӯз беҳтар шудан гирифт.

Дар замони соҳибистиқлолӣ ҳазорҳо километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд гардида, нақбҳои стратегии нақлиётӣ ба истифода дода шуданд, иқтидори энергетикии ҷумҳурӣ чандин маротиба афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш ёфт ва Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳҷӯву созанда дар ҷаҳон эътироф гардид, ки самараи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошанд.

Натиҷаҳои сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯз, пеш аз ҳама, дар симои шаҳри Душанбе баръало намоён аст. Пойтахти азизи мо ҳоло ба маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дипломатии минтақа табдил ёфта, дар солҳои охир бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии дурандешонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар он садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ, маърифатӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ сохта ва ба истифода дода шуд.

Воқеан ҳам, имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои ­бисёр давлатҳои ҷаҳон намунаи муваффақи оштии миллӣ ба ҳисоб меравад. Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари байналмилалӣ ва коршиносони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи сулҳи Тоҷикистонро ҳамчун намунаи беназири муколама ва созиш эътироф намудаанд, ки ҷавҳари ин ҳама муваффақиятро маҳз сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил дода, дар таърихи давлатдории тоҷикон, пеш аз ҳама, ҳамчун бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва эҳёгари давлатдории миллӣ бо хатҳои заррин сабт гардидааст.

Имрӯз мо бо ифтихор иброз медорем, ки сулҳу ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди даврони истиқлолияти Тоҷикис­тон мебошад. Ваҳдате, ки бо ҷоннисорӣ, заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад. Ваҳдате, ки ба Тоҷикистон суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ ва обрӯи байналмилалӣ овард.

Ваҳдате, ки имрӯз кафили зиндагии осоиштаи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ ва пос доштани заҳмату талошҳои бунёдгузори он - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзи фарзандию шаҳрвандӣ ва вазифаи муқаддаси ҳар яки мост.

Пос доштану арҷгузорӣ кардан ба заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посу гиромӣ доштани Истиқлолият, Ваҳдат ва даврони навини давлатдории миллист!

Дилбар ОДИЛЗОДА,

муовини Раиси шаҳри Душанбе