Маҷлиси олӣ - Садои Мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон
Бисту якуми августи соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа, нахуст, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ байни онҳо ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара майнинг» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди сурма», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо», «Дар хусуси Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРИСТАЛЛ ГРИН ГЛАСС» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни ­Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд вобаста ба лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО «Роғун», марҳилаи II», «Дар хусуси Созишнома дар бораи таъсис ва мавриди амал қарор додани махзани маълумоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) оид ба қочоқ ва қонунвайронкуниҳои гумрукӣ» ва «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар бораи шартҳои будубоши Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод шуданд.

Шурои Маҷлиси намояндагон вобаста ба масъалаҳо «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон», «Оид ба пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иқтисоди рақамӣ», «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» ва «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

«Садои мардум»

Истиқболи ҷашни фархунда бо интихобкунандагон
Бо мақсади табрики интихобкунандагон ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, корҳои ободонию созандагӣ, инчунин, шарҳу тавзеҳи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи мақоми олии намояндагӣ ва қонунбарор, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва баррасии мушкилоту дархостҳои сокинони ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари даҳрӯза – аз 24 август то 2 сентябр ба шаҳру ноҳияҳои кишвар рафтанд.

Аз ҷумла, 24 августи соли равон дар шаҳри Конибодом зимни мулоқот бо интихобкунандагон вакили Маҷлиси намояндагон Насрулло Маҳмудзода дар бораи даст­о­вардҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар давоми 35 соли соҳиб­истиқлолӣ, пешравию комёбиҳои назаррас дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва нақши Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими давлатдорӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди кишвар андешаронӣ намуд.

- Дар оғози тамоми рушду пешрафт, ободкориву созандагиҳо ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз, ба шарофати ин сиёсати дурбинона Тоҷикистон имрӯз дар шоҳроҳи рушди устувор қадамҳои мустаҳкам мегузорад, - гуфт Н. Маҳмудзода.

Ҳамчунин, масъалаҳо вобаста ба таҳкими қонунияту тартибот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Илҳом Камолзода 24-уми август ҳангоми вохӯрӣ бо сокинони деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ доир ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терро­ристӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиё­даравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ суҳбат намуд.

Дар идомаи вохӯрӣ интихобкунандагон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, оид ба таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушду пешрафти соҳоти мухталифи хоҷагии халқи кишвар ибрози андеша намуданд ва дар робита ба мавзуъҳои матраҳгардида миёни иштирокчиён суҳбати озоду самимӣ сурат гирифт.

24-уми август зимни вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Маҳмадшоҳ Гулзода бо сокинони деҳоти ноҳияи Данғара масъалаҳои истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳким бахшидани дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва дигар ­мавзуъҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон имкониятҳои васеъро ҷиҳати рушди устувор, ободонии маҳалҳо ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум фароҳам овард.

- Ба роҳ мондан ва татбиқи чор ҳадафи стратегӣ дар даврони истиқлолият - таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, раҳоӣ аз бунбас­ти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул имконият фароҳам овард, ки соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар рушд ёбанд ва такони ҷиддие дар некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд, - афзуд М. Гулзода.

Дар фарҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар корҳои созандагию ободонӣ ва омодагӣ ба таҷлили шоистаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузорад.

24-уми август дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон Бибиосия Аюбӣ бо интихобкунандагон, фаъолон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо барои таҳкими робитаи бевоситаи вакилони мардумӣ бо интихобкунандагон, баррасии масъалаҳои мубрами рӯз ва шиносоӣ бо пешниҳодҳои сокинон аҳамияти муҳим доранд.
Бибиосия Аюбӣ зимни суханронӣ оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи сиёсати созанда ва дурнамои рушди соҳаҳои гуногуни кишвар маълумот дода, таъкид намуд, ки ҳифзи манфиатҳои мардум ва баррасии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти вакилон ба ҳисоб меравад.

Дар идомаи вохӯрӣ иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар мушкилоти рӯзмарра андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

24-уми август, ҳамчунин, мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон Аҳмад Маҳмуд­зода ва Фазлиддин Икромӣ бо сокинони деҳоти ноҳияи Тоҷикобод доир шуд.

Вакилон зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон доир ба масъалаҳои таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, омодагӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии гаравиши баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, дастгирии ташаббусҳои созанда, роҳ надодан ба зиёдаравию хурофот, вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷомеаи ҷаҳон, таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ суҳбат намуданд.

Зикр шуд, ки истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, ки бо ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайваста ба даст омад, неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демок­ратӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. «Гузашти айём моро ба Ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ки дастоварди бузургтарини миллати тоҷик мебошад, расонид. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию ҳуқуқӣ ба даст ояд», - иброз доштанд вакилони мардумӣ.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

Нодир ТУРСУНОВ,

Исломи РАҶАБАЛӢ,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

Паёми табрикии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб
18-уми августи соли 2026, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз,

Муҳтарам табибон ва кормандони соҳаи тиб!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ва фараҳбахш маҳсуб меёбад, самимона муборакбод мегӯям.

Бо сиёсати дурбинона ва таваҷҷуҳу дастгирии пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи тандурустии кишвар ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, заминаҳои устувори рушди тибби муосири тоҷик, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба фароҳам оварда шуданд.

Фаъолияти босамару шоистаи кормандони соҳаи тибби мамлакат ба донишу таҷрибаи ғанӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, одобу ахлоқи ҳамидаи касбӣ ва садоқат ба халқу миллат асос ёфта, дар таҳкими саломатии аҳолӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ нақши муассир дорад.

Итминони комил дорам, ки кормандони соҳаи тиб бо дарки баланди масъулият ва рисолати касбӣ вазифаи муқаддаси худро ба таври рӯзафзун содиқона иҷро намуда, баҳри таъмини солимии миллат ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон саҳмгузор хоҳанд буд.

Бори дигар ҳамаи табибон, кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳамватанони азизро ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тиб аз самими қалб табрику шодбош намуда, ба онҳо саломатии бардавом ва рӯзгори хушу осударо таманно дорам.

Иди касбӣ муборак бошад!

Аз Шурои Маҷлиси намояндагон
Ҳаждаҳуми августи соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа, нахуст, масъала «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содиротиву воридотии давлатии Австрия оид ба лоиҳаи таҷдиди Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ дар шаҳри Душанбе» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи якуми Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод шуд.

Масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори расмӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни конститутси­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулодда», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмат­расониҳои давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунииомаъмуриирҶумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРИСТАЛЛ ГРИН ГЛАСС» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара майнинг» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди сурма», «Дар хусуси Созишнома оид ба маб­лағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиат­сияи байналмилалии рушд вобаста ба лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО «Роғун», марҳилаи II», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо», «Дар хусуси Созишнома дар бораи таъсис ва мавриди амал қарор додани махзани маълумоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) оид ба қочоқ ва қонунвайронкуниҳои гумрукӣ», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар бораи шартҳои будубоши Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ байни онҳо ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021», «Дар хусуси Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002» ва «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

Шурои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи сафари хизматии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ» ва «Дар бораи ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо – омили муҳимми таъмини ояндаи дурахшони инсоният» қарорҳои дахлдор қабул кард.

«Садои мардум»

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз намоишгоҳи Суғд
14-уми августи соли 2026 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони вилояти Суғд шинос шуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Қобили зикри хос аст, ки намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат, ки дар боғҳои фарҳангию фароғатии пойтахт баргузор мегарданд, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Ҷашни умумимиллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба роҳ монда шудаанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар намоишгоҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ пешниҳод карда, меваю сабзавот, картошка, пиёз, сабзӣ, помидор, бодиринг, полезӣ ва дигар маҳсулотро бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузоштанд.

Ҳамзамон, дар растаҳои махсус ҳунарҳои мардумии сокинони вилоят ба намоиш гузошта шуданд. Маҳсули дастони ҳунармандон, аз ҷумла чакан, гулдӯзӣ, адрасу атлас, кулолгарӣ, заргарӣ, кандакорӣ ва дигар ҳунарҳои суннатӣ, муаррифӣ гардиданд.

Дар бахши дигари чорабинӣ таомҳои миллии тоҷикӣ ба маъраз гузошта шуда, дастархони идона бо хӯрокҳои гуногуни миллӣ, нонҳои суннатӣ, шириниҳо ва дигар маҳсулот ороста буд.

Дар ин замина, таъкид гардид, ки рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба фароҳам омадани шароити мусоид барои фаъолияти истеҳсолӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат кардааст.

Зикр гардид, ки бо роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, барои рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, рушди кишоварзӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои пайваста амалӣ мешаванд.

Имрӯз рушди саноату кишоварзӣ дар вилояти Суғд ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, афзоиши иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави кор ва фаровонии маҳсулот мусоидат намуда истодааст.

Баргузории ярмарка-фурӯш ва намоиши дастовардҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад. Ин чорабиниҳо бозгӯи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, рушди устувори соҳаҳои гуногун ва саҳми арзандаи мардуми шаҳру навоҳӣ дар ободию пешрафти кишвар мебошад.

«Садои мардум»

Номаи табрикӣ
6-уми августи соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ­Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Рубинян Рубен Карапетович номаи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Рубен Карапетович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ба мансаби баланду масъулиятноки Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон интихоб гардиданатон бипазиред.

Эътимод дорам, ки донишҳои касбӣ, таҷрибаи ғанӣ ва масъулияти Шумо ба фаъолияти давлатӣ барои иҷрои бомуваффақияти уҳдадориҳои ба зиммаатон гузошташуда ва рушди минбаъдаи парламентаризм дар Ҷумҳурии Арманистон мусоидат хоҳанд намуд.

Изҳори боварӣ менамоям, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арманистон минбаъд низ тавсеа ва раванди таҳкимёбии ҳамкориҳои байнипарламентии кишварҳои мо ба нафъи мардумони ду давлат идома меёбанд.

Ба Шумо саломатии қавӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳо орзу намуда, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Арманистон сулҳу субот ва шукуфоиро таманно дорам».

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Алимирзамин Аскеров
10-уми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оғлу Аскеров мулоқот намуд.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон (соли 1992) робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон бомаром рушду таҳким ёфта, тайи ин муддат аз сатҳи муқаррарӣ ба шарикии стратегӣ расид.

- Дастовардҳои бузургу беназире, ки тӯли ҳамкориҳо мо ба даст овардем, самараи ҷаҳду талош, дӯстии самимӣ ва иродаи сиёсӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мебошанд. Густариши муколамаҳои доимӣ, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайатҳои гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ яке аз ин далелҳост, - таъкид намуд Файзалӣ Идизода.

Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Корея
10-уми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо муовини Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Пак Ток Хим мулоқот намуд.

Зимни мулоқот мавзуъҳои ҳамкориҳои ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

- Хурсандиовар аст, ки муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳои мо айни замон доираи васеи соҳаҳо - аз муколамаи сиёсии сатҳи баланд ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ то ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ-техникӣ, маориф, фарҳанг ва башардӯстонаро фаро мегиранд. Мо ба рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ ва дипломатияи байнипарлумонӣ ҳамчун механизми муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими эътимод байни кишварҳоямон аҳамияти хоса медиҳем, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода.

Дар идома таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, истифодаи таҷрибаи қонунгузорӣ, густариши робитаҳо байни вакилони парлумонҳо ва рушди муколамаи созанда байни мақомоти қонунгузори давлатҳо муҳим дониста шуд.

- Мо ҷонибдори ҳамкории устувор дар бисёр соҳаҳои муносибатҳои дуҷониба, таъсиси чаҳорчӯбаи зарурии ҳуқуқии байналмилалӣ ва истифодаи имконоти мавҷуда ба манфиати мардумонамон ҳастем. Боварӣ дорем, ки имрӯз ҳамаи заминаҳои зарурӣ барои густариши ҳамкорӣ байни кумитаҳои дахлдори парлумонҳои мо ва гурӯҳҳои дӯс­тии байнипарлумонӣ, инчунин, тақвияти мубодилаи таҷриба дар соҳаи фаъолияти қонунгузорӣ мавҷуданд, - гуфт дар фарҷом Файзалӣ Идизода.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд
10-уми июли соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳ ва роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, зимни иҷлосия, нахуст, оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии рақамҳои 32 ва 47 гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот шунида шуд.

Сипас, рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини соҳавӣ ва дигар сохторҳои дахлдор барои беҳтар намудани низоми логистика дар шаҳри Душанбе ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои таъсиси марказҳои агрологистикиву тақсимоти яклухт ва Маркази нақлиётию логистикии байналмилалии «Душанбе» дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вакилон дар идома вазъи тат­биқи «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» дар шаҳри Душанбе ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро муҳокима намуда, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин робита ба муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки вобаста ба иҷрои босифати барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, таъмини тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорӣ, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғон, инчунин, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои дахлдорро роҳандозӣ намоянд.

Сипас, вакилон натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда, дар ин хусус гузориши муовини якуми Раи­си шаҳри Душанбе шунида шуд.

Вобаста ба масъалаи мазкур муҳтарам Рустами Эмомалӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва масъулони дигар сохторҳои дахлдорро супориш доданд, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани қонуншиканиҳо дар мавриди бунёди биноҳои баландошёна ва манзилҳои истиқоматии шахсӣ, берун аз лоиҳаи тасдиқшуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ, бунёди ошёнаи иловагӣ ва сохтмони худсарона чораҳои қатъӣ андешанд.

Инчунин, таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои пурраи нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагӣ ва сохта ба истифода додани иншооти ҷашнӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёду навсозии босифати роҳҳои автомобилгарди дохилишаҳрӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои сазовор таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, инъикос ва тарғиби корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт, дастовардҳои замони истиқлол, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию ватанпарастӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, одоби шаҳрнишинӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ ба масъулин дастурҳо доданд.

Ҳамчунин, супориш дода шуд, ки ҷиҳати назорати ҳолати санитарию эпидемиологии ошхонаю тарабхонаҳо ва нуқтаҳои фурӯши хӯроки умум, танзими болоравии нархҳои баъзе маҳсулоти ниёзи аввал ва тақвият бахшидани низоми хизматрасонии ғайринақдӣ дар соҳаи савдою хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад.

Муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ба муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе дастур доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор барои фаъолияти дурусти ширкатҳои мусофиркашонии таксӣ масъалаи аз байн бурдани маблағи 100-сомонаро омӯхта, дар муҳлати кӯтоҳ аз рӯи усулҳои наву муосир таклиф пешниҳод намояд.

Ҳамчунин, барои дуруст танзим намудани хизматрасонии нақлиётӣ, нигоҳдории ҳолати техникӣ, риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, санҷиши ҷиддии ҳолати руҳию равонии ронандагони воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, тозаю озода нигоҳ доштани воситаи нақлиёти мусофиркашонӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъулини самти саноат ва энергетика супориш доданд, ки ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла сарулибоси мактабӣ, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар рафти иҷлосия, ҳамчунин, таъкид гардид, ки барои анҷом додани корҳои ободонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани боғҳо, гулгаштҳои шаҳр ва нигоҳубини дурусти дарахтон чораҳои саривақтӣ андешида шавад.

Таъкид гардид, ки бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзии ҳудуди шаҳри Душанбе ва аз як замин гирифтани ду - се ҳосил бо хоҷагидорон корҳо тақвият бахшида шаванд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи пойтахт ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва амнияти сокинону меҳмонони пойтахт дар арафаи ҷашну идҳои дарпешистода, инчунин, пешгирии содиршавии ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳо байни ҳама қишри ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонону ноболиғон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва аз байн бурдани фарҳанги бегона дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Вакилон зимни иҷлосия, ҳамзамон, як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар масъалаҳои кадрӣ ва дигар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия муҳтарам Рустами Эмомалӣ вакилон ва ҳамаи иштирок­доронро ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, бо таманнои хизмати содиқонаву софдилона баҳри рушду пешрафти пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе ба онҳо саодатмандиву хушрӯзӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешравию шукуфоӣ таманно намуданд.

«Садои мардум»

Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо Ҷон Сонг Шик
8-уми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик мулоқот намуд.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки тӯли 34 соли муносибатҳои дипломатӣ давлатҳои мо заминаи устувори эътимоди мутақобила ва ҳамкории созандаро ташаккул додаанд, ки натиҷаи он густариши робитаҳои сиёсӣ, парламентӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, башардӯстона ва фарҳангӣ мебошанд.

- Дипломатияи парламентӣ дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим бозида, иштироки пайвастаи парламентҳо ва намояндагони мардумро дар муносибатҳои байналмилалӣ таъмин менамояд. Ҳамзамон, зарур аст, ки аз имкониятҳои мавҷуда ва иқтидори то ҳол истифоданашуда барои таҳкими минбаъдаи шарикии иқтисодии мутақобилан судманд самаранок истифода барем,- афзуд Файзалӣ Идизода.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо омодагии худро барои мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ду кишвар, инчунин, иштироки фаъол дар Машварати раисони парламентҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея, таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ иброз намуданд.