Иҷтимоиёт - Садои Мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият, яъне, зиндагии шоиста
Дар матбуоти даврӣ, шиору овезаҳо мафҳуми «истиқлолият» ба ҳар маъно шарҳу тавзеҳ дода мешавад. Ин калима дар «Фарҳанги истиҳолоти ҳуқуқӣ» ворид нагардидааст. Дар банди якуми моддаи 1 Конститутсия баъд аз ибораи «Ҷумҳурии Тоҷикистон» вожаи «давлати соҳибихтиёр» омадааст, ки гувоҳи аввалиндараҷа донистани мафҳуми «истиқлолият» буда, маънои соҳибихтиёрӣ дар фаъо­лияти давлатро ба худ касб намудааст. Соҳибихтиёрӣ аз калимаи фаронсавии «суверенитет» (касбияти олӣ) гирифта шуда, маънои волоият ва истиқлоли ҳокимиятро дорад.

Соҳибихтиёрии Тоҷикистон, яъне истиқлол, дар он ифода мегардад, ки давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ, яъне роҳу усулҳои тараққиёту инкишофи худро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷиро мустақилона, бе дахолати давлату қувваҳои беруна муайян мекунад.

Соҳибихтиёрии халқ боз дар он ифода меёбад, ки Президент, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро халқ ба воситаи интихобот интихоб менамояд ва онҳо ҳуқуқи аз номи халқ баромад карданро соҳиб мешаванд.

Раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ ва таҷассуми соҳибихтиёрии халқ ба шумор меравад. Илми давлатшиносӣ дар радифи соҳибихтиёрии халқ боз ду навъи соҳибихтиёрӣ – соҳибихтиёрии давлатӣ ва соҳибихтиёрии миллиро эътироф менамояд. Соҳибихтиёрии давлат дар волоияти ҳокимияти давлат дар дохили давлат ва истиқлолияти пурраи он дар муносибатҳои беруна ифода меёбад.

Ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар шакли пурраашон дар қаламравии давлат амал карда, ҳеҷ гуна дахолати мамлакатҳои хориҷиро намепазирад.

Мафҳуми «соҳибихтиёрии миллӣ» ифодакунандаи ҳокимияти комили миллат, озодии сиёсии он ва имкониятҳои фароҳам овардани шароит барои ҳаёти миллатамон мебошад. Тоҷикистон дар муносибатҳои байналхалқӣ соҳибихтиёр буда, муносибатҳои хориҷиашро бо давлатҳои дигар мус­тақилона ҳаллу фасл менамояд.

Ҳарчанд оғози давлатдории навини халқи тоҷик аз соли 1991 ибтидо гирифтааст, вале ин нукта ҳаргиз маънои онро надорад, ки тоҷикон танҳо дар поёни садаи ХХ соҳиби давлат шуда бошанд. Анъанаи давлатдории тоҷикон таърихи беш аз дуюнимҳазорсола дорад. Давлатҳои Ҳахоманишиҳо, Сосониён, Сомониён гувоҳи сиёсати мустақилона барпо кардани низоми давлатдории тоҷикон мебошанд. Маҳз, таҷрибаи давлатдории Сомониёнро, ки фаъолияти давлат ба воситаи вазоратҳо амалӣ мешуд, халқҳои дигар меомӯхтанд. Ба хотир биёред таърихи давлатдории сулолаи Салҷуқиёнро. Барои идора кардани давлат вазири аъзам Низомулмулк ба онҳо китоби «Сиёсатнома» навишт.

Ташкили давлати тоҷикон зери султаи болшевикон ҳафтод сол идома ёфта бошад ҳам, халқи тоҷик соҳибистиқлол, соҳибихтиёр набуд. Дар ин муддат фарзандони фарзонаи миллат, шахсиятҳои бонангу ори халқ, аз қабили устод Садриддин Айнӣ, сиёсатмадорон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳиддинов ва дигарон, барои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ мубориза бурда, дар ин роҳ қурбон шуданд.

То қабули Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлол (соли 1994) бори нахуст оид ба истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санади ҳуқуқии «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми августи соли 1990 сухан рафт. Дар моддаи 1 эъломияи мазкур мафҳуми «истиқлолияти давлатӣ» ҳамчун «ягонагӣ ва ҳукмронии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» маънидод шудааст. Баъдан, «Изҳороти Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардида, тавассути ин санад Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон эътироф шуд. Пас аз ин Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсусро «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул кард, яъне изҳороти мазкур тавассути қарори Шурои Олӣ қонунӣ гардонида шуд. Худи ҳамон рӯз, яъне 9-уми сентябри соли 1991, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи (Қонуни асосӣ) Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардида, Истиқлолияти воқеии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи қаламрави кишвар санаи 9-уми сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи воқеан ба истиқлолияти давлатӣ, яъне, соҳибихтиёрии пурра расидани давлати Тоҷикистон эълон шудааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад.

Инак, мо дар арафаи Ҷашни бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Бояд талош, заҳматҳои ҳамарӯза, сиёсати созандаю бунёдкорона ва ташаббусҳои бешумору бесобиқаи Сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро, ки ҳамчун сиёсатмадори сатҳи байналхалқӣ эътироф шуда, баҳри ободии кишвари азизамон, пайдории давлат, мустаҳкам намудани сулҳу субот ҷонбозиҳо карда истодаанд, дастгирӣ кунем, ин истиқлолро азизу муқаддас донем ва ҳифз намоем. Ҳама чун як тан дар атрофи Ҷаноби Олӣ саф кашида, барои ҳимояи Истиқлоли давлатӣ дониш, таҷриба, малака ва, агар лозим ояд, ҷони худро дареғ надорем.

Зариф ҒУЛОМ,

ҳуқуқшинос, собиқ муовини раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чаро баъзе омӯзгорон аз имтиёзҳои худ бархӯрдор нестанд?
Гузаштагони мо ба омӯзгор эҳтироми хоса доштанд, мақому манзалаташро ба ҷо меоварданд ва ин анъана то кунун идома дорад. Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» (3 майи соли 2006, №197) ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» (17 декабри соли 2025) далели равшани ин гуфтаҳост. Агар муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон ба хотири дастгирии иҷтимоию беҳбуди зиндагонии онҳо нигаронида шуда бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҷойгоҳи ҳуқуқӣ, ҳифзи шаъну шараф, кафолатҳои иҷтимоӣ ва фаъолияти касбии омӯзгоронро дар кишвар танзим менамояд.

Аммо, мутаассифона, баъзан дар навоҳии кишвар ба ин масъалаи муҳим чандон аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад, аз ҷумла дар деҳоти шаҳри Истаравшан. Ҳоло масъалаи дастгирии ҳамаҷонибаи омӯзгорон дар деҳоти Истаравшан, аз ҷумла баъзан сари вақт пардохт нагардидани маош ва аз хизматрасонии тиббии ройгон бархӯрдор набудани онҳо, нигаронкунанда боқӣ мемонад. Таъмин нагардидани омӯзгорон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ бошад, мушкили асосӣ аст, зеро ба ин сабаб баъзе омӯзгорон фаъолияти педагогии худро тарк карданд.

Агар омӯзгор соҳиби замин шавад ҳам, солҳо такудав, сарсонию саргардонии зиёд менамояд. Масалан, ҳамкори мо омӯзгор Ғафурӣ Фатҳулло баъди талошҳои беш аз ҳафтсола соҳиби замин барои бун­ёди хона шуд. Банда, ҳамчун омӯзгори ҷавон, зиёда ҳафт сол мешавад, ки барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ такудав дорам, вале муроҷиати пай дар пайи ман ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва дигар идораҳои марбута ҳанӯз ҳам бе натиҷа мондаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки омӯзгорони ҷавони эҳтиёҷмандро дар нав­бати аввал бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин намоянд.

Тибқи банди 4 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», давлат ба омӯзгороне, ки дар деҳот фаъолият мекунанд, ташкили шароити заруриро кафолат медиҳад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор аст, ки дар доираи имконият ҷиҳати бо манзили истиқоматӣ ва иҷораи манзили истиқоматӣ таъмин намудани омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маблағҳои заруриро пешбинӣ карда, барои ба онҳо бе навбат ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ чораандешӣ намоянд.

Омӯзгор ояндасоз аст. На танҳо аз роҳи илм, балки тавассути одобу ахлоқи ҳамида ояндаи шогирдонро мунаввар месозад. Хурофоту ҷаҳолатро дур намуда, инсонҳои комилу ватандӯстро ба воя мерасонад. Умуман, сарчашмаи ҳама пешравиҳо, рушду тараққиёт, ободиву сарсабзӣ ва созандагӣ аз сабақҳои омӯзгор ибтидо мегирад. Вале дар сурати расидагӣ накардан ба мушкилоташон ва ба назар нагирифтани имтиёз­ҳояшон омӯзгорон маҷбур мешаванд тарки пеша кунанд, ки ин барои ҷомеа чандон паёмади хубе надорад. Умедворем бо дарки ин ҳақиқат ва масъулияти ба зиммадоштаашон масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дар соли нави хониш имтиёзҳои мо - омӯзгорони ҷавонро ба назар гирифта, пайи ҳаллу фасли мушкилотамон мешаванд.

Шерзод КОМИЛӢ,

омӯзгор аз шаҳри Истаравшан

Кӯлоб. Қариб 5000 нафар бо ҷойи кор таъмин шуданд
Дар шаш моҳи соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 4852 нафар бо ҷойи кори доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд. Дар ин бора сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҷӯрабек Қурбонзода иттилоъ дод.

Дар ин давра ба 1018 нафар бекорон кумакпулӣ таъин гардидааст. Ҳамчунин, ба 1654 нафар ба маблағи 1 миллиону 838 ҳазору 770 сомонӣ кумакпулӣ пардохт гардидааст.

Инчунин, дар шаш моҳи соли равон 104 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, соҳибкорон ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ доир шуда, дар онҳо 714 нафар бо ҷойи кор таъмин гаштаанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»

Иштироки Рустами Эмомалӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ
Мавриди зикр аст, ки рӯзҳои 15-16 августи соли равон ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид. Дар он паҳлавонони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон дар 9 вазн - 6 вазн байни мардон ва 3 вазн байни занон - барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ рақобат намуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ соҳиби 12 медал - 5 тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ гардид. Медалҳои тиллоии Тоҷикистонро Муҳаммад Салимов дар вазни то 65 кг, Абдуллои Ориф дар вазни то 71 кг, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 78 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 95 кг ба даст оварданд.

Дар вазнҳои то 71 кг Умар Шеров, то 78 кг Қоим Шукронов ва дар вазни беш аз 95 кг Шарифҷон Назриев соҳиби медалҳои нуқра шуданд.

Медалҳои биринҷиро Ёсин Бобокалонов дар вазни то 65 кг, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кг, Акмал Муродов дар вазни то 95 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 95 кг ба даст оварданд.

Ба ғолибони ҷойи якум 20 ҳазор доллари ИМА, ба барандагони медали нуқра 10 ҳазор доллар ва ба соҳибони медалҳои биринҷӣ 5 ҳазор доллари ИМА тақдим шуд.

Дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ идомаи муваффақонаи аввалин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ дар ин риштаи варзиш ба шумор меравад. Чемпионати якуми ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ 28-31 августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он зиёда аз 200 варзишгар аз 60 давлати ҷаҳон иштирок карда буданд.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Ҳодисаҳои табиӣ 519 ҳолат зиёд шудааст
Нимсолаи якуми соли 2026 дар қаламрави Тоҷикистон 741 ҳодиса ва ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 519 ҳолат зиёд мебошад.

Ба иттилои раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, аксари ҳодисаҳои табиӣ ба фаромадани тарма марбутанд.

Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 12 нафар ба ҳалокат расида, ба иқтисодиёти шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 52 миллиону 827 ҳазор сомонӣ зарар расидааст.

Дар ин давра воҳидҳои наҷотдиҳии кумита 47 нафарро наҷот дода, 60 сокини минтақаҳои хатарнокро ба ҷойҳои бехавф кӯчонидаанд.

Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,

«Садои мардум»

«Маркази ҳифзи маълумот» таъсис ёфт
Дар назди Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» таъсис дода шуд.

Дар ин бора муовини якуми директори агентӣ Ҳаким Исмоилзод хабар дод.

- Фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ҳифзи маълумот» ба таҳкими амнияти киберӣ ва ҳифзи иттилоот дар низомҳои давлатӣ ва махзанҳои коркарди маълумот равона гардида, назорати ҳамаҷонибаи раванди ҷамъоварӣ, коркард, истифода, паҳнкунии маълумот ва татбиқи механизмҳои ҳифзи барномавӣ, ба истиснои маълумоти дорои сирри давлатӣ, амалӣ карда мешавад. Ин иқдом ба баланд бардоштани эътимоднокӣ, шаффофият ва устувории низомҳои иттилоотӣ мусоидат менамояд, - афзуд манбаъ.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Рисолати худро дуруст анҷом диҳем
Мувофиқи моддаи 8 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё аз тариқи зӯрӣ ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки таҳдидҳои афзояндаи экстремизм ва терроризм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот муборизаро дар ин самт минбаъд низ пурзӯр намуда, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба терроризм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқии дигарро қабул намуд. Дар доираи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳазорҳо чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботӣ аз ҷониби субъектҳои дахлдор амалӣ гардид, ки дар пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда саҳм гузоштанд. Дар ин самт нақши мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ ҷиҳати муқовимат ба экстремизм ва терроризм, мубориза бар зидди созмонҳои фаромиллии ифротӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ бориз мебошад.

Вале, новобаста аз татбиқ намудани чорабиниҳои мушаххас аз тарафи мақомоти дахлдор, ҳоло ҳам бархе аз ҷавонон гирифтори доми гурӯҳҳои ифротгаро мегарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксари онҳо ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террорис­тӣ ҷалб ва шомил гардидаанд. Тавре таҷриба нишон медиҳад, афкори ифротии ин гуна ташкилот барои мардуми тоҷик бегона буда, асосан, аз хориҷи кишвар таҳмил мешаванд. Аз ҷумла, гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ва аъзои фаъоли онҳо бо дастгирии хоҷагони хориҷӣ даҳҳо ҷинояти вазнин ва махсусан вазнинро содир карда, ҳадафи асосиашон ноором сохтани авзои сиёсӣ ва бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионию ғасби ҳокимият мебошад.

Сарфи назар аз тақвияти фаъолияти субъектони таблиғотию фаҳмондадиҳии кишвар, ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои махсусе ҳастанд, ки ба таври озод дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ андешаҳои экстремистии худро паҳн намуда, ба руҳия ва мафкураи махсусан ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд ва онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд.

Аз ин рӯ, бо назардошти чунин хатарҳои фазои маҷозӣ ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсию равонӣ устувор ва таъсирнопазир бошанд ва зудбовару фирефта нашаванд. Ҳушёру зирак ва мафкураи таҳлилӣ дошта бошанд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд бо эҳсоси амиқи ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус, амалҳои фоҷиабори онҳоро хуб фаҳманд, дар ғафлат намонанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳимояи Ватанро аз таҳдиди хатарҳои муосир вазифаи ҷонии худ қарор диҳанд. Муборизаи мо ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ, дар асл, мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад».

Воқеан, истиқлоли давлатӣ ва сулҳу ваҳдат барои мо вожа ё калимаҳои одӣ нестанд, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва, муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон мебошанд. Ягонагӣ ҳамеша бар ҷангу ҷидол ва нифоқу ҷудоӣ пирӯз мегардад. Аз ин рӯ, вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти миллати мо, бахусус ҷавонон, ҳифзи истиқлолият, марзу буми Ватан, таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳоямон мебошад. Мо бояд Ватани худро самимона дӯст дорем ва барои ободиву шукуфоии он пайваста талош варзем.

Суруш ШАРИФЗОДА,

коромӯзи прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Ҷавонон ва хатарҳои муосир
Роҳи наҷот тафаккури таҳлилӣ ва зиракии сиёсӣ

Хатар ҳамеша дар ҷомеа вуҷуд дошт ва инсонҳо аз ҳодисаҳои нохуш, хоса аз фалокатҳои табиию ғайричашмдошт, дар амон набудаанду нестанд, аммо асри иттилоот, ки мо дар он зиндагӣ дорем (ҳарчанд барои таҳсилу илмомӯзӣ ва рушди одамон имкони хубе фароҳам намудааст), боз хатарҳои наверо ба миён овардааст, ки бештар ба ҷавонон таҳдид мекунанд.

Бо рушди технологияи коммуникатсионӣ, ки он, дар навбати худ, муҷиби пайдоишу густариши шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, душманони миллату фарҳанги мо низ то андозае «фаъол» гаштаанд. Мушоҳида мешавад дар фазои интернет, ки ҳоло босуръаттарин роҳи паҳн намудани иттилоъ маҳсуб меёбад, ҳар гуна хабарҳои иғвобарангез нашр мекунанд. Медонанд, ки ҳоло аксари ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳузур доранд ва мехоҳанд аз ин роҳ ба онҳо таъсир расонанд. Онҳо ин амалро огоҳона анҷом медиҳанд. Мехоҳанд заминаи тазодро ба вуҷуд оранд. Медонанд, ки дар ин сурат, яъне агар дар ҷомеа тазод вуҷуд дошта бошад, аз берун ба таҳрик овардани онҳо чандон душвор нест.

Ифротгароёни динию террористон низ аз шабакаҳои иҷтимоӣ тавассути иттилоъпаҳнкунӣ ниятҳои нопоки худро бисёр зиракона пиёда месозанд. Дар ин асно баъзе ҷавононе, ки зиракии сиёсию тафаккури таҳлилиашон ҳанӯз ташаккул наёфтааст, мағзшӯӣ мешаванд.

Умуман, фазои иттилоотӣ ҳоло майдони набарди идеологӣ, сиёсӣ, фарҳангиро мемонад. Ҳатто баъзе иду ҷашнҳои миллии мо, ки таърихи чандинҳазорсола доранд, инкор мешаванд. Чунончӣ, Наврӯз. Ҳол он ки Наврӯз аз унсурҳои асосии фарҳанги миллати мо маҳсуб меёбад. Оинаеро мемонад, ки асли моро инъикос мекунад ва урфу одат, анъанаҳои миллӣ, тарзи зисту зиндагии мардуми мо дар розҳои ошкору ниҳони он таҷассум ёфтааст. Аз ин рӯ, ҳар гуна амалу андешаҳои нопок нисбат ба ин ҷашни бостонӣ ҳамчун таҳдид ба тамоми урфу одат, анъанаҳои миллӣ ва таърихи ғановатманди мо бояд қабул шавад, аммо вақте баъзе ҷавонон таҷлили ин гуна ҷашнҳоро чандон муҳим намешуморанд, ба чунин хулоса меоем, ки душманони идеологии мо гоҳе ошкору гоҳе ниҳон, оҳиста-оҳиста андешаҳои бегонаро ба онҳо таҳмил намуда истодаанд.

Ҳолатҳои зикршударо коршиносон муноқишае номидаанд, ки «аз ҷониби душман ба нозуктарин нукта - тафаккури инсон, ҷойгоҳе, ки тамоми нияту гуфтору рафтори инсон шакл мегирад ва дар мувозина ба воқеият қарорҳои муҳим бояд қабул намояд, равона шудааст. Ба мисоли одӣ, душман воситаи биниши ақлу хирад ва узвҳои эҳсосотиро маънаван бо иттилои ғаразнок шикаста, нобино ва ё каҷбин месозад». Ташвишовар ин аст, ки мардум, хоса баъзе ҷавонон, намедонанд, ки ин гурӯҳҳо ҳадафҳои мушаххасу нопок доранд.

Мушкили дигар ин аст, ки ба воситаи иттилоъ фарҳанги ғайр таҳмил мешавад. Фарҳангшиносон мегӯянд дар ин маврид омезиши фарҳангҳо рух медиҳад, ки барои ҳар қавму халқу миллат таъсири манфӣ дорад, зеро намунаҳои фарҳанги бегона тадриҷан унсурҳои фарҳанги худиро фишор дода, мавқеашонро соҳиб мешаванд. Чунин омезиши фарҳанги бегона ба ҳувияти ҷавонон беасар намемонад. Чун фарҳангу арзишҳои дигари маънавӣ ба унсурҳои бегона махлут шуданд, ҳувият заиф мегардад. Воқеан чунин аст. Мо таъсири манфии ин равандро имрӯз ҳам дар тарзи зиндагӣ ва ҳам дар бисёр арзишҳои миллию фарҳангӣ ошкоро мушоҳида карда метавонем. Марвин Минский, олими амрикоӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ, андешаи ҷолиб дорад: «Ҳеҷ як компютери муосир он чизеро, ки худи ӯ иҷро менамояд, фаҳм намекунад, мо инсонҳо низ дар бештари маврид ҳини иҷрои амалҳо моҳияти онҳоро дарк намекунем». Воқеан, чунин аст. Гоҳе кӯтоҳандешию хушбоварӣ, аз паёмади ин ё он амал наандешидан муҷиби бадбахтӣ ё фалокати ҷуброннопазир мегардад.

Албатта, мо ин тарз карда наметавонем, ки иттилои иғвобарангези душманони миллатамон ворид нагардаду фарҳанги ғайр ба сарамон таҳмил нашавад. Коршиносон инро ғайриимкон медонанд, аммо зарур мешуморанд, ки тафаккури шаҳрвандон, хоса ҷавонон, ки ояндаи миллат ба дӯши онҳост, ташаккул дода шавад, то дар ин ҳолат сараро аз носара ҷудо карда тавонанд.

Сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвари мо сиёсати созанда аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароит­ро барои рушди дурусту ҳамаҷонибаи ҷавонон муҳайё сохтаанд, аммо тавре мушоҳида мешавад, имрӯз асри иттилоъ чунин имкон фароҳам оварда, ки бо фитна ҳама дарҳо шикаставу ҳама қуфлҳо боз мегарданд. Ин бори дигар собит месозад, ки ҷавонон ҳанӯз ҳам қишри осебпазири ҷомеа боқӣ мемонанд. Дар чунин шароиту чунин рӯзгори пуршӯру шар танҳо огоҳӣ, шинохти ҳақиқат мо, хоса, ҷавононро аз ҳама хатарҳо эмин медорад. Воқеан, агар дар бархӯрд бо чунин зуҳурот зирак ва қавӣ набошем, мағлуб хоҳем шуд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

57 ҳазор ҷойи нави кор аз ҳисоби иншооти ҷашнӣ
Аз ҳисоби бунёди иншоот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 57 ҳазору 151 ҷойи нави кор фароҳам шудааст.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз дар саросари кишвар 31 ҳазору 377 иншооти таъиноти гуногуни ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтааст, ки ба 106,3 фоизи нақша баробар аст.

Барои сохтмони иншооти иҷтимоӣ беш аз 32 миллиард сомонӣ ҷудо гардидааст, ки қисми зиёди он ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе рост меояд.

Камолиддин Муминзод, ҳамчунин, таъкид кард, ки саҳми соҳибкорони ватанӣ ва сокинони меҳандӯсти кишвар дар бунёди иншооти ҷашнӣ назаррас мебошад.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

«Садои мардум»

Истиқлоли давлатӣ ва иқтидори зеҳнӣ
Аз соҳаи афзалиятнок то тадбирҳои амалӣ

Истиқлоли давлатӣ барои ҳар давлату миллат неъмати бебаҳо ва рамзи озодию соҳибихтиёрӣ буда, чун омили аслии рушд ва пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ эътироф мешавад. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои пойдории сулҳу субот ва ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон хизматҳои беназир намуда, дар ин марҳила барои ба эътидол овардани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла барои рушди соҳаи илму маориф низ, заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шуд. Бо мақсади таъмини рушди бомароми соҳаи маориф ва илм, инчунин, фаъолияти самараноки соҳаи мазкур дар ин давра як силсила санадҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳар яки онҳо барои таъмини фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олии кишвар нақши муассир гузоштанд.

Қобили қайд аст, ки ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд боиси ба вуҷуд омадани таҳаввулоти ҷиддӣ дар ҳаёти моддию маънавӣ гардида, дар ин замина, дар назди муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ вазифаҳо ва масъулияти муҳим ба миён омаданд. Вобаста ба ташаккули муносибатҳои нав дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мутобиқшавии соҳаи маориф ва илм ба ин равандҳо, хусусан, роҳандозӣ намудани тадқиқотҳо тибқи ниёзҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, тарбияи мутахассисони сатҳи баланди илмӣ ва, дар ин замина, таҳким бахшидани иқтидори зеҳнии ҷумҳурӣ ба зарурати воқеӣ табдил ёфт, зеро Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки низоми ташкил ва идораи илм, хусусан тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ, бояд тибқи меъёрҳо ва талаботи давлати соҳибистиқлол ба роҳ монда шавад.

Бояд зикр намуд, ки аз рӯзҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, хусусан, аз солҳои 2000-ум ин ҷониб, ки фазои сиёсӣ ва ҳаёти иқтисодии ҷумҳурӣ рӯ ба эътидол оварда буд, масъалаи маориф, илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифт. Бо ин мақсад маориф соҳаи афзалиятнок эълон шуда, инчунин, як силсила тадбирҳое амалӣ гардиданд, ки барои мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажуҳишгоҳҳо ба талаботи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ, қабл аз ҳама, дар самти ҷалби ҷавонон ба илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, дар ин давра (соли 2004) таъмир ва мавриди истифода қарор додани хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон бо маблағи 4,5 миллион сомонӣ барои 270 нафар ва, ҳамзамон, 4 баробар зиёд намудани идрорпулии аспирантҳо аз иқтидомоти муҳим ва саривақтии Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, барои ҷалби олимони ҷавон ба илм ва, инчунин, ҳифзи иҷтимоии онҳо нақши муассир гузошт. Тибқи таҳлилҳо, то аввали солҳои 2000-ум дар аксари муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олӣ теъдоди аспирантҳо ангуштшумор буданд. Баъди амалӣ гардидани ин тадбир аз ҷониби Ҳукумат масъалаи қабул ба аспирантура дар тамоми муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ ба таври чашмрас рӯ ба беҳбудӣ овард.

Ҳамчунин, таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавони ҷумҳурӣ аз иқдомоти дигари Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад, ки дар ин марҳила барои дастгирии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба соҳаи илм хеле муҳим ва саривақтӣ буд. Дар маҷмуъ, то соли 2010 доир ба дастгирии молиявии соҳаи илм ва ҳифзи иҷтимоии олимони ҷумҳурӣ аз ҷониби Ҳукумат 27 санади давлатӣ ба тасвиб расидааст, ки ин ба фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ дар самти тадқиқот ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар ин марҳила нақши муҳим гузошт.

Рушди ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва ворид гардидани технология­ҳои гуногуни инноватсионӣ, афзудани талаботи мардум ба дастовардҳои илму техника, тағйир ёфтани фазои таҳсилот ва дигар омилҳои муҳим водор намуд, ки баҳри тарбияи мутахассисон ва, хусусан, кадрҳои соҳибунвон барои самтҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Бо дарки воқеии вазъият ва ҷиҳати ислоҳи мушкилоти мавҷудаи кадрӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №296 «Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» ба тасвиб расид. Маврид ба ёдоварист, ки ин барномаи шашсола барои рафъи буҳрони кадрӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар мусоидат намуд ва, ба ин хотир, аз ҷониби ҷомеаи илмии ҷумҳурӣ чун амали муҳиму саривақтӣ пазируфта шуд.

Тавре медонем, 18 марти соли 2020 мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони аҳли илму фарҳанги ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин мулоқот масъалаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди муҳокимаи ҷиддӣ қарор гирифта, Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки бо назардошти зарурати кадрии ҷумҳурӣ барномаи тайёр кардани кадрҳои илмиро таҳия ва пешниҳод намояд. Дар асоси ҳамин супориши Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии тайёр кардани ­кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» таҳия гардида, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (30 июни соли 2021, №264) тасдиқ гардид.

Раванди татбиқи барномаи мазкур собит намуд, ки он ба ниёзмандиҳои фаъолияти илмӣ дар ҷумҳурӣ, талаботи муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ дар шароити муосир чандон ҷавобгӯ набуда, ба бозбинӣ ва такмил ниёз дорад. Маҳз, бо назар­дошти ҳолати мавҷудаи илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ дар ҷумҳурӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар (28.12.2024) ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо дарки амиқи ҳолат таъкид намуданд, ки: «...вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, Академияи миллии илмҳо, Комиссияи олии аттестатсионӣ, академияҳои соҳавӣ ва дигар сохторҳои марбутаро зарур аст, ки «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030»-ро дар муддати ду моҳ таҷдиди назар карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд».

Вобаста ба ин дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти талаботи муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ ба ­кадрҳои дорои дараҷаҳои илмӣ «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021 – 2030» таҷдиди назар гардида, дар таҳрири нав барои солҳои 2025-2030 тасдиқ карда шуд. Айни ҳол раванди омода намудани кадрҳои илмӣ дар муассиса ва корхонаю ташкилотҳои кишвар тибқи барномаи мазкур идома дорад.

Маврид ба зикр аст, ки илму маорифи пешрафта ва олимону мутахассисони болаёқат кафили рушд ва бунёди иқтидори зеҳнӣ маҳсуб шуда, барои мақоми шоиста пайдо кардани кишварҳо дар арсаи ҷаҳонӣ нақши муҳим доранд. Аз ин рӯ, таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тибқи талаботи ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ аз нав таҳия ва пешниҳод намудани барномаи тайёр намудани кадрҳои илмӣ барои ҳолати имрӯзаи соҳаи мазкур муҳим ва саривақтӣ маҳсуб шуда, масъулони соҳаро водор месозад, ки ба раванди татбиқ ва сифати иҷрои барномаи мазкур таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Омӯзиш ва таҳқиқи раванди омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар даврони истиқлолият собит месозад, ки тавассути тадбирҳои муҳиму зарурии андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ вазъи таъмини муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мактаҳои олӣ ва корхонаю муассисаҳо бо кадрҳои илмӣ дар замони истиқлолият рӯ ба беҳбудӣ овардааст. Масалан, тибқи маълумот, то замони истиқлолият дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 58 муассисаи илмӣ, аз ҷумла 13 мактаби олӣ, ба фаъолияти тадқиқотӣ машғул буданд. Дар ин давра шумораи умумии докторони илм 229 нафар (аз ҷумла, занҳо – 28 нафар) ва номзадҳои илм 3074 нафар (занҳо – 807 нафар)-ро ташкил медоданд. Имрӯз бошад, теъдоди мактабҳои олӣ дар ҷумҳурӣ тақрибан 48 ададро ташкил намуда, теъдоди донишҷӯён ба 214 ҳазор ва номзадҳои илм ба 5333 нафар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба давраи пеш аз истиқлолият 2263 нафар зиёд мебошад.

Тавре маълум аст, яке аз воситаҳои муҳими тайёр намудани кадрҳои илмӣ амалӣ намудани тадбирҳо тавассути ­фаъол намудани кор дар самти магис­тратура ва аспирантура мебошад. Бояд зикр намуд, ки то солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ низоми тайёр намудани кадрҳои илмӣ тавассути аспирантура, докторантура ва унвонҷӯйӣ амалӣ карда мешуд, лекин теъдоди қабул ба аспирантура ва муассисаҳое, ки ҳуқуқи қабул барои аспирантураро доштанд, хеле маҳдуд буд. Масалан, дар соли 1991 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 10 муассиса барои қабул ба аспирантура ҳуқуқ доштанд, вале имрӯз бошад, теъдоди чунин муассисаҳо 24 ададро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, аз ҳисоби мактабҳои олӣ дар соли 1991 ҳамагӣ 4 мактаб ҳуқуқи қабул ба аспирантураро дош­танд. Ҳоло бошад, дар 19 мактаби олии ҷумҳурӣ таҳсил дар аспирантура ба роҳ монда шудааст. Рақамҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз дар муқоиса ба замони то Истиқлоли давлатӣ барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ имкониятҳои бештар вуҷуд доранд.

Дар марҳилаи соҳибистиқлолӣ зарурати таъсиси ниҳоди махсуси давлатӣ дар ҷумҳурӣ доир ба аттестатсияи ­кадрҳои илмӣ пеш омад. Бо ин мақсад соли 2014 Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) таъсис дода шуд, ки ин як иқдоми муҳими Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини аттестатсияи кадрҳои илмӣ дар дохили ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Бо таъсиси ин комиссия барои ҳимояи рисолаҳои диссертатсионии унвонҷӯёни муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии ҷумҳурӣ имкониятҳои васеъ фароҳам омад.

Мувофиқи ҳисоботи КОА, дар соли 2025 дар ҷумҳурӣ 89 шурои диссертатсионӣ фаъолият намуда, аз рӯйи 210 ихтисос барои дарёфти дараҷаҳои илмии доктори илм, номзади илм ва доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос диссертатсияҳо баррасӣ мешаванд. Бояд зикр намуд, ки аз ин миқдор 70 шуро дар назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, 19-тои дигар дар ­назди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии минтақаҳои кишвар, аз ҷумла дар ВМКБ – 2 шуро, вилояти Хатлон – 7 ва вилояти Суғд – 10 шуро, фаъолият доранд, ки ин нишондод дар марҳилаи истиқлолият далели таҳкими заминаи кадрӣ ва зеҳнии ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, дар раванди ҳимояи диссертатсияҳо дар ҷумҳурӣ саҳми шуроҳои диссертатсионӣ, ки дар наз­ди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба қайд гирифта шудаанд, назаррас буда, теъдоди онҳо дар соли сипаришуда 19 ададро ташкил медод. Аз ҷумла, дар шуроҳои мазкур дар ин давра 299 нафар, аз ҷумла 40 нафар рисолаи докторӣ, 217 нафар рисолаи номзадӣ ва 42 нафар рисолаи доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос, ҳимоя намудаанд, ки чунин раванд ҷиҳати бо олимони дорои дараҷаҳои илмӣ таъмин намудани муассисаҳои илмӣ ва мактабҳои олии кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.

Тибқи ҳисоботи Вазорати маориф ва илм, дар маҷмуъ, то охири соли 2025 дар ҷумҳурӣ 6630 нафар кадрҳои дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1016 (15,32%) нафар доктори илм (аз ин 243 нафар занон (24%), 5333 нафар номзади илм ва 281 (4,2%) нафар доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос мебошанд. Бояд зикр намуд, ки аз шумораи умумии номзадҳои илм ва докторони фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос 1684 (30 %)-ро занон ташкил медиҳанд.

Аз таҳлилҳои боло бармеояд, ки имрӯз масъалаи таъмини муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мактабҳои олӣ ва дигар корхонаю ташкилотҳо бо кадрҳои илмӣ беш аз пеш мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор гирифта, барои омода намудани мутахассисони дорои дараҷаҳои илмӣ ва таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар дар шароити Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Вобаста ба равандҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифтаанд, нақши илм ва иқтидори зеҳнӣ дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа мақоми хоса пайдо намуда, кишварҳои олам баҳри ҳифз, ташаккул ва рушди неруи ақлонӣ талош меварзанд. Таҷриба ва вазъи ҷаҳони муосир собит месозад, ки имрӯз илм бунёди амният, омили муҳими таъмини истиқлолу давлатдории миллӣ ва иқтидори иқтисодию ҳарбии ҳар як давлат маҳсуб мешавад, ки дар ин самт нақши ҳалкунанда, бешубҳа, ба дӯши кадрҳои илмӣ ва иқтидори зеҳнӣ вогузор мешавад.

Бинобар ин, талабот ва меъёрҳои зарурии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию сиёсии ҷумҳурӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ тақозо мекунанд, ки масъалаи ҷалби ҷавонони боистеъдод ба соҳаи илм, тарбияи кадрҳои дорои унвон ва дараҷаҳои илмӣ мавриди таваҷҷуҳи хосаи ҷомеаи илмӣ, аз ҷумла муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мактаб­ҳои олӣ ва корхонаю ташкилотҳо, қарор дода шуда, бо ин васила, ҷиҳати таҳкими иқтидори зеҳнии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

Абдураҳмон ҚУРБОНОВ,

доктори илмҳои фалсафа, профессор