Садои Мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон
Бисту якуми августи соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа, нахуст, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ байни онҳо ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара майнинг» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди сурма», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо», «Дар хусуси Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРИСТАЛЛ ГРИН ГЛАСС» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни ­Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд вобаста ба лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО «Роғун», марҳилаи II», «Дар хусуси Созишнома дар бораи таъсис ва мавриди амал қарор додани махзани маълумоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) оид ба қочоқ ва қонунвайронкуниҳои гумрукӣ» ва «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар бораи шартҳои будубоши Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод шуданд.

Шурои Маҷлиси намояндагон вобаста ба масъалаҳо «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон», «Оид ба пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иқтисоди рақамӣ», «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» ва «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

«Садои мардум»

Истиқболи ҷашни фархунда бо интихобкунандагон
Бо мақсади табрики интихобкунандагон ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин, шарҳу тавзеҳи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва баррасии мушкилоту дархостҳои сокинони ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари даҳрӯза – аз 24 август то 2 сентябр ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтанд.

Аз ҷумла, 24 августи соли равон дар шаҳри Конибодом зимни мулоқот бо интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудзода дар бораи даст­о­вардҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар давоми 35 соли соҳиб­истиқлолӣ, пешравию комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди кишвар андешаронӣ намуд.

- Дар оғози тамоми рушду пешрафт, ободкориву созандагиҳо ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз, ба шарофати ин сиёсати дурбинона Тоҷикистон имрӯз дар шоҳроҳи рушди устувор қадамҳои мустаҳкам мегузорад, - гуфт Н. Маҳмудзода.

Ҳамчунин, масъалаҳо вобаста ба таҳкими қонунияту тартибот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Илҳом Камолзода 24-уми август ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ доир ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терро­ристӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиё­даравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ суҳбат намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ интихобкунандагон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, оид ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушду пешрафти соҳоти мухталифи хоҷагии халқи кишвар ибрози андеша намуданд ва дар робита ба мавзуъҳои матраҳгардида миёни иштирокчиён суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт.

24-уми август зимни вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадшоҳ Гулзода бо сокинони деҳоти ноҳияи Данғара масъалаҳои истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дигар ­мавзуъҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳои васеъро ҷиҳати рушди устувор, ободонии маҳалҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум фароҳам овард.

- Ба роҳ мондан ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, раҳоӣ аз бунбас­ти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул имконият фароҳам овард, ки соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбанд ва такони ҷиддие дар некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд, - афзуд М. Гулзода.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар корҳои созандагию ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузорад.

24-уми август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Бибиосия Аюбӣ бо интихобкунандагон, фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаи бевоситаи вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва шиносоӣ бо пешниҳодҳои сокинон аҳамияти муҳим доранд.
Бибиосия Аюбӣ зимни суханронӣ оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати созанда ва дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар маълумот дода, таъкид намуд, ки ҳифзи манфиатҳои мардум ва баррасии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вакилон ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар мушкилоти рӯзмарра андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

24-уми август, ҳамчунин, мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Аҳмад Маҳмуд­зода ва Фазлиддин Икромӣ бо сокинони деҳоти ноҳияи Тоҷикобод доир шуд.

Вакилон зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ суҳбат намуданд.

Зикр шуд, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки бо ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайваста ба даст омад, неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демок­ратӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. «Гузашти айём моро ба Ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, расонид. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ ба даст ояд», - иброз доштанд вакилони мардумӣ.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

Нодир ТУРСУНОВ,

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Даҳсолаи сулҳ
Аз таҷрибаи таърихӣ ба дипломатияи сулҳ

Сулҳ ва суботи пойдор аз арзишҳои волои умумибашарӣ ба шумор рафта, заминаи асосии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди устувори давлатҳо ва таъмини зиндагии шоистаи наслҳои имрӯз ва фардо аст. Таърихи инсоният собит менамояд, ки низоъ ва нооромӣ, пеш аз ҳама, ба ҳуқуқи инсон, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва амнияти ҷомеа таъсири манфӣ расонида, оқибатҳои он метавонад ба наслҳои баъдӣ низ асар гузорад. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ на танҳо вазифаи сиёсии давлатҳо, балки масъулияти муҳими ҳуқуқӣ ва ахлоқии ҷомеаи байналмилалӣ дар назди насл­ҳои оянда мебошад.

Дар ин замина, иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаб­бусҳои байналмилалии Тоҷикистон аст.

Дар ҷаҳони муосир сулҳ тадриҷан бо мафҳумҳои ҳуқуқи инсон, волоияти қонун, адолат, рушди устувор, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти байнинаслӣ пайванди ногусастанӣ пайдо кардааст. Биноан, ташаккули фарҳанги сулҳ аз самтҳои муҳими фаъолияти Созмони Милали Муттаҳид маҳсуб мешавад.

«Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ташаббуси муҳимест, ки таҳкими сулҳро бо зарурати ба назар гирифтани манфиат ва эҳтиёҷоти наслҳои оянда пайваст менамояд. Дар он таъкид шудааст, ки эҷоди заминаи мус­таҳкам барои сулҳу амнияти пойдор, рушди устувор, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва волоияти қонун аз роҳҳои муассири ҳифзи ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда мебошад.

Ин санади байналмилалӣ аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ аҳамияти хос дорад, зеро мафҳуми сулҳро на танҳо ҳамчун пешгирии ҷанг, балки чун маҷмуи шароитҳои ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои зиндагии шоистаи инсон баррасӣ менамояд. Дар маҷмуъ, мақсади асосии Созмони Милали Муттаҳид ҳам ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ, пешгирии таҳдидҳо ба сулҳ ва ҳалли осоиштаи баҳсҳои байналмилалӣ дониста мешавад. Аз ин рӯ, масоили марбут ба сулҳ дар меҳвари низоми ҳуқуқии байналмилалии муосир қарор дорад.

Дар баробари ин, ҳифзи сулҳ аз ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷудо нест. Эҳтироми ҳуқуқи инсон ба ҳаёт, озодӣ, баробарӣ, дахлнопазирӣ, таҳсил, меҳнат ва дигар ҳуқуқҳо барои ташкили ҷомеаи одилона ва устувор аҳамияти бунёдӣ дорад. Ҳадафҳои асосии «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» мусоидат ба сулҳ, таҳкими оштӣ, рушди муколамаи байнинаслӣ, ҷалби кӯдакон, ҷавонон ва шахсони калонсол ба равандҳои марбут ба сулҳ, ба назар гирифтани манфиатҳои наслҳои оянда дар сиёсати давлатӣ ва қабули қарорҳо мебошад.

Басо рамзист, ки қатънома нақши ҷавононро дар таҳкими сулҳ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва рушди устувор эътироф менамояд. Чунин муносибат зарурати фароҳам овардани шароит барои иштироки ҷавонон дар қабули қарорҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, рушди маорифи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрвандиро тақозо мекунад.

Табиист, ки сулҳ бе волоияти қонун устувор буда наметавонад. Агар ҳуқуқи инсон ҳифз нашавад ва шаҳрвандон ба адолат дастрасӣ надошта бошанд, хавфи низоъҳои иҷтимоӣ меафзояд. Аз ин рӯ, татбиқи ҳадафҳои даҳсола бояд бо таҳкими мустақилияти суд, қонуният, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубориза бо коррупсия, дастрасӣ ба адолати судӣ ва механизми ҳалли ғайрисудии баҳсҳо алоқаманд бошад.

Сулҳ ва ҳуқуқи инсон дар аксар маврид бо ҳам тавъаманд. Агар ҷанг боиси вайрон шудани ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ, моликият, таҳсил ва дигар ҳуқуқҳои асосӣ гардад, вайрон намудани ҳуқуқи инсон низ метавонад аз омилҳои пайдоиши нооромӣ ва низоъ бошад. Барои тавсеа ва тақвияти ин раванд «Эъломияи умумии ҳуқуқи башар», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ», «Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» аҳамияти махсус доранд.

Аз ҷониби дигар, ташаббуси мазкур нишон медиҳад, ки таҷрибаи миллии сулҳофарӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба рӯзномаи байналмилалии сулҳ пайванди мустақим пайдо кардааст. Ин равандро метавон мубаддалшавии таҷрибаи таърихӣ ба дипломатияи сулҳ номид. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, мақсади асосии ташаббус танҳо пешгирии ҷангҳои имрӯзӣ набуда, балки ташаккули фарҳанги сулҳ ва эътимод барои наслҳои оянда мебошад.

Яъне, даҳсолаи мазкур бояд аз доираи як иқдоми сулҳофарона ба марҳилаи таҳкиму тавсеаи фарҳанги сулҳ табдил ёбад. Дар ин раванд ҳуқуқшиносон, олимон, судяҳо, омӯзгорон, мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва, махсусан, ҷавонон бояд саҳми бориз дошта бошанд.

Ҳифзи сулҳ вазифаи танҳо имрӯз нест. Он масъулияти ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва таърихии насли имрӯза дар назди наслҳои оянда мебошад. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз барои адолат, эҳтироми қонун, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ заминаи устувор гузорад, наслҳои оянда метавонанд зиндагии пурсаодат дошта бошанд.

Сайвалӣ НУРЗОДА,

судяи суди шаҳри Душанбе

РОДМАРДИ ВАТАН
Сухансаро ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Агар ба сафҳаи зиндагиномаи инсонҳо назар андозем, пеши назар симои мардони бузурге пайдо мегардад, ки баҳри ободию пешрафти Ватани азиз, таҳкими истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва пойдории давлат хизматҳои шоиста кардаанд. Фарзанди сарсупурдаи миллат - ҳуқуқшиноси варзида, шахси боғайрат, нотарс, одил ва меҳрубон Шарипов Ҳомиддин Ҳасанович аз ҳамон ҷумла аст. Хизматҳои ӯ баҳри ҳифз ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва пойдории давлатдории миллӣ сазовори эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад.

Кордонӣ, дониши амиқ ва сатҳи баланди касбии Ҳомиддин Ҳасанович ӯро аз муфаттиши қаторӣ дар ШКВД-и ноҳияи Ёвон то ба вазифаҳои раиси суди собиқ вилояти Кӯлоб, раиси Суди конститутсионӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон расонд.

Дар ҳар вазифае, ки ба зиммааш гузошта шуд, бо виҷдони пок, масъулияти баланд ва содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат кард. Ба ҳар коре, ки ба Ҳомиддин Шарипов супорида мешуд, ӯ бо ҷасорат, масъулият муносибат мекард.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997) дар баъзе минтақаҳо гурӯҳҳое буданд, ки ба раванди сулҳ мухолифат намуда, ба амалҳои террористӣ ва ҷинояткоронаи худ идома медоданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Нуробод, ки он замон Дарбанд ном дошт, гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ бо роҳбарии Мулло Абдулло ба амалиёти ҷинояткорона даст мезад. Онҳо аҳолии осоиштаро таҳдид намуда, ба куштору ғорат даст зада, молу мулки мардумро ғорат мекарданд. Мусофирони роҳи водии Рашт ба Душанбе низ аз озору шиканҷаи ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар амон набуданд.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва барқарор намудани сулҳу субот бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарипов барои пешгирии фаъолияти гурӯҳи мазкур чораҳои зарурӣ андешид. Чунин амалиёт таҳти роҳбарии номбурда нисбат ба дигар гурӯҳҳои мусаллаҳу террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи «Раҳмон-гитлер» низ, анҷом дода шуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва оромӣ дар он минтақа барқарор гардид.

Ин гуфтаҳо муболиға ё бофта нестанд. Ман солҳои тӯлонӣ, дар маҷмуъ, 16 сол вазифаи котиби Шурои амниятро бар уҳда доштам. Дар он солҳои душвор бо Ҳомиддин Ҳасанович ҳамкорӣ намуда, дар иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат ва ҳалли мушкилоти сангине, ки пеши давлату ҷомеа қарор доштанд, паҳлу ба паҳлу кор кардем. Тӯли ин ҳамкорӣ ман шахсияти ӯро на танҳо ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, балки инсони содиқ ба Ватан аз наздик шинохтам. Аз ин рӯ, ҳар вақте сухан аз хизматҳои Ҳомиддин Шарипов меравад, ман, пеш аз ҳама, он солҳоро ба ёд меорам. Ӯ бо матонат ва ҳисси баланди масъулияти давлатӣ аз уҳдаи онҳо баромад.

Ёдат ба хайр, дӯсти азиз!

Амирқул АЗИМОВ,

мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия

Ифтитоҳи фосилавии бинои нозироти андоз ва бинои нави иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Левакант
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ бинои маъмурии Нозироти андози шаҳри Левакантро ифтитоҳ намуданд.

Бинои нав дорои 9 ҳуҷраи корӣ ва як толори маҷлисӣ бо 45 ҷойи нишаст мебошад.

Дар бино шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеӣ, бахши бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, бахши баҳисобгирӣ ва хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, гурӯҳи ташкил ва назорати иҷрои уҳдадориҳои андозии соҳибкорони инфиродӣ ҷой дода шудааст.

Дар бинои нозироти андози шаҳр барои фаъолияти 15 нафар корманд шароити муосири корӣ фароҳам оварда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои тозабунёд таваҷҷуҳи масъулони соҳаро ба боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки бо мардум ҳамкории зич ва муомилаи хуб дошта бошанд.

Бинои иловагии таълимӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант бо ҳадафи фароҳамсозии шароити муносиби таълим ва зиёд намудани имкониятҳои қабули хонандагон бунёд гардидааст.

Бино барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 400 хонанда пешбинӣ шудааст.

Сохтмони бино бо саҳми сокинони саховатпешаи маҳаллӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Леваканд амалӣ гардидааст.

Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дар он 8 синфхонаи барҳаво ташкил шудааст. Синфхонаҳо бо дарназардошти талаботи имрӯза барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла биология, математика ва технологияи иттилоотӣ пешбинӣ гардидаанд.

Ҳоло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 30 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғуланд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ намуданд.

Боздид аз шаҳри Левакант ва ба истифода додани корхонаи истеҳсолии Хишти диёри ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ аз ноҳияи Ёвон ба шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти шаҳри Левакант ва фаъолону сокинон бо самимияти баланд истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Косибони деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант корхонаи истеҳсолии Хишти диёрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи муосири «Хишти диёр» дар шаҳри Левакант ба истиқболи ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръат аз тарафи ҶДММ Парки инноватсионии саноатию технологии шаҳри Левакант бунёд шуда, иқтидори он дар як шабонарӯз 250 ҳазор ва дар як сол 90 миллион дона хишт мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона дар муҳлати 1 сол бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар раванди сохтмон сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Корхона дар заминаи фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва вусъати корҳои созандагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ дар масоҳати бештар аз 12 гектар бунёд шуда, раванди коркарду истеҳсоли маҳсулот дар ин ҷо автоматӣ сурат мегирад. Ин омил ба татбиқи солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мусоидати амиқ менамояд.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани Корхонаи истеҳсолии Хишти диёр 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои бунёди чунин иншооти саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифат ва стандарти маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.

Сокинон ва соҳибкорони ватанӣ дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талош мекунанд, ки ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тадбирҳои ободониро дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вусъат дода, саҳми худро дар ободонии Ватани азизамон гузоранд.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли хишти пухта дар Корхонаи Хишти диёр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии нозироти андоз дар шаҳри Левакант ва бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 барои 400 хонандаро дар ду баст дар деҳаи Зағертути деҳоти Ваҳдат ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Муаррифии лоиҳаи бунёди осоишгоҳ дар деҳаи Зағиртути деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони осоишгоҳ дар деҳаи Зағиртути ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Левакант муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои осоишгоҳ барои 150 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар осоишгоҳ барои истироҳату табобат шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.

Дар атрофи осоишгоҳ майдони теннису баскетбол, ҳавзи шиноварӣ бо атраксионҳо, майдони бозии кӯдакон, фароғати калонсолон ва дигар инфрасохтори зарурӣ сохта мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, ҷалби мутахассисону коргарони маҳаллӣ ба бунёди иншоот супоришҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншоот дар ҳифзи солимии аҳолӣ, хоса кӯдакон, нақши назаррас хоҳад гузошт.

Ба таври фосилавӣ ифтитоҳи 14 иншоот дар ноҳияи Ёвон ва 5 иншоот дар ноҳияи Хуросон
26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон 14 иншооти таъйиноти гуногун ва 5 иншооти соҳаҳои саноату маорифро дар ноҳияи Хуросон ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ доданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли хиштҳои гаҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Файзи гач, ки иқтидори солонаи он 1,5 млн. дона хиштро ташкил медиҳад, расман оғоз бахшиданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона 18 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ҳамзамон дар минтақаи саноатии деҳоти Даҳанаи ноҳия корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералии Агромикси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Талко Кемикал, ки дар як сол 12,5 ҳазор тонна агромикс истеҳсол мекунад, мавриди истифода қарор дода шуд.

Корхонаи истеҳсолии Агромикс бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бунёд гардида, се номгӯи маҳсулот, аз ҷумла сулфати аммоний, доломит ва фосмука истеҳсол мекунад.

Дар баробари ба фаъолият оғоз бахшидани корхона дар марҳилаи аввал 24 кас бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иншооти дигари фосилавӣ ифтитоҳшуда масири Ёвон – Рӯдакӣ – Душанбе мебошад, ки 31 километрро ташкил дода, аз ҷониби соҳибкори ҳимматбаланд ва меҳандӯст Баҳриддин Ҷӯрахонов таъмиру навсозӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ аз ин қитъаи роҳ иттилоъ дода шуд, ки масири мазкур аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, мутобиқ ба талаботи муосир бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шудааст.

Дар ҳамин ҷо роҳи Ёвон-Ваҳдат-Норак, ки дар масофаи 18 километр бо иқдоми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло пурра навсозӣ шудааст, ба истифода дода шуд.

Инчунин 3 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллӣ, ки дар ҳудуди деҳаи Наврӯзгоҳи деҳоти Норини ноҳияи Ёвон мумфарш шудааст, дар ҳамин рӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бунёд ёфтани ин қитъаи роҳҳо дар рушди инфрасохтори нақлиётии ноҳия, ҳаракати мунтазам дар тамоми фасли сол, беҳтар гардидани иртибот бо шаҳру ноҳияҳои дигар, интиқоли зуд ва бехатарии мусофирон, молу маҳсулоти саноатӣ ва коҳиш додани хароҷоти нақлиётӣ мусоидат мекунад.

Дар доираи истиқболи сазовор аз ҷашни таърихӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди ноҳияи Ёвон 70 километр роҳҳо мумфарш карда шуда, дар оянда боз бунёди 30 километр роҳи дигар дар назар дошта шудааст.

Иншооти навбатӣ бинои нави Муассисаи таълимии рақами 84 ба ҳисоб меравад, ки дар ҳамин рӯз ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид.

Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, имсол дар он 800 хонанда дар ду баст соли нави таҳсилро оғоз менамоянд. Ҳоло дар ин муассиса 4 ҳуҷраи корӣ ва 18 ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Бо бунёди ин бино дигар толибилмон масофаи 3-5 километрро тай накарда, аз ин пас тадрисро дар мактаби деҳаи худ идома медиҳанд.

Бинои дуошёнаи иловагии муассисаи таълимии рақами 3 воқеъ дар деҳаи Ҳинддараи деҳоти Обшорон аз иншооти дигари соҳаи маориф мебошад, ки ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.

Иншооти навбунёд аз 16 синфхона ва 9 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Бинои мазкур бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои асосии муассиса аз соли 1972 сохта шуда, бо гузашти солҳо ба таъмири асосӣ ниёзманд шуда буд. Дар ин ҷо бо оғози соли нави хониш 32 омӯзгор ба зиёда аз 800 хонанда дарс хоҳанд дод.

Ҳамзамон иншооти навбатии мавриди истифода қароргирифта бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии рақами 69 ба номи Асадулло Ғулом воқеъ дар деҳаи Тағойободи деҳоти Обшорон мебошад.

Бино аз 17 синфхонаи таълимӣ ва 8 ҳуҷраи корӣ иборат буда, барои 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Иншооти нав бо саҳми соҳибкор Акбар Асадулло ва сокинони маҳаллӣ бунёд гардидааст. Бо бунёди ин бино 34 омӯзгор соҳиби кори доимӣ гардиданд.

Бинои дуошёнаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 27 дар деҳаи Калфи сабади деҳоти Ситораи сурхи ноҳия дар ҳамин рӯз дари худро барои хонандагон боз намуд.

Дар ин муассисаи таълимӣ 400 ҷойи нишаст барои хонандгон дар ду баст таъсис дода шуда, дорои 8 синфхона ва 3 ҳуҷраи корӣ мебошад. Дар ин ҷо низ 44 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мегарданд.

Ҳамин тавр дар доираи сафари кории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ва идомаи тадбирҳои ободонӣ ба ифтихори истибқоли сазовор аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди 4 муассисаи таълимӣ 66 синфхона барои ба таълим фаро гирифтани 3300 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд. Инчунин корҳои сохтмони дар 23 муассисаи таълимии дигар, ки аз 283 синфхона иборат мебошанд ва барои 14 ҳазору 150 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, бо маром ҷараён дорад.

Ҳоло дар ноҳияи Ёвон зиёд аз 64 корхонаи хурду бузурги саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 2800 ҷойи кори доимӣ таъсис дода шудааст. Саҳми корхонаҳои мазкур дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2025 43,1 фоизро ташкил медиҳад ва дар онҳо 75 номгӯи маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол мешавад.

Дар нимсолаи аввали соли 2026 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 934 млн. 369 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Ҳамзамон дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сардхонаро, ки бо ғунҷоиши 1600 тонна маҳсулот барои ба муҳлати дароз нигоҳдории дастранҷи кишоварзони ноҳияи Хуросон бунёд шудааст, ба истифода доданд.

Ин сардхона дар ҳудуди заминҳои хоҷагии деҳқонии ба номи Асадулло сохта шуда, он аз ду қисмат ва 16 ҳуҷраи нигоҳдории маҳсулот иборат мебошад ва ҳар яки онҳо то 100 тонна иқтидори ғунҷоиш доранд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, Хоҷагии деҳқонии мазкур дар ихтиёри худ 16 ҳазор гектар замин дошта, майдони 1027 гектари онро дарахтони меваҳои хушсифат ва боғи ангур ташкил медиҳад.

Корхонаи истеҳсоли қуттиҳо ва бандубасти меваи хушки ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Маркази агрологистикии Меваи тоҷик низ дар ҳамин рӯз ба фаъолият оғоз намуд.

Ин корхона дар як шабонарӯз зиёда аз 2800 ва дар як сол 1 млн 8 ҳазор қуттӣ барои бандубасти меваи хушк истеҳсол мекунад.

Дар ин корхона 20 мутахассиси маҳҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

Бинои навбатии ифтитоҳгардида муассисаи таълимии рақами 20 дар деҳаи Бандари деҳоти Сурхқалъа мебошад, ки барои бо таълим фаро гирифтани 624 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ин муассисаи таълимӣ аз ду ошёна ва 13 синфхонаи барҳаво иборат мебошад. Дар ҷараёни сохтмони бинои нав 20 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд.

Бинои иловагии муассисаи таълимии рақами 35 низ, ки дар деҳаи Аёнчашмаи деҳоти Фахробод сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Ин бино аз ду ошёна ва 16 синфхонаи таълимӣ иборат буда, дорои 384 ҷойи нишаст мебошад ва барои 768 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкорони саховатпеша ва сокинони ватандӯст қомат афрохт. Баъди ифтитоҳи бинои иловагии таълимӣ норасоии синфхонаҳо ва ҷойи нишаст пурра бартараф гардид.

Муассисаи таълимии рақами 36 дар деҳаи Баҳористони деҳоти Фахробод сеюмин иншооти соҳаи маориф буд, ки ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои нави иловагии муассиса дорои 11 синфхонаи барҳаво буда, барои 528 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ин муассисаи таълимӣ аз тарафи сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Дар идомаи чорабиниҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Хуросон 269 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то ҳол 248-тои он мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ 23 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 25 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуда, дар натиҷа зиёда аз 650 ҷойи корӣ фароҳам гардид.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти як зумра иншооти таъйиноти гуногун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди босуръати корҳои ободонӣ ва созандагӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайёсозии шароити арзанда барои сокинон дастуру тавсияҳо доданд.

Бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ёвон
26 август дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои мазкур ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии ҶумҳурииТоҷикистон ва бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти кормандон ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақахӯрону шаҳрвандон бунёд гардидааст.

Дар бино қабулгоҳ, толори интизорӣ, 13 ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраҳои хизматрасонии “Равзанаи ягона” ва китобхона ҷойгир шудаанд.

Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, компютер ва дигар таҷҳизоти муосири корӣ муҷаҳҳаз буда, барои фаъолияти самараноки кормандон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Бино бо низоми гармидиҳии мутамарказ пайваст аст.

Дар атрофи бино ободонию сабзкорӣ анҷом дода шудааст. Атрофи бино бо гулу гиёҳҳои мавсимӣ, дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз оро дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон зимни шиносоӣ бо шароити иншоот ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, таъмини хизматрасонии босифат ва муносибати масъулиятнок ба муроҷиати шаҳрвандон дастуру тавсияҳо доданд.

Ифтитоҳи Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон
26 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз гардид.

Дар фурудгоҳи муваққатии ноҳияи Ёвон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилояти Хатлон, масъулони ноҳия ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа бо самимият истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон нахуст Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин маҷмааи муҳташами меъморӣ, ки бозгӯй аз таъриху тамаддун, давлатдории миллӣ ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Ёвон бунёд гардидааст.

Майдони рамзҳои давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар масоҳати 1,1 гектар ҷойгир шудааст.

Сутунпояи Парчами давлатӣ 56 метрро ташкил намуда, матоъи Парчам бо дарозии 15 ва паҳноии 7,5 метр парафшон шудааст.

Таҳкурсии иншоот аз сангҳои хорои ватанӣ бунёд ёфтааст.

Дар паҳлуи Парчами давлатӣ муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ қомат афрохта, ба ҳусни мавзеъ шукӯҳи бештар бахшидааст.

Баландии худи муҷассама 8 метр буда, бо таҳкурсӣ баландии умумии он ба 14 метр мерасад.

Истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ ва маҳорати ҳайкалтарошони тоҷик ба муҷассама намои хос бахшида, онро ба як асари меъмории дорои мазмуни баланди таърихиву миллӣ табдил додааст.

Гузоштани шер аз ду паҳлӯи муҷассама бозгӯй аз мардонагӣ, ҷасорат ва тавонмандии миллати тоҷик аст.

Рамзи дигари кишвари соҳибистиқлол ва давлатдории навини тоҷикон – Нишони давлатӣ бо баландии 22 метр сохта шудаааст.

Иншооти муҳташами меъморӣ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба таъриху тамаддуни миллат хизмат намуда, дар таҳкими худшиносӣ ва ифтихору сарафарозӣ аз давлатдории навини тоҷикон аҳамияти хос дорад.

Имрӯз ин макон на танҳо симои ноҳияи Ёвонро дигаргун кардааст, балки метавонад ба як мактаби маънавии худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврас табдил ёбад. Зеро ҳар як рамзи давлатӣ дар ин ҷо ба таърихи миллат, соҳибистиқлолӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ пайванд дорад.

Баробари ба истифода додани Майдони Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Ёвон як гӯшаи нави ободу зебо ва дорои аҳамияти миллӣ ба вуҷуд омад, ки аз ин пас барои баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, инчунин тамошову истироҳати сокинону меҳмонон хизмат хоҳад кард.

Муҳимтар аз ҳама, ин макон метавонад ба мавзеъе табдил ёбад, ки дар он эҳтиром ба Парчам, Нишони давлатӣ, таърихи давлатдории тоҷикон ва арзишҳои миллӣ дар қалби наслҳои нав боз ҳам устувор мегардад.