Фарҳанг - Садои Мардум - нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

РОДМАРДИ ВАТАН
Сухансаро ва мутафаккири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ фармудаанд:

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Инчунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

Агар ба сафҳаи зиндагиномаи инсонҳо назар андозем, пеши назар симои мардони бузурге пайдо мегардад, ки баҳри ободию пешрафти Ватани азиз, таҳкими истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва пойдории давлат хизматҳои шоиста кардаанд. Фарзанди сарсупурдаи миллат - ҳуқуқшиноси варзида, шахси боғайрат, нотарс, одил ва меҳрубон Шарипов Ҳомиддин Ҳасанович аз ҳамон ҷумла аст. Хизматҳои ӯ баҳри ҳифз ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва пойдории давлатдории миллӣ сазовори эҳтиром ва қадршиносӣ мебошад.

Кордонӣ, дониши амиқ ва сатҳи баланди касбии Ҳомиддин Ҳасанович ӯро аз муфаттиши қаторӣ дар ШКВД-и ноҳияи Ёвон то ба вазифаҳои раиси суди собиқ вилояти Кӯлоб, раиси Суди конститутсионӣ, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон расонд.

Дар ҳар вазифае, ки ба зиммааш гузошта шуд, бо виҷдони пок, масъулияти баланд ва содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат кард. Ба ҳар коре, ки ба Ҳомиддин Шарипов супорида мешуд, ӯ бо ҷасорат, масъулият муносибат мекард.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни соли 1997) дар баъзе минтақаҳо гурӯҳҳое буданд, ки ба раванди сулҳ мухолифат намуда, ба амалҳои террористӣ ва ҷинояткоронаи худ идома медоданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Нуробод, ки он замон Дарбанд ном дошт, гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ бо роҳбарии Мулло Абдулло ба амалиёти ҷинояткорона даст мезад. Онҳо аҳолии осоиштаро таҳдид намуда, ба куштору ғорат даст зада, молу мулки мардумро ғорат мекарданд. Мусофирони роҳи водии Рашт ба Душанбе низ аз озору шиканҷаи ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар амон набуданд.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва барқарор намудани сулҳу субот бо супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири вақти корҳои дохилӣ Ҳомиддин Шарипов барои пешгирии фаъолияти гурӯҳи мазкур чораҳои зарурӣ андешид. Чунин амалиёт таҳти роҳбарии номбурда нисбат ба дигар гурӯҳҳои мусаллаҳу террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи «Раҳмон-гитлер» низ, анҷом дода шуда, тартиботи ҷамъиятӣ ва оромӣ дар он минтақа барқарор гардид.

Ин гуфтаҳо муболиға ё бофта нестанд. Ман солҳои тӯлонӣ, дар маҷмуъ, 16 сол вазифаи котиби Шурои амниятро бар уҳда доштам. Дар он солҳои душвор бо Ҳомиддин Ҳасанович ҳамкорӣ намуда, дар иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат ва ҳалли мушкилоти сангине, ки пеши давлату ҷомеа қарор доштанд, паҳлу ба паҳлу кор кардем. Тӯли ин ҳамкорӣ ман шахсияти ӯро на танҳо ҳамчун роҳбари масъулиятшинос, балки инсони содиқ ба Ватан аз наздик шинохтам. Аз ин рӯ, ҳар вақте сухан аз хизматҳои Ҳомиддин Шарипов меравад, ман, пеш аз ҳама, он солҳоро ба ёд меорам. Ӯ бо матонат ва ҳисси баланди масъулияти давлатӣ аз уҳдаи онҳо баромад.

Ёдат ба хайр, дӯсти азиз!

Амирқул АЗИМОВ,

мушовири давлатии адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

генерал-лейтенанти милитсия

Тоҷикистон ва ҷаҳон
АЗ ДАРСҲОИ ТАЪРИХ ТО ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ

Вақте ки саҳифаҳои таърихро варақ мезанем, ба равшанӣ эҳсос мекунем, ки ҳастии миллати тоҷик бо фарҳанги сулҳ, таҳаммулгароӣ ва тамаддунсозӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо ин сарзамин на танҳо гаҳвораи илм, адаб ва давлатдорӣ, балки макони ташаккули арзишҳое буд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро пояҳои зиндагии осоишта меномад. Аз ҳамин рӯ, сулҳ барои тоҷикон танҳо мафҳуми сиёсӣ нест, он ҷавҳари ҳувияти миллӣ, асоси давлатдорӣ ва муҳимтарин арзиши маънавии ҷомеа мебошад.

Бо вуҷуди ин, охири асри ХХ яке аз вазнинтарин имтиҳонҳои таърихи навини миллатро ба миён овард. Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон дар гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор гирифт. Дар муддати кӯтоҳ пояҳои давлатдорӣ осеб диданд, иқтисодиёт фалаҷ гардид, садҳо ҳазор нафар шаҳрвандон хонаю кошонаи худро тарк карданд ва ҷомеа ба хатари парокандашавӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар чунин шароити сарнавиштсоз тақдири давлат ба иродаи мардум ва интихоби роҳе вобаста гардид, ки метавонист Тоҷикистонро ба сӯи эҳёи миллӣ раҳнамун созад.

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ маҳз дар ҳамин лаҳзаи таърихӣ ба анҷумани сарнавиштсози миллат табдил ёфт. Дар он рӯз масъулияти роҳбарии давлат ба зиммаи шахсияте гузошта шуд, ки сулҳ, ваҳдат ва ҳифзи давлатдориро болотар аз ҳама манфиатҳои дигар медонистанд. Ин шахсият арбоби сулҳовару ваҳдатпеша, абармарди таърихи навини тоҷикон, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд. Аз ҳамон рӯз марҳилаи нави эҳёи Тоҷикистон оғоз гардид - марҳилае, ки пояҳои онро сулҳ, ризоияти миллӣ ва давлатсозии муосир ташкил доданд.

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон имрӯз танҳо қисми таърихи миллӣ нест. Он ба як мактаби эътирофшудаи ҳалли низоъҳо табдил ёфтааст. Агар дар солҳои навадуми асри гузашта Тоҷикистон худ ба сулҳ эҳтиёҷ дошт, имрӯз таҷрибаи сулҳофаринии он дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақи гузариш аз низоъ ба сулҳу субот мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Ин як воқеиятеро нишон дод: сулҳе, ки бо иродаи сиёсӣ, гуфтугӯ ва ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, метавонад ба арзиши умумибашарӣ табдил ёбад.

Маҳз иродаи қавӣ ва хиради сулҳофарии Сарвари маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Тоҷикистон аз як кишвари ҷангдида ба кишвари ташаббускори сулҳи ҷаҳонӣ расид.

Таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон нишон дод, ки ҳатто баъд аз сахттарин ихтилофҳо ва осебҳои иҷтимоӣ низ метавон бо роҳи муколама, гузашт, таҳаммул ва эҳтироми манфиатҳои миллӣ ба созиши фарогир расид.

Ин раванд собит намуд, ки сулҳи ҳақиқӣ танҳо бо имзои санадҳо ба даст намеояд, балки он, пеш аз ҳама, дар қалби инсонҳо, дар андешаи ҷомеа ва дар иродаи сиёсии давлат ташаккул меёбад.

Имрӯз ин таҷриба дар маркази таваҷҷуҳи муҳаққиқон, сиёсатмадорон ва созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад, зеро ҷаҳони муосир, ки ҳанӯз ҳам бо таҳдидҳои ҷанг, ифротгароӣ, терроризм, буҳронҳои сиёсӣ ва низоъҳои гуногун рӯ ба рӯ мебошад, ба чунин таҷрибаҳои созанда ниёз дорад.

Яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият он аст, ки Тоҷикистон таҷрибаи миллии сулҳро ба сатҳи байналмилалӣ баровард.

Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои гуногун, аз ҷумла об, иқлим, ҳифзи муҳити зист ва сулҳу амният, баёнгари он мебошанд, ки кишвар танҳо манфиатҳои миллии худро ҳимоя намекунад, балки дар ҳалли мушкилоти умумии башарият низ саҳмгузор аст.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи дипломатияи муосири Тоҷикистон қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» мебошад. Аҳамияти ин ташаббус дар он аст, ки масъалаи сулҳро на танҳо ҳамчун зарурати замон, балки ҳамчун масъулияти наслҳои имрӯз дар назди ояндагон баррасӣ менамояд, зеро сулҳи пойдор заминаи асосии рушди иқтисодӣ, пешрафти илм, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва зиндагии шоистаи мардум мебошад. Қабули чунин санади муҳими байналмилалӣ маънои онро дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти фарҳанги сулҳ, гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмиро дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ эътироф мекунад.

Барои Тоҷикистон ин танҳо як дастоварди сиёсӣ нест. Ин эътирофи таҷрибаи кишварест, ки худ аз гирдоби низоъ наҷот ёфта, роҳи созандагии сулҳро интихоб намудааст.

Дар ҷаҳони муосир, ки тағйироти босуръати сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ ва таҳдидҳои фаромарзӣ ба суботу амнияти кишварҳо таъсири ҷиддӣ мерасонанд, масъалаи сулҳ ба яке аз муҳимтарин арзишҳои умумибашарӣ табдил ёфтааст. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бештар аз ҳарвақта дарк менамояд, ки ҳеҷ кишваре наметавонад дар танҳоӣ ба мушкилоти глобалӣ посух гӯяд. Танҳо тавассути ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ, дипломатияи созанда ва эҳтироми манфиатҳои якдигар метавон роҳи рушди устуворро таъмин намуд.

Аз ҳамин нуқтаи назар, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» на танҳо як иқдоми сиёсӣ, балки идомаи мантиқии рисолати таърихии миллат дар роҳи ҳифзи сулҳ мебошад. Ин ташаббус ҷомеаи ҷаҳониро ба андешаи муҳим водор месозад: сулҳ бояд танҳо хотимаи ҷанг набошад, балки бояд ҳамчун фарҳанг, тарзи тафаккур ва асоси муносибатҳои байни инсонҳо ва давлатҳо ташаккул ёбад.

Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мо метавонем бо ифтихор таъкид намоем, ки истиқлол ва сулҳ ду мафҳуми ҷудонашаванда дар таърихи навини давлатдории тоҷикон мебошанд. Агар истиқлолият имкони соҳибихтиёр буданро фароҳам овард, пас сулҳ шароити ҳифз ва рушди ин соҳибихтиёриро таъмин намуд. Имрӯз Тоҷикистон метавонад бигӯяд, ки таҷрибаи миллии он дар роҳи сулҳ ба як қисми таҷрибаи ҷаҳонии ҳалли низоъҳо табдил ёфтааст. Ин дастовард на танҳо натиҷаи фаъолияти сиёсӣ, балки натиҷаи хиради таърихии миллат, фарҳанги таҳаммулгароӣ ва арзишҳои инсондӯстонаи ҷомеаи тоҷик бо сарварии Пешвои хирадманду дурандеши он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯз вазифаи насли наврас ва ҷавон аз он иборат аст, ки ин арзишҳои муқаддас - истиқлолият, сулҳ, ваҳдат ва ватандӯстиро ҳифз намуда, барои рушди минбаъдаи давлат саҳм гузорад, зеро сулҳ танҳо натиҷаи фаъолияти роҳбарон ё давлатҳо нест. Сулҳ масъулияти ҳар як инсон, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як насл мебошад.

Дар остонаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон метавон бо итминон гуфт, ки роҳи тайкардаи кишвари мо роҳи эҳё, устуворӣ ва созандагист.

Қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» бошад, эътирофи равшани он аст, ки садои сулҳи Тоҷикистон имрӯз берун аз марзҳои кишвар ҳам ҳамовозӣ меёбад. Ин ташаббус на танҳо дастоварди сиёсӣ, балки паёми муҳаббат ба инсон, эҳтиром ба ҳаёт ва масъулият дар назди ояндаи башарият мебошад.

Сулҳи тоҷикон сулҳи як рӯз ё як давра нест. Он мероси гаронбаҳоест, ки аз имрӯз ба фардо мерасад. Он рамзи иродаи миллатест, ки аз дарсҳои таърих сабақ гирифта, роҳи созандагӣ, дӯстӣ ва ҳамкориро интихоб кардааст.

Бигузор, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи озодӣ ва худшиносии миллӣ ҳамеша пойдор бошад. Бигузор, сулҳи тоҷикон ҳамчун чароғи умед барои наслҳои оянда ва ҳамчун саҳми шоистаи Тоҷикистон дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ абадӣ дурахшон ­монад.

Фирдавс САИДЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Иқдоми беназире барои арҷгузорӣ ба Сино ва рушди илми тиб

Хонандагони азиз тавре иттилоъ доранд, 23 майи соли равон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис дода шуд. Вобаста ба моҳияти ин ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, сартабиби Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе Каримзода Мунира Бобохон суҳбати пурмуҳтаво доштем, ки пешниҳоди шумо менамоем:

- Мо қаблан Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Синоро дар соҳаи илму техника доштем. Мехостам, Шумо моҳияти таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро шарҳ медодед?

- Қабл аз ҳама, бояд зикр кард, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб идомаи мантиқии ибтикори қаблии Пешвои миллат дар робита ба гиромидошти хотираи ин нобиға маҳсуб мешавад. Дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» Пешвои миллат чунин нигоштаанд: «Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале, бузургтар аз ҳама, эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост».

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки баъд аз пошхӯрии давлати шуравӣ санае, ки ҳамасола иди касбии табибон таҷлил мегардид, моҳияти хешро аз даст дода, баъдтар аз байн рафт. Маҳз бо дастгириву ҳидояти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон вазифаи Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доштанд, барои зодрӯзи Абуалӣ ибни Сино ҳаждаҳуми августро ҳамчун Рӯзи иди касбии табибон таҷлил намудан қарор қабул гардид. Акси ин ҳакими оламшумул дар пули миллии кишвар инъикос ёфт ва ба номи ӯ майдону хиёбонҳо, маҳаллаву ҷамоатҳо ва кӯчаҳо гузош­та шуд, пайкараву нимпайкараҳои ӯ дар гӯшаҳои гуногуни диёр қомат афрохтанд. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино гузошта шуд.

Илова бар ин, дар кишвар барои гиромидошти хотираи Абуалӣ ибни Сино Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Ибни Сино - ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника таъсис ёфт.

Хуб дар хотир дорем, ки ҳамон вақт низ баъзеҳо Абуалӣ ибни Синои ба онҳо ягон қаробат надоштаро мехостанд ба миллати худ мансуб намоянд. Ин раванд ҳоло ҳам қатъ нагардидааст. Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар баробари дигар омилҳо, моҳиятан нуқтагузорӣ ба ин гуна «баҳс»-ҳо аст.

Хулоса, ташаббуси навбатии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳалли бетаъхири мушкилоти глобалии соҳаи тандурустӣ саҳми бориз гузошта, чун дигар ибтикороти беназири сатҳи ҷаҳониашон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфт.

- Абуалӣ ибни Сино сарфи назар аз умри кӯтоҳ аз худ осори гаронбаҳо боқӣ гузошт. Вале маълумот дар бобати номгӯйи осори ин олими пурмаҳсул гуногун аст...

- Дуруст гуфтед. Ӯ аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Тавре аз маълумоти маъхазҳо бармеояд, омӯзиши илми тибро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ кард, дар 16-солагӣ Сино чун табиби ҳозиқ дар Бухоро эътироф шуд. Ҳамчунин, ба такмили дониш дар илмҳои фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илоҳиётшиносӣ шуғл варзид. Фаъолияти эҷодии Сино 40 сол давом кард. Чунончӣ, худаш нигоштааст: «Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам».

Бино ба хулосаи академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев онҳо 456 номгӯйро ташкил медиҳанд. Тибқи иттилои дастрас, дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешаванд, ки аз онҳо 23 асар бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ, эҷод шудааст. Ҳамчунин, як силсила шеърҳои тоҷикии Сино низ то замони мо расидаанд. Осори мавсуф аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилдаро ташкил медиҳанд. Асари «Китобу-л-инсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил в-ал-маҳсул» - 20, «Китобу-ш-шифо» - 18, «Лисону-л-араб» - 10, «Наҷот» 3 ҷилд ва «Ал-Қонун» бошад, дар 5 китоб эҷод шудаанд. Кулли осори Сино дар такмили илм нақши муассир гузошта, арзиши баланди таърихӣ, фарҳангӣ ва илмӣ доранд.

Боиси ифтихори мо аст, ки «Ал-Қонун» тақрибан 800 сол дар Ғарб китоби асосии тиббӣ маҳсуб меёфт. Ба он беш аз 200 шарҳу хулоса навишта шуда, баъд аз шарҳҳои «Қуръон» ва шарҳҳое, ки ба китобҳои Муҳиддин ибни Арабӣ навишта шудааст, мақоми сеюмро соҳиб мебошад. Олими машҳур Виллиям Ослер китоби «Ал-Қонун»-ро «Инҷили тиб» ва Ибни Синоро муаллифи машҳуртарин китоби дарсӣ номидааст. Агар гӯем, ки ҳанӯз дар замони худ Сино бо таълифи ин китоб дар илми тиб таҳаввулоти ҷиддиро ба вуҷуд овард, муболиға нахоҳад буд.

- Агар осори ӯро раддабандӣ намоем, чӣ хулоса ҳосил мешавад?

- Асарҳои Синоро метавон ба 4 гурӯҳ тақсим кард, ки илмҳои ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ, тиб, илмҳои дақиқ, забону адабиёт ва санъатро фаро мегиранд. Қисмати аъзами асарҳои Сино чандин илмро фаро гирифтаанд. Барои мисол, «Донишнома» аз бобҳои «Мантиқ», «Илоҳиёт», «Табииёт», «Ҳайат» ва «Мусиқӣ» таркиб ёфтааст.

Бояд мадди назар дошт, ки дар адабиёти форсу тоҷик Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гардидааст. Андешаҳои ҳикматомӯзи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро бозгӯӣ месозанд.

Олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд, ки аксари тадқиқоти илмӣ ва усулҳои табобати Сино то ҳол дар таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ назир надоранд. Ин аст далели бузургии миллати тоҷик, ки, мутаассифона, то ҳанӯз баъзе нотавонбинон нодида мегиранд.

- Муҳаққиқон таълимоту таълифоти тиббии Абуалӣ ибни Синоро низомнок (системавӣ) номидаанд. Ин чӣ маъно дорад?

- Бояд гуфт, ки ҳамон вақт низ яке аз меъёрҳои илмияти дониш низомнок - «системавӣ» будани андеша маҳсуб мешуд, ки тибқи он, мутафаккир метавонист поягузори ин ва ё он равияи илмӣ эътироф шавад. Чунин меъёр, ки асосан ба илмҳои табиатшиносӣ мутааллиқ буд, ба илмҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ интиқол дода шуд. Агар мутафаккир андешаҳои фалсафӣ, тиббӣ, иҷтимоӣ ва ғайра дошта бошаду онҳоро дар шакли пароканда, номураттаб, бидуни низом боқӣ гузорад, ҳамчун асосгузори ин ва ё он бахши илм пазируфта намешуд.

Мутобиқи анъанаҳои тибби классикӣ, табиб бояд дармонбахши табиати кулли инсон бошад. Чунин талабот табибро водор месохт, ки дониши ҳаматарафа дар бораи анатомия, физиология ва психологияи инсон дошта бошад. Аз тарафи дигар, марзи муайяне миёни тибби анъанавӣ ва тибби ба илми ҳамонвақта такякунанда, яъне тибби расмии илмӣ мавҷуд набуд. Дар чунин шароит Абуалӣ ибни Сино тибби анъанавӣ ё худ мардумиро бо дастовардҳои илмии замони хеш тавъам сохта, низоми муайяни тиббиро бунёд гузошт. Барои мисол, тибби муосир зиёда аз 40 самти илмӣ-ихтисосиро дар бар мегирад. Дар замони Сино ва пеш аз он чунин самтҳои ҷудогонаи нисбатан мустақили тиббӣ вуҷуд надоштанд.

Аз ин лиҳоз, бо ҳадафи ҳарчӣ бештар ба расмият даровардани самтҳои гуногуни табобати инсон ба Сино лозим омад, ки ин самтҳоро бо меъёрҳои дониши илмӣ (таҷрибавӣ, ақлонӣ, системавӣ) санҷидаву мувофиқ сохта, онҳоро дар заминаи китоби «Ал-қонун-фит-тиб» ба низоми муайян дарорад.

- Олимони соҳа ба он назаранд, ки Сино поягузори фаҳмиши универсалии тиб ҳастанд…

- Комилан ҳамфикрам. Номбурда илми тибро мӯшикофона таҳлил намуда, аз ҷумла нигоштааст, ки «ба дурустӣ, тиб илмест, ки аз он ҳолатҳои тани инсонро аз ҷиҳати солим ва носолим будани он бишиносанд, то ки тандурустӣ андар ҳоли будан нигоҳ дошта шаваду андар ҳоли аз даст рафтан баргардонда шавад».

Аз назария ва амалияи Сино бармеояд, ки ягон ҷанбаи илми тиб аз назари ӯ дур намондааст. Аз навиштаҳои таърихнигорон бармеояд, ки он замон миёни аҳолӣ бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз қабили вабо, ҳорӣ, сӯхтанӣ, гулафшон, сурхча, табларза ва ғайра, хеле зиёд паҳн гардида буд. Маҳз тадқиқоти басомонрасонидаи Сино замина фароҳам овард, ки марҳилаи сифатан нави табобати ин қабил бемориҳо, ки аксарашон аз ҷониби ашхоси хурофотпараст табобатнашуданӣ арзёбӣ мегаштанд, шурӯъ шуд. Барои мисол, пешниҳодоти ӯро ҳамчун психотерапевт, яъне, ба воситаи мусиқӣ муолиҷа намудани беморон дар тамоми дунё табибон истифода мебаранд.

Сино аввалин табибе мебошад, ки хосияти муоинаи касалиҳои диабети қанд ва табобати онро пешниҳод кардааст. Саҳми ӯ дар ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ низ бориз аст. Илова бар ин, Синоро яке аз бунёдгузорони педиатрия низ меноманд. Дар соҳаи дорушиносӣ ва дорусозӣ низ номбурда кашфиёти зиёд карда, аз 5 китоби «Ал-Қонун» дутоаш ба ин соҳа бахшида шудааст.

Аз аввалин донишмандоне буд, ки ба саломатии руҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Ӯ таъсири эҳсос ва ҳолатҳои равониро ба ҷисми инсон баррасӣ намуда, асосҳои тибби равоншиносиро гузошт. Махсусан, дар «Қонуни тиб» навъҳои гуногуни ихтилоли равонӣ, монанди меланхолия, психоз ва дигар ҳолатҳои руҳиро тавсиф намудааст. Ӯ бар он ақида буд, ки эҳсосот, фикрҳо ва ҳолатҳои руҳӣ метавонанд саломатии ҷисмонӣ ва бемориҳоро таҳти таъсир қарор диҳанд. Ин назария дар тибби муосир бо номи психосоматика маъруф аст. Барои муолиҷаи бемориҳои руҳӣ усулҳои худро дошт, ки ин усулҳо мусоҳиба, таҳдиди мантиқӣ, маслиҳат, фаҳмондадиҳӣ ва ҳавасмандкунии беморон ба ҳисоб меравад. Ин тарзи муносибат ба беморони руҳӣ ҳоло низ истифода мешавад. Дар ҳамон айём, бо назардошти маъмул набудани баррасии ҷанбаҳои ҷисмониву равонӣ ва ақлонии инсон аз дидгоҳи илми тиб Абуалӣ ибни Сино онҳоро дар асарҳои худ, ба монанди «Шифо», «Рисолаи нафс», «Ишорот ва танбеҳот», «Тадбири манзил», меҳвар қарор дод.

- Дар шарҳи Фармони Президенти кишвар аз ҷумла, зикр шудааст, ки таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ба ҳавасманд гардонидани олимони соҳаи тиб на танҳо дар дохили кишвар, балки дар сатҳи байналмилалӣ равона гардида, бори дигар аз таърихи деринаи илми тибби тоҷик шаҳодат медиҳад ва дар ҳалли мушкилоти ҷойдоштаи соҳаи тандурустӣ ва беҳдошти байналмилалӣ саҳми бориз мегузорад»... Ин чӣ гуна ҳадаф аст?

- Ин яке аз ҳадафҳои асосӣ буда, барои расидан ба он шароит фароҳам аст. Садҳо далели раднопазир мавҷуданд, ки дар мамлакат бахши тандурустӣ бемайлон рушд ёфта, сол то сол дар ин бахши муҳим дастовардҳо бештар мегарданд. Солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат теъдоди зиёди беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гашта, аксари муассисаҳои тандурустии мамлакат бо таҷҳизоти замонавӣ, ки замони шуравӣ дастрас намуданашон барои мо - тоҷикон танҳо орзу буд, таъминанд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳими иҷтимоӣ, махсусан дар деҳоти мамлакат, ба куллӣ тағйир ёфт.

Барои мо – кормандони соҳа боиси ифтихор аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои миллат дар шаҳру навоҳии мамлакат бо кормандони соҳаи тиб 36 мулоқоту вохӯрӣ доир намуда, оид ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба солимии ҷомеа дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба ғайр аз ин, санадҳои зиёди меъёрии ҳуқуқии соҳа таҳия гардида, идоракунӣ ва маблағгузории он ба низом дароварда шуд, кумаки аввалияи тиббию санитарӣ рушд кард ва муассисаҳои тиббию фармасевтӣ таҷдид гардиданд. Барои тақвияти суханонам овардани чанд далелро бамаврид медонам: агар дар кишвар то соли 1991 ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб чор баробар афзуд. Агар солҳои 1991 то 2005 дар мамлакат ҳамагӣ 187 муассисаи тандурустӣ бунёд шуда бошад, пас аз соли 2006 то ин вақт зиёда аз ду ҳазор муассисаи нав сохта ба истифода дода шудааст.

Ҳатман бояд ёдовар шавем, ки зуҳури коронавирус барои кормандони соҳа имтиҳони ҷиддӣ ва марҳилаи санҷиши донишу маҳорати касбӣ буд. Ҳамон вақт Президенти мамлакат бо арҷгузорӣ ба фаъолияти табибон минҷумла, гуфтанд, ки «имрӯзҳо ҳазорон нафар табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи тоҷик қарор дошта, ҳатто ҳаёти худ­ро ба хатар гузошта, ба муқобили ин беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда истодаанд ва ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу қувват ва малакаву маҳорати касбии худро сафарбар намудаанд». Ин қадршиносӣ идомаи мантиқии ибтикороти ҷавонмардонаи Пешвои миллат маҳсуб мешавад. Мо - табибон ба ҳеҷ ваҷҳ фаромӯш намекунем. Дар он айёме, ки арзишҳои инсонӣ то андозае зери суол рафта буданд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо суханони таъсирбахшу руҳбаландсозашон «Роҳбари давлат ҳамеша бо шумо ва дар фикри дастгирии шумост», табибон ва кулли тоҷику тоҷикистониёнро тасалло мебахшиданд.

Дар маҷмуъ, мақсад аз таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб эътироф намудани дастовардҳои назаррас дар соҳаи тиб дар сатҳи байналмилалӣ буда, кормандони соҳаи тандурустиро водор менамояд, ки донишу таҷриба ва малакаи хешро такмил дода, рисолаташонро хубтару беҳтар иҷро намоянд.

Мусоҳиб Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Орзуи бозгашт ба Тоҷикистони зебо
Имрӯз агар ба ҳар гӯшаи Тоҷикистон сафар кунем, ҳатман бо сайёҳони хориҷӣ рӯ ба рӯ мешавем. Мебинем, ки сайёҳон бо ҳайрат ба зебоӣ ва рангҳои ғайриодии Ҳафткӯл менигаранду манзараҳои нотакрорашро аксбардорӣ мекунанд. Дар бораи Саразми бостонӣ ва таърихи шашҳазорсолааш огоҳ шудан мехоҳанд. Дар Искандаркӯл зебоиҳои табиатро наворбардорӣ мекунанд ва дар Помир назди қуллаҳои барфпӯш аксҳои хотиравӣ мегиранд...

Солҳои соҳиб­истиқлолӣ Тоҷикис­тон тадриҷан ба яке аз кишварҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил ёфт. Агар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ имконияти сайёҳӣ ҳанӯз пурра истифода намешуд, имрӯз вазъият комилан дигар аст. Роҳҳои нав, меҳмонхонаҳои замонавӣ, марказҳои хизматрасонӣ, ширкатҳои сайёҳӣ ва муҳимтар аз ҳама, муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ боис гардиданд, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ сол ба сол афзоиш ёбад.

Аз кӯлҳои фирӯзаранг то қуллаҳои барфпӯш, аз ёдгориҳои меъморию бостонӣ то роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон барои гардишгарон таваҷҷуҳбарангезанду хотирмон. Маҳз ҳамин гуногунрангии табиат, иқлими форам ва мероси гаронмояи таърихию фарҳангӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба худ ҷалб мекунад.

Нишондиҳандаҳои оморӣ низ ин воқеиятро тасдиқ мекунанд. Тибқи иттилои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаш моҳи аввали соли 2026 дар Тоҷикистон 889 ҳазору 400 сайёҳи хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 61 ҳазор нафар зиёд мебошад. Ин рақамҳо шаҳодат медиҳанд, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар харитаи сиёсӣ, балки дар харитаи сайёҳии ҷаҳон низ мавқеи устувор пайдо кардааст.

Дар мамлакат заминаи ҳуқуқии рушди соҳаи сайёҳӣ мунтазам такмил ёфта, «Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» айни замон мавриди татбиқ қарор дорад. Дар доираи татбиқи ин стратегия барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва муаррифии имконияти сайёҳии кишвар тадбирҳои муҳиму самарабахш амалӣ мегарданд.

Соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ин иқдом дар рушди соҳаи сайёҳӣ марҳилаи навро оғоз бахшид, барои эҳё ва муаррифии ҳунарҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои имконияти бузурги сайёҳӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ шуд. Табиати нотакрор, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки мавқеи кишварро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ таҳким мебахшанд.

Ҳамчунин, бо мақсади муаррифии мероси таърихиву фарҳангӣ ва табиии кишвар дар арсаи байналмилалӣ як қатор барномаҳо низ амалӣ гардиданд. Дар ин замина, Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳии Тоҷикистон мавқеи хос касб кард. Ин ҷашни бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардидааст, ҳамасола бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, фестивалҳои ҳунарҳои мардумӣ, намоишгоҳҳои миллӣ ва барномаҳои сайёҳӣ таҷлил мешавад. Таҷлили Наврӯз ба ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, рушди сайёҳии фарҳангӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии анъанаҳои миллӣ мусоидат намуда, дар ташаккули симои мусбати Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои тамаддуни қадима ва фарҳанги ғанӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, истифодаи Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ яке аз омилҳои муҳими рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Тоҷикистон дар бозори байналмилалии сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.

Дар Тоҷикистон гуногунрангии иқлим ва табиатро мушоҳида кардан мумкин аст, ки барои бисёр кишварҳои ҷаҳон хос нест. Сайёҳон имкон доранд, ки дар як рӯз аз гармои тоқатфарсои водии Вахш ба минтақаҳои барфпӯши Помир сафар намуда, ҳамзамон, аз манзараҳои дилфиребу қуллаҳои осмонбӯси кӯҳистон лаззат баранд. Маҳз ҳамин гуногунрангии табиӣ Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои ҷолиби сайёҳии минтақа табдил додааст.

Аммо Тоҷикистон танҳо барои дӯстдорони табиат ҷолиб нест. Ин кишвар барои ошиқони фарҳангу таърих низ ганҷинаи бебаҳост. Сайёҳе, ки ба Тоҷикистон меояд, танҳо табиат­ро намебинад. Ӯ бо одамони сарбаланд, ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги меҳмоннавозӣ ва ­таомҳои миллӣ ошно мешавад. Чанд сол пеш сайёҳи олмоние баъд аз саёҳат дар Тоҷикистон гуфта буд: «Ман барои дидани кӯҳҳо омада будам, вале бо таас­сурот аз меҳрубонии мардуми ин сарзамин бармегардам».

Имрӯз дар Тоҷикистон намудҳои гуногуни сайёҳӣ рушд мекунанд. Сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ, таърихию фарҳангӣ, зиёратӣ, варзишӣ ва ғайра. Солҳои охир экотуризм махсусан маъруф гардидааст. Боғи миллии Тоҷикистон, ки беш аз 22 фоизи қаламрави кишварро фаро гирифтааст, барои дӯстдорони табиат биҳишти воқеӣ аст.

Дар мамнуъгоҳҳои Зоркӯл, Ромит, Даштиҷум, Боғи миллии Тоҷикистон ва Бешаи палангон намудҳои нодири ҳайвонот ва наботот ҳифз мешаванд. Дар ин ҷо метавон бабри барфӣ, гӯсфанди «Марко Поло», хирси «Тиёншон» ва дигар намудҳои нодирро дид.

Самти дигаре, ки Тоҷикистонро машҳур гардондааст, туризми табобатӣ мебошад. Осоишгоҳҳои «Хоҷаобигарм», «Обигарм» ва «Шоҳамбарӣ» солҳо инҷониб на танҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон, балки меҳмонони хориҷӣ ба макони табобату истироҳати писандида табдил ёфтаанд.

Ҳар як сайёҳе, ки аз Тоҷикис­тон боздид мекунад, бо худ танҳо акс намебарад. Ӯ хотираҳояшро дар бораи таърихи куҳан, меҳмоннавозии тоҷикон ва табиати афсонавӣ ба сарзамини худ мебарад. Ва ҳатман орзуи бозгашт ба Тоҷикистони зеборо мекунад.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»

Аз дил ба дил роҳест
Доктори илмҳои тиб Музаффар Раҷабзода аз зумраи табибоне мебошад, ки бо сармашқи кор қарор додани дастуру ҳидоят­ҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои рисолат комёб асту миёни ҷомеа соҳибэҳтиром.

Ӯ соли 1986 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро хатм намуда, фаъолиятро ба ҳайси табиб-интернаи беморхонаи марказии вилояти Хатлон оғоз кард. Солҳои 1987-1990 табиби бемориҳои дарунии бахши терапевтии беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод буд. Дар ин ноҳияи дурдаст солҳои 1992-1997 ба ҳайси мудири бахши терапевтии беморхонаи марказӣ кор кард. Ду соли минбаъда дар кафедраи бемориҳои дарунии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти мавсуф ҳамчун табиб-ординатори клиникӣ идома ёфт.

Дил калиди ҳаёт ва маркази эҳсосоту зиндагии инсон аст. Аз ин рӯ, табибони амрози дил рисолати муҳимро ба зимма доранд. Пурсаб­риву дақиқкорӣ махсусияти онҳо маҳсуб шуда, суръати тасмимгириву табобати онҳо бояд бо шиддати наб­зи бемор мувофиқ бошад. Аз соли 1997 тақдири Музаффар Раҷабзода бо ин бахши муҳими соҳаи тандурус­тӣ гиреҳ хӯрд. Ин раванд аз табиби бемориҳои дили Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» шурӯъ гардида, то муовини сартабиб оид ба бахши бистаринамоии муассисаи мазкур, мудири бахши бемориҳои музмини ишемиявии дил масир дорад. Бо назардошти сатҳи баланди касбият, ташаббускорӣ, малакаи хоси муошират директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» таъин гардид.

Қалб оинаи ҳаёт аст ва табиби амрози дил нигоҳбони ин оина мебошад. Вежагии табиби дил дар он аст, ки ӯ бояд на танҳо ҷисм, балки руҳи беморро низ табобат кунад. Аксар бемориҳои дил аз стресс, тарсу ҳаяҷон ва фишори руҳӣ сар мезананд. Бинобар ин, номбурда ҳамчун кардиологи ҳақиқӣ, аввал бо лутфи латиф, чеҳраи хандон ва дилбардорӣ тарси беморро дур сохта, ба ташхису табобат оғоз мекунад. Рисолати табибони амрози дил ҳам аз ташхиси дақиқ, яъне дарёфти сабаби аслии дард ва омилҳои ноҷурии кори дил, шурӯъ мегардад. Сипас, тамоми ҷаҳду талош баҳри наҷоти бетаъхир тавассути пешгирии сактаи қалб ва барқарор кардани набзи ҳаёт равона хоҳад гашт. Эҳёи эътимод марҳилаи ниҳоии ин раванд ба ҳисоб рафта, дар ин замина, бемор шифо меёбад.

Кори рӯзмарраи Музаффар Раҷаб­зода ҳар субҳи барвақт аз аёдати ҳар як бемори бистаришуда оғоз меёбад. Ин анъанаи нек солҳои зиёд дар муассисаи онҳо роиҷ аст. Муассисаи мазкур аз рӯи таъинот сармуассисаи махсусгардонидашудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буда, кормандони он масъули пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳои дилу шарён, расонидани кумаки ташкиливу дас­турӣ ба марказҳои кардиологии вилоятӣ, шуъбаҳои бемориҳои дилу шарён дар шаҳру ноҳияҳо, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои соҳа ва омода сохтани табибони амрози дил мебошанд. Марказ аз дармонгоҳи машваративу бистаринамоӣ, озмоишгоҳи клиникию ташхисӣ, шуъбаҳои офият, рентген – ангиография, ташхис, наҷот, сактаи дил, бемориҳои музмини ишемиявии дил, фишорбаландии шараёнӣ, аритмия ва нуқсонҳои дил таркиб ёфтааст. Айни замон дар он 254 нафар фаъолият доранд.

Табибони марказ бо роҳбарии Музаффар Раҷабзода иқтидори худро холисона барои шифои оҷил ва комили беморон сарф карда, онҳоро ба зиндагӣ дилгарм месозанд. Завқи баланди зебоипарастӣ, покизагӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносии роҳбарият ва кормандони муассиса аз лаҳзаи аввали ба бинои марказ ворид гардидан мушоҳида мешавад.

Барои Музаффар Раҷабзода ҳар тапиши дил паёмест, ҳар як бемор сарнавиштест ва шифоёбии ҳар як мариз пирӯзии навбатӣ маҳсуб мешавад. Ин пизишки масеҳонафас бо дониши комил, таҷрибаи ғанӣ ва эҳсоси баланди масъулият миёни беморӣ ва умед пул эъмор менамояд. Хоса, дар марҳилае, ки қалби бемор аз ранҷ фишурда шудааст, маҳз маҳорату муошират қодир аст эътимодро эҳё намояд. Ӯ хуб дарк мекунад, ки пешрафти илми тиб танҳо дар сурате арзиш пайдо мекунад, ки аз самараи он инсон баҳра бардорад. Аз ин рӯ, фаъолияти илмии ӯ бо амалия ҳамгиро буда, ҳарду ба самти як ҳадафи воло - ҳифзи саломатии инсон равона гардидаанд.

Мавсуф муҳаққиқест, ки барои пешрафти илми тиб заҳмат мекашад ва муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ мебошад. Дар озмоишгоҳ, китобхона, толори конфронс ва саҳифаҳои маҷаллаҳои илмӣ низ ҳамон масъулиятеро эҳсос мекунад, ки назди бистари бемор дорад. Ҳар пажуҳиш ва ҳар натиҷаи илмӣ барои ӯ қадаме ба сӯи беҳтар шудани сифати ташхис, муолиҷа ва пешгирии бемориҳои дил мебошад.

- Табиби амрози дил будан танҳо касб нест, балки масъулияти бузургест дар назди инсоният. Қалб кафолати зиндагӣ, ошёни меҳр ва умед аст ва ҳар таппиши он аз муттасил будани умри инсон дарак медиҳад. Аз ин лиҳоз, табиби амрози дил рисолати ниҳоят ҷиддӣ дорад. Садоқат ба пеша, поквиҷдонӣ, накукорӣ, фарҳанги баланди муошират, эҳсоси масъулият аз меъёрҳое мебошанд, ки обрӯи табибро бамаротиб боло мебаранд, - мегӯяд номбурда.

Рӯзҳо мегузаранд, наслҳо иваз мешаванд, доруву таҷҳизот ва усулҳои табобат такмил меёбанд, аммо номи нек, мақому манзалат ва одамияти табибоне амсоли Музаффар Раҷабзода, тағйирнопазир ва намунаи ибрат боқӣ хоҳад монд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «дилро ба дил роҳест».

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»

Надонистани таърихи диёр гуноҳ аст
Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Боре тасодуф шоҳиди суҳбати ҷавонон шудам. Онҳо сари вожаҳо баҳс доштанд ва ба якдигар гапи худро гузарондан мехостанд.

- Ҳойит аз забони қирғизӣ ба забони мо омадааст, - мегуфт ҷавони паҳлавонҷуссае. - Падарам мегӯяд, ки қарнҳои пешин дар ин диёр қирғизҳо мезистанд ва онҳо макони зисти худро чунин ном гузоштаанд.

Дигар ҳарфе ба гӯшам намедарояд, аз хулосаи ҷавон табъам хира мешавад ва бидуни хоҳиш ба суҳбати онҳо ҳамроҳ мегардам.

- Бачаҳои ҷон, аз рӯзе, ки инсон ба рӯи замин қадам гузоштааст, дар кӯҳистони Рашт тоҷикон умр ба сар мебаранд, - ба онҳо нигариста мегӯям ман. - Ин ном ба ҳеҷ миллати дигар тааллуқ надорад.

- Мо ба гапи шумо бовар намекунем, амак, - мегӯяд ҷавон. - Падарам ин суханҳоро аз падараш шунидааст.

- Падарат гуфта бошад ҳам, ғалат шунидааст, - бо овози паст посух мегӯям ба вай. - Ин сарзамин моли касе набуд. Хокдони тоҷик буду ҳамин хел мемонад. Яке аз донишмандони ҳойитӣ Авроди Шарифхӯҷа - фарзанди Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ дар бораи номи Ҳойит дар мақолааш навиштааст: «Ҳойит то вақтҳои охир ба ҳар маъно ифода меёфт ва ҳар кас ба қадри тавоноии хеш аз ин калима маънӣ дармеёфт. Масалан, дар «Ясно», ки яке аз қисматҳои «Авасто» ба ҳисоб меравад, ин калима чунин аст. Маҷмуи асосии он сурудҳои мазҳабию динӣ буда, аз 72 фасл иборат аст ва фаслҳоро дар он ҳойитӣ меноманд. Маънои ин бандест, ки зардуштиён дар миён чун нишони хоси фарқкунанда се бор мепечонанд ва ин банд аз 72 нахли пашм бофта мешуд. Умуман, фарҳангшиносон ва луғатдонони қадим ва ҷадид вожаи «ҳойит»-ро ба маънои «ҳота» фаҳмондаанд. Лек ин маънои зоҳирии калимаи ҳойит аст. Маънои маънавии он ё худ маънои авастоии он намозгоҳ аст. Яъне, ҳойит аз ду вожаи «Авасто»: «ҳо» ба маънои дуо ва «йит» маънои гоҳ ва макон».

- Узр, амак, - дастамро дошта бо меҳрубонӣ мегӯяд ҷавон. - Афсӯс, ки мо чунин маълумотро то имрӯз нашунидаем.

Ман ҳам пайи кори худ раҳсипор мешавам....

Дилам дард мекашад. Аз он хафа мешавам, ки ҷавонон одитарин чизро аз таърихи деҳу диёрашон намедонанд. Дар сурате, ки маънии номи деҳаи худро намедонанд, куҷо хабар аз рӯзгори гузаштаҳои номдори миллати хеш доранд? На аз корномаи Сафедҷомагон хабар доранду на аз қаҳрамониҳои Шерак. На ҷасорати Восеъ ва на аз фидокориҳои Усмон. Намедонанд, ки ба хотири ҳифзи мардум дар ҳар гӯшаи кишвари тоҷикон даҳҳо қалъаҳои бузургу устувор сохта буданд. Намедонанд, ки модари тоҷик фарзандонеро ба дунё овардааст, ки барои башарият хизматҳои арзанда кардаанд. Аз он бештар дард мекашам, ки таърихи як гӯшаи зебои Тоҷикистони азиз ҳанӯз пурра дастраси мардум нест. Сарзамине, ки ҳамеша тоҷикон сукунат доштанду доранд. Тоҷиконе, ки аз Самарқанду Бухоро, Кӯлобу Вахё, Риштону Намангон ва дигар мавзеъҳо омада, ба тоҷикони маҳаллӣ пайвастаанд. Намедонанд, ки замоне дар миёни кӯҳпораҳо қалъа­ҳои бузургу мустаҳкам низ будаанд...

Ёдам меояд суханҳои ҳушдордиҳандаву пур аз андарзи Пешвои маҳбуби миллат: «Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем».

Дар ноҳияи Рашт бо номҳои Нимич, Ялдамич, Шингилич ва Ярхич деҳаҳо мавҷуд аст. Замони шуравӣ ба ҳар маънӣ мефаҳмиданду мегуфтанд маонии вожаҳоро. Ин вожаҳоро моли миллати дигар мехонданд. Танҳо даврони соҳибистиқлолии мамлакат маълум шуд, ки маънии ин деҳаҳо ибодатгоҳ будааст. Ҳатто пирони деҳаи Ялдамич даврони наврасии мо бо ифтихор мегуфтанд, ки маънии номи деҳаашон макони муқаддас аст. Ниёгони мо пеш аз паҳн гардидани дини ислом дар замони хеш дар мавзеъҳои муносиб ибодатгоҳҳо бунёд карда будаанд ва дар асоси таълимоти мазҳабии худ рӯзҳои муайян аз дуру наздик он ҷо ҷамъ омада, ибодат мекарданд. Шояд қарнҳои пеш аз милод бошад. Ва батадриҷ атрофи ибодатгоҳҳо мардум хона бунёд кардаву сокин шуданд.

Сарзамине, ки имрӯз бо номи Рашт маъруф аст, дар замонҳои қадим бо ҳамин ном шуҳрат доштааст, аммо баъди асри XIV бо номи Қаротегин ёд мешавад. Чунон ки аз гуфтаи муаррихони пешин ёд мешавад, дар асрҳои II ва I пеш аз мелод аз ин мавзеи тоҷикнишин Паретакен ном мебурданд (Муҳтарам Ҳотам). Маълум мешавад, ки баъдҳо номи Паретакен вайрон гардида, ба Қаротегин табдил ёфтааст.

Дар баробари ин, олими маъруфи забоншинос Шамсулло Исмоилов калимаи қаротегин ё қартегинро аз вожаи «каратегин» медонанд ва маънои онро қаторкӯҳҳои баланд гуфтаанд. То соли 1930 сокинони маҳаллӣ диёри худро Қартеғин ном мебурданд ва ин гӯиш то имрӯз дар шеваи сокинони водии Камаров зинда аст. Пирони дараи ­Камаров, ки аксар таҳсилкарда буданд, маънои вожаи «қартегин»-ро аз қаря ва тегин медонис­танд, яъне, маҳаллаи ҷавонмардон.

Олими рус В. В. Григорев, ки оид ба қавмҳои бостонии эронӣ таҳқиқоти назаррасеро анҷом додааст, ҳанӯз дар қарни Х1Х дар чандин мақолаи худ менависад, ки дар замони юриши мақдуниён ба Осиёи Миёна дар Қаротегину Олой қабилаҳои ориёӣ - сакоиҳо зиндагӣ мекарданд, ки яке аз аҷдодони бевоситаи тоҷикон ба шумор мераванд. Агар ба тадқиқоти ин олими варзида такя намоем, бешубҳа, замоне аҷдодони мо то Олой соҳиби ин хоку об будаанд.

Бостоншиносон ҳанӯз даврони шуравӣ муайян карданд, ки дар мавзеи Лахши ноҳияи Лахш шаҳр ва қалъаи қадимае будааст. Пеш аз пайдоиши ислом одамон зиндагонӣ доштанд. Ба ин тангаҳои сикказадашуда, олоти корӣ ва асбобу анҷомҳои дарёфтшудаи рӯзгор гувоҳӣ медиҳанд.

Қариб дар рӯи ҳамаи ашёҳои ёфтшуда дар қатори дигар нақшунигорҳо, асосан, чор гул сабт гардидааст. Бинобар ин, бостоншиносон ин мавзеи қадимаро шаҳри Чоргул ном ниҳодаанд. Шаҳри Чоргул дар қисмати шарқии Дашти Лахш воқеъ гардидааст, ки аз тарафи шарқ онро теппакӯҳи хеле баланд иҳота намудааст.

Ҷустуҷӯҳои археологӣ дар чуқурии беш аз 1,5 - 2 метр гузаронида шудаанд. Қабати хоку санги тозакардашуда аз он шаҳодат додаанд, ки шаҳри мазкур дар натиҷаи аз кӯҳ лағшидани хоку лойи зиёд хароб гардидааст.

Дар сағонаҳо фавтидагон бо аслиҳа ва дигар ашёҳо якҷоя гӯронида, ҳангоми дафн расму оини дини ислом риоя нагардидааст. Аз ин рӯ, олимон ба хулосае омадаанд, ки ин шаҳри харобгардида дар давраҳои то пайдоиши ислом арзи вуҷуд дошта, баъдтар хароб гардидааст. Ҳамчунин, қисме аз навиштаҳои болои ашёҳо гувоҳи он аст, ки ин шаҳр яке аз марказҳои қабилаҳои ориёӣ - кумедҳо - аҷдодони пеш аз исломи тоҷикон мебошанд.

Таърихшиноси машҳури тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубов дар бораи ин мавзеъ менависад: «Мо дар водии Сурхоб - аз Нуробод то Ҷиргатол зиёда аз 50 ёдгории давраҳои гуногунро кашф намудаем, ки аҳамияти таърихӣ доранд. Кофтуковҳои мо дар Лахш саҳифаҳои нави таърихиро кушоданд. Дар совхозҳои Лахш се намуд гӯрхонаҳои қадимиро ёфтем. Гӯрхонаҳо ба давраи сакоиҳо - кумедҳо (асрҳои IV-III пеш аз милод) тааллуқ дошта, гуфтаҳои Птоломейро дар он бора, ки аҳолии водии Сурхобро кумедҳо ташкил мекунанд, тасдиқ мекунад...

Мо дар харобаҳои Чоргул ковиш гузаронидем. Таҳқиқот нишон дод, ки бисёр биноҳои шаҳр аз хишти пухта сохта шуда буданд. Шаҳр то задухӯрдҳои асри XVI яке аз марказҳои маданияту савдо ба шумор мерафт».

Соли 1946 дар назди деҳаи Ҳисораки Ҳойит хазинаи ашёҳои симин ва заррин ёфт шуд. Овозаи ин бозёфтҳои қиматбаҳо ба Раиси ҳамонвақтаи Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Мунаввар Шогадоев расонида шуд. Бо ташаббуси Шогадоев ҳайкалчаи тиллогине ба назди Б. Ғафуров бурда мешавад. Ҳайкалча ин симои олиҳаи оташ – Аша мебошад. Вай дар дасташ миҷморӣ дорад, ки ба ҷои забонаи оташ санги сурхи ёқут гузоштааст. Олиҳаро тоҷи ба ҷавоҳирот оро медод. Сарулибоси олиҳа ба замони Кӯшониён - асрҳои II - I пеш аз милод рост меояд. Ин олиҳа дар маъбади оташ меҳробро оро медод.

Муаллифи китоби «Таърихи ҳумоюн» Содиқхоҷаи Гулшанӣ баъди сафари хеш ба водии Рашт охирҳои асри XIX дар бораи ин диёр чунин навиштааст: «Ин иёлат касир-ун-нуфустарин иёлати кӯҳистон аст. Дорои 18 қалъа аст».

Ба андешаи ин ҷониб, вақти он расидааст, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ин бозёфтҳои таърихӣ хубтару беҳтар омӯхта шаванд. Агар имкон бошад, баъзе қалъаҳоро то андозае барои тамошои сайёҳон дубора бунёду таъмир намоянд. Ҳамчунин, омӯзгорони фанни таърих дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар баробари таърихи дигар манотиқи Тоҷикистон ба зодагони Раштонзамин оид ба гузаштаи ин диёр маълумоти бештар диҳанд, то ин ки ҷавонони раштӣ дар оянда раҳгум назананд ва ба ҳарфи ҳар раҳгузар бовар накунанду мероси ниёгонро ба бегонагон мутааллиқ надонанд.

Диловари МИРЗО,

собиқадори «Садои мардум»

Агар давлати пешрафта ва меҳани обод хоҳем,...
Даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба соҳаи маориф диққати ҷиддӣ дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ин нуктаро ба ёд меоранд ва ҳушдор медиҳанд, ки маҳз пешрафти соҳаи маориф метавонад дар рушду нумӯи соҳаҳои хоҷагии мамлакат саҳми чашмгир гузорад. Дар Паёми навбатии хеш бори дигар муҳимии ин масъаларо ба сокинони мамлакат хотиррасон намуданд:

«Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».

Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб шудан соҳаи маорифро дастгирӣ менамоянд ва барои баланд бардош­тани мақоми омӯзгору фароҳам овардани шароит барои хонандагон тамоми чораву тадбирҳоро меандешанд.

Зеро маҳз, ояндаи мамлакат ва пешрафту дастовардҳо ба таълиму тарбияи насли наврас робитаи зич дорад. Ҷавонони донишманду боистеъдод метавонанд дар мустаҳкам намудани сутунҳои давлати навини тоҷикон саҳм гузоранд. Беҳуда нест, ки бузургони миллат дар асрҳои пешин ба дониш баҳои баланд дода, онро чароғи равшану муҳофизи бадан, яъне, ҷавшан номидаанд. Ҷавонони бесаводу мактабнадида ба пайроҳаи гумроҳӣ қадам мегузоранд ва зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои табаҳкор гирифтор мешаванд, боиси ноустувориҳо дар ҷомеа мегарданд. Имрӯзҳо ба фоҷиаҳои олам агар назар афканем, ба дурустии ин андешаҳо сарфаҳм хоҳем рафт. Пешвои муаззами миллат ин нуктаро низ дар Паём хеле рӯшан баён намудаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».

Гуфтем, ки даврони соҳиб­истиқлолӣ ба хотири пешрафти соҳаи маориф тадбирҳои саривақтӣ андешиданд ва назорат ба хотири таълиму тарбияи насли наврас идома дорад. Ҳазорҳо бинои харобгардидаи соҳа дар мамлакат аз нав таъмиру тармим гардид. Ҳазорҳо биноҳои таълимӣ бунёд шуд.

Имрӯз агар ба ҳукми тамошо ба навоҳии Рашт равед ва ба кадом деҳае ворид гардед, пеш аз ҳама, ба чашматон бинои муҳташами муассисаи таълимӣ меафтад. Муассисае, ки бо тамоми таҷҳизоти ҷавобгӯи замон муҷаҳҳаз мебошад.

Ҳатто даврони ҳокимияти шуравӣ танҳо дар ноҳияи Рашт 16 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ дар хона-вагонҳо ҷойгир буд. Беш аз 70 муассиса дар ҳолати садамавӣ аз рӯи зарурат фаъолият мекард. Дар аксар муассисаҳо омӯзгорон аз фанҳои асосӣ намерасиданд. Иҷборан аз дигар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ҷавонони бетаҷриба, ки нав аз паси мизи донишҷӯӣ раҳо мешуданд, бо роҳхати Вазорати маориф ба навоҳии дурдаст, аз ҷумла ноҳияи Рашт, фиристода мешуданд. Онҳо вазифадор буданд, ки се сол дар ин ноҳия ифои вазифа намоянд. Тӯли се соли кор онҳо танҳо ба таҷрибаомӯзӣ машғул мешуданд. Яъне, назарияи омӯхтаашонро дар амал татбиқ мекарданд. Аз устодони соҳа таҷриба меандӯхтанд. Чун ба номи омӯзгор сазовор мешуданд, муҳлати фаъолияташон анҷом меёфт ва онҳо ба зодгоҳи хеш мерафтанду ба ҷои эшон боз ҷавонони бетаҷриба меомаданд.

Ғамхории дигари Пешвои маҳбуби миллат дар навоҳии Раштон он аст, ки ба хотири таъмини муассисаҳои таълимии ин минтақа дар ноҳияи Рашт Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистонро таъсис доданд. Таъсиси донишкадаи мазкур имконият дод духтароне, ки орзуи таҳсил доштанд, ба риштаҳои гуногуни он ҳуҷҷат супоранд. Имрӯз бесабаб сафи занону духтарони соҳибтаҳсилот дар навоҳии Рашт наафзудааст. На танҳо дар муассисаҳои таълимӣ, балки дар соҳаҳои гуногун ифои вазифа мекунанд ва қатори мардон дар рушду нумӯи мамлакат саҳмгузор мебошанд.

Дар даврҳои ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҳазорон нафар хонандагони муассисаҳо ширкат варзида, тибқи номинатсияҳо даҳҳо нафар ба даврҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.

Аз мисолҳои боло маълум мегардад, ки шароит барои таълиму тарбия сол то сол боз ҳам хубтар мешавад. Дигар масъулияти таълиму тарбия ба зиммаи волидайн ва омӯзгор аст, ки бояд дар ҷавоби ғамхориҳои пайваста мувофиқ бошад. Агар дар ҳақиқат мо ватандӯсту худшинос бошем ва пойдории давлати худро ҷонибдорӣ кунем, суханҳои пурандарзу пурҳикмати Пешвои маҳбуби миллатро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем ва дар ин ҷода якҷоя саҳм гузорем.

Диловари МИРЗО,

собиқадори «Садои мардум»

Ҷашни ифтихору сарфарозӣ
Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон Ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихору сарфарозӣ истиқбол мегиранд. Истиқлолият барои ҳар як миллату давлат муқаддастарин арзиш ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолият ба миллат имконият медиҳад, ки роҳи мустақили давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ интихоб намояд.

9 сентябри соли 1991 дар таърихи давлатдории навини тоҷикон ҳамчун санаи сарнавиштсоз бо ҳарфҳои заррин сабт аст, зеро дар ин рӯз мардуми тоҷик ба марҳилаи нави таърихӣ ворид шуд.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои давлату миллати мо давраи ниҳоят мураккаб ва пуртазод буданд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба иқтисоди кишвар, сохтори давлатӣ ва ҳаёти мардум зарари ҷиддӣ расонд. Дар чунин шароити душвор масъа­лаи асосӣ ҳифзи давлат, таъмини сулҳу субот ва нигоҳ доштани ягонагии миллат буд.

Бо шарофати талошҳои пайгиронаи роҳбарияти давлат ва, пеш аз ҳама, сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист марҳилаи душвори таърихиро паси сар намуда, ба роҳи сулҳу ваҳдат ва созандагӣ қадам гузорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати 25-солагии Истиқлоли давлатӣ таъкид намудаанд: «Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолори тоҷик буда, барои бунёди давлатдории навин заминаи боэътимод фароҳам овардааст». Ин андеша моҳияти воқеии истиқлолиятро барои ҷомеаи Тоҷикистон ифода мекунад, зеро дар даврони истиқлолият асосҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, сохторҳои давлатӣ такмил дода шуданд, низоми ҳуқуқӣ ташаккул ёфт ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар арсаи байналмилалӣ мавқеи худро пайдо кард.

Дар ҷойи дигар Пешвои миллат таъкид мекунанд: «Истиқлолияти давлатӣ барои мо - тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем». Ин суханон моро водор месозанд, ки Истиқлолиятро танҳо ҳамчун санаи таърихӣ не, балки ҳамчун масъулияти бузурги шаҳрвандӣ дар назди Ватан, миллат ва наслҳои оянда дарк намоем.

Дар тӯли 35 соли Истиқлолият Тоҷикис­тон роҳи пуршарафи давлатсозиро тай намуд. Дар ин давра пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфтанд, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва заминаҳои ҳуқуқии давлатдории муосир ташаккул ёфтанд, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ҳамчун муқаддасоти давлатӣ мақоми хос пайдо карданд, иқтисоди миллӣ рушд намуда, соҳаҳои иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ густариш ёфтанд, роҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ бунёд гардиданд, мавқеи Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ таҳким ёфт.

Пешвои миллат дар паёми шодбошӣ ба муносибати 32-солагии Истиқлолият таъкид намудаанд, ки «Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил» мебошад. Ин таъкид моро ба як ҳақиқати муҳим мерасонад: соҳибистиқлол будан ҳам ҳуқуқ аст ва ҳам масъулият.

Имрӯз масъулияти ҳифзу таҳкими даст­овардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама, ба дӯши насли ҷавон гузошта мешавад. Ҷавонон бояд бо дониш, маърифат, касбият, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва муносибати масъулиятнок дар рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд. Мо бояд дарк намоем, ки Ватан танҳо бо сухан обод намешавад. Ҳар як корманд, ҳар як шаҳрванд бо меҳнати ҳалол, риояи қонун, масъулияти касбӣ ва муносибати созанда метавонад дар пешрафти кишвар саҳм гузорад.

Истиқлоли давлатӣ ба мо имкониятҳои бузург додааст, аммо ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Дар ин замина, Пешвои миллат таъкид намудаанд, ки зарур аст ба қадри соҳиб­истиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат талош намоем.

35 соли Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик давраи муҳим ва таърихии давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Истиқлолият барои мо на танҳо як ҷашн, балки рамзи озодӣ, соҳиб­ихтиёрӣ, давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Биёед, ин неъмати бузургро қадр намоем, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳифз кунем ва бо меҳнати созанда барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми бештар гузорем. Тавре Пешвои миллат дар суханронии худ ба муносибати 25-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ифтихор таъкид намудаанд: «Халқи азизам! Ман ба қудрати созанда ва нангу номуси ҳар як фарди ту бовар дорам!».

Ҷовид ФАЙЗМАМАДОВ,

мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои ҶСП «ДУШАНБЕ СИТИ БОНК»,

муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶСП «ДУШАНБЕ СИТИ БОНК»

НОБИҒАЕ АЗ ТАБОРИ ОРИЁН
Ибни Сино парчамбардори бедории афкори миллӣ ва бунёдгузори пойдевори илми ҳазорсолаи мост.

Эмомалӣ РАҲМОН

Ҳикмате аз бузургон ёдгор аст, ки аз марзи барӯманд ҳосили наку бихезад ва ниҳоли шаҳдрез бирӯяд. Сарзамини Хуросони Бузург, ки покмарзе зи Ориёни бостон аст, модари ҳазор­шаҳрҳои Балху Ҳарӣ, Марву Сор, Хоразму Бухоро, Саразму Самарқанд, Тахти сангину Хутали куҳан ва даҳҳои дигаре буда, ки абармардони бузурги сиёсат, ҳикмату адаб, фарҳангу ҳунарро ба дунё овардаву онон равшангарони беназири роҳи инсоният гардидаанд. Яке аз ин покмарзи беназир хоки Балх аст, ки зодгоҳи Зардушти Сипидамон, хонадони Бармакиён, нажоди Сомониёни бузург ва дар ин радиф решапайванди нобиғаи илму ирфон, Муаллими сонӣ Абуалӣ ибни Синои тоҷик аст.

Таърих гувоҳи ҳол аст ва хирадмандони олам ҳанӯз дар даврони эҳёи Аврупо, асрҳои XIV-XVI, пури Синоро бо осори тиббию фалсафӣ, риёзию ҳандасияш шинохтаю чун Авитсенна дар радифи бузургтарин нобиғагони олами илму хирад гузош­таанд. Бузургтарин донишманд ва маърифатгарою инсонпарвари даврони эҳё Данте Алигерии итолиёвӣ (1265-1321), муаллифи бузургтарин асари сатҳи ҷаҳонӣ «Мазҳакаи илоҳӣ» бузургони олами илму ирфони ҷаҳонро чун ситорагони тобон барчида, «устоди доноён» Арас­туро дар марказ ва Суқрот, Афлотун, Толис, Ҳироқлидис, Зенун, Уқлидус, Балтимус, Буқрот, Ҷолинус, Абуалӣ ибни Сино «устоди доноёни Шарқ», ибни Рушдро дар гирди ӯ ҷой дода, ки беҳтарин эътироф аст.

Бузургмарде чун Абурайҳони Берунӣ дар бисёре аз асарҳояш ному кору пайкори бузургони илму адабро бо эҳтирому ихлос зикр намуда, бахусус, номи Абуалӣ ибни Синоро дар китоби «Осор-ул-боқия» бо камоли адабу ифтихор дарҷ намудааст. Ӯ дар ин асар ҳангоми шарҳу тафсири ҳарорат дар шуои офтоб ва чунин хосиятро надоштани равшании моҳ хулосаи хешро баён сохта, доир ба ҳаракати ҷисмҳои фалакӣ ва барнагардандагии вақту макони аслӣ - фазо баҳс ороста, ишораи хуби илмию таърихӣ намудааст: «Ва ман ин масоилро дар ҷойи дигаре, ки аз ин китоб муносибтар аст, зикр кардаам, бахусус дар суҳбате, ки миёни ману ҷавони фозил Абуалӣ Ҳусайн бинни Абдуллои Сино дар чунин матлаб рӯй додааст».

Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола» зикри хос аз қудрати фитрии пури Сино намуда нигоштааст: «...Ва хоҷа Абуалӣ андар ин ҳолат вазир буд ва шоҳаншоҳ Алоуддавла Муҳаммад ибни Душманзиёр бар вай иқболе (боварӣ) дошт. Ва ҷумлаи мулк дар дасти ӯ ниҳода буд ва кулли шуғл ба рою тадбири ӯ бозгузошта. Ва алҳақ, баъди Искандар, ки Аристатолис вазири ӯ буд, ҳеҷ подшоҳе чун Абуалӣ вазир надошта буд».

Дар ин даврони мусоид ва зери сарпарастии шоҳи ориёӣ, пури Сино осори ҷовидонаи хеш «Шифо» ва «Донишнома»-ро барои Алоуддавла навиштааст. Китоби фалсафии «Донишнома»-ро бо забони модариаш - тоҷикӣ эҷод намуда, беҳтарин вожаҳои илмиро бо забони соф тоҷикӣ вориди илми фалсафа, мантиқ, табииёт ва тиб гардонидааст.

Фирдавсӣ бо «Шоҳнома» чун эҳёгари фарҳангу тамаддуни ориёӣ, бо назм забони тоҷикиро аз махлутшавӣ бо забони арабӣ поккорӣ намуда бошад, ин рисолатро дар илмҳои бунёдӣ, дақиқ ва табиию риёзӣ пури Сино дар «Донишнома» сомон додааст. Ин як далели қатъии ориёӣ ва аз нажоди озодагони тоҷик будани ӯст.

Аз сабаби он ки арабӣ дар замони хилофати араб, бахусус хилофати Аббосиён, мақоми забони расмии муносибатҳои давлатӣ, илмӣ, дину шариат эътироф шуда буд, аллома Сино аз 456 асар ҳиссаи зиёдашро бо арабӣ эҷод намудааст. Ҳатто тибқи шаҳодати шогирдонаш луғатномаи бузурге дар ҳаҷми бисту як ҷилд бо номи «Лисон-ул-араб» («Забони араб») таҳия намудааст. Дареғо, аз ин миқдор осори илмӣ аз дасти душманону ҳасудон ва ифротиёну риё­корон, илмситезони ҷоҳил танҳо 240 асари ин нобиғаи таърихи башарият боқӣ мондааст, ки зиёда аз 23-тои онҳо бо забони модарияш - тоҷикист.

Сино дар таърихи илми ҷаҳонӣ поягузор ва аввалин гӯяндаи рубоӣ ва фардбайтҳои фалсафист, ки, тибқи шаҳодати шогираш Абуубайдуллоҳи Гургонӣ, назму мусиқиро барои фароғат аз кори илмӣ ба сомон меовардааст. Ин рисолатро, сипас, дигар бузургони фарҳангу адаби тоҷик, бахусус ҳаким Умари Хайём идома дода, ба авҷи хеш расонидааст.

Дар даврони шукӯҳи давлати миллии тоҷикон шоҳзодагони Сомонӣ, бахусус Исмоили Сомонӣ, барои бедории афкори миллӣ ва эҳёи арзишҳои тоисломӣ заминаҳои мусоиди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва адабиро барои равшанфикрон фароҳам сох­танд. Ин анъанаи наку то даврони Нуҳ ибни Мансури Сомонӣ идома ёфт. Баъди табаддулоти ҳарбии Қарахониёну Ғазнавиён майдони хурофоту таассуби динӣ васеъ гашт ва ҳамаи бедорони миллатро ба куфру гуноҳ, чун қарматию рофизӣ, исмоилию алавӣ ё алипараст ба марг маҳкум намуданд. Ин мусибату туҳмат дар радифи Рӯдакию Фирдавсӣ, Дақиқию Носири Хусрав ба сари Берунию Сино низ омад ва Сино Бухорои азизашро тарк намуд. Бо бародараш аз таъқиби душманон гурехта, аввал ба Хоразм, сипас ба шаҳрҳои Нисо, Абевард, Тӯс, Нишопур, Деҳистон, Рай, Қазвин, Ҳамадон, Исфаҳон, Гургон рафт. Яке аз шогирони вафодори ӯ Абуубайдуллои Гургонӣ, ки зиёда аз 25 сол ҳамроҳи Сино буд ва дар ҷамъоварии осори устодаш хидмати беандоза намудааст, ҷасорату мардонагӣ ва миллатдӯстдории устодашро зикр намуда менависад, ки ӯ хостори расидан ба хизмати шоҳи ориёгавҳари Гургон Қобус ибни Вушмагири илмдӯсту олимпарвар (976-1012) буд. Вале, афсӯс, ки пеш аз расидани Сино ин шоҳ бо дасисаи хурофотиёни ҷоҳил ва дасти писари ношудаш аз тахт барканору дар зиндон кушта гардид. Лек, руҳи шикастнопазири ин олими ҳамадон аз таъқибу зиндон, бенавоию оворагӣ ҳеҷ шикаста нагардидаву то охирин нафас пайи омӯзиш, табобат ва эҷоди асарҳо буд.

Феҳристи асарҳои ӯ худ як донишнома ва доиратулмаорифи бузургест, ки барои эҷоди чунин асарҳои беназир чанд донишгоҳу академияҳои тадқиқотии соҳавиро мебояд, ки солҳо кор кунанд. Ин ганҷҳои шойгон «Китоб-уш-шифо», «Ал-қонун», «Ал-маҷмуъ», «Наҷот», «Донишномаи Алоӣ», «Мантиқи форсӣ», «Ҳалли мушкилот-ул маъния», «Пирӯзнома», «Ҳай бинни Яқзон», «Китоби инсоф» ва садҳо дурри бебаҳо, ки равшангарони роҳи имрӯзу фардои инсоният ҳастанд, дар заминаи холӣ пайдо нашудаанд.

Пайки шодиву тараб табли бедорист, ки тобистони соли 2025-ум 1045-солагии нобиғаи давру замонҳо, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар ҷаҳон ҷашн гирифта шуд ва Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр дар Душанбеи азизи сабздоман ин санаро бо аҳли хираду дониш, пажуҳандагони осору афкори ин абармарди таърих, ки дасти мадади ӯ асрҳост дардҳои мардумонро шифо, мушкилоташонро осон месозад, пазироӣ намуд. Эй хушо, озодиву истиқлоли Ватан, ки тоҷик дар сари минбарҳои баланд озодона ниёгони арҷманди хешро, фарзонафарзандони оламшумулашро соҳибӣ ва бо ифтихору шодмонӣ хотироти ононро гиромӣ медорад.

Аминҷон ЗАРИФӢ,

Омӯзгори Коллеҷи политехникии ноҳияи Зафаробод,

Аҳрор НОДИРЗОДА,

омӯзгори Донишкадаи тиббӣ- иҷтимоии Тоҷикистон

«Шоҳнома» соҳиби шоҳҷоизаи байналмилалӣ шуд
Чанде пеш дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, ки дар он «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ сазовори шоҳҷоиза гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд, инчунин, дар номинатсияи «Санъати ороиш»-и ин озмун китоби «Олами гулдӯзии тоҷик» мақоми аввалро касб кардааст.

Ҳамчунин, дар номинатсияи «Муколамаи фарҳангҳо» асари Раҳмоналӣ Мирализода - «Дар ҳавои Мавлоно», дар номинатсияи «Илм ва маориф» китоби «Физикаи олам, фалсафаи ҳастӣ»-и Фарҳод Раҳимӣ ва дар номинатсияи «Китоби кӯдакон ва наврасон» маҷмуаи китобҳои бачагонаи «Сандуқи афсонаҳо» соҳиби ҷойҳои дуюм гардиданд.

Китобҳои «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ дар номинатсияи «Дар иттиҳод чоп шудааст», «Достони Душанбе»-и Давлат Сафар дар номинатсияи «Кишвари ман» ва «Мулки меҳру мулки шеъру мулки сеҳр»-и Низом Қосим дар номинатсияи «Иттиҳод» сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.

Китоби «Раҳбари дилҳо»-и Суруши Оина бо дипломи махсуси озмун қадрдонӣ шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, ба Озмуни XХIII байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 6 давлат беш аз 70 китоб пешниҳод гардида буд, ки беҳтарин намунаҳои китобҳои дар солҳои 2025-2026 чопшуда мебошанд.

Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» яке аз минбарҳои муҳим барои муаррифӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти ноширони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» аз соли 2004 аз ҷониби Шурои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, савдои китоб, китобпаҳнкунӣ ва умури ноширӣ доир карда мешавад.

Маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил моҳи сентябри соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор мегардад.

Гулбаҳор РАҲМОНОВА,

«Садои мардум»